Дар робита ба садамаи нақлиётӣ, ки рӯзи 21-уми июн рух дод, милитсияи пойтахт ахиран парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Орзубек Ҳабибзода, майори милитсия буда, бозраси шуъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД Тоҷикистон аст. Мошини ӯ ба садама дучор гардида, дар натиҷа чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, бар зидди ин корманди БДА барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда шахс шудааст (моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), парвандаи ҷинотяӣ боз гардидааст.
Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳодисаи бархурди мошини “БМВ Х5” (111 WА 01), ки ронандаи он Орзубек Ҳабибзода буд, бо “Мерседес-Бенс” (3177 МВ 01) таҳти идораи Юсуф Забиров рӯзи 21-уми июн рух дод, ки дар натиҷа, ронанда ва 3 нафар мусофири автомашинаи “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд.
Орзубек Ҳабибзода ва мусофираш, ки аз ӯ Суҳроб Султонов ном мебаранд, ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе.
Милитсияи пойтахт сабаби бархурди ду мошинро баланд будани суръати ҳаракат, ки беш аз 100 км/соат буд ва ба самти муқобил баромадани ронандаи мошини “БМВ Х5” унвон кард.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Орзубек Ҳабибзода дар мошини таҳти идорааш рақамҳои мошини бегона, ки ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалона» (111 WА 01) ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, насб кардааст. Худи “БМВ Х5” бо рақамҳои С0496 j07 ба қайд гирифта шуда будааст.
Бояд гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати ин ниҳод дар Душанбе қариб ҳар рӯз аз садамаи нақлиётӣ дар пойтахт ва гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд. Вале кам мешавад, ки исми мақомдори БДА, ниҳоде ки бехатари ҳаракат дар роҳро танзим мекунад, ҳамчун сабабгори садама расонаӣ шавад.
Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Орзубек Ҳабибзода бо моддаи 212, қисми 5 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад ва нисбати гунаҳгор чораҳои қатъӣ дида мешавад.
Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати аз 10 то 15 соли маҳруммият аз озодӣ бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз 10 то 20 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 дар натиҷаи 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.