fbpx

“Майнаи сараш беҷо шуда, пардаҳои гӯшҳояш даридаанд”. Иддаои латукӯби ноболиғ аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз.


0
Латукӯби ноболиғ аз ҷониби облава дар ҷануби Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Farazh.tj

Ҷасади ноболиғи 13-соларо, ки се рӯз пеш ғарқ шуда буд, ёфтаанд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 13-солаи деҳаи Оҳангарон (дар канори Ҳисор), ки рӯзи 22-юми апрел дар дар Канали Калони Хисор ғарқ шуда буд, пайдо карданд.

Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Ҷасади ӯро 7 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ёфтаанд. Ба иттилои КҲФ ҷасади кӯдак ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои истироҳат дар кишвар се далели марги ноболиғон дар обанборҳо сабт шуда буд.

Наврасони 12, 13 ва 14-сола ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ғарқ шудаанд.

Ҷасади як сокини 14-солаи ҷамоати деҳоти Бӯстон дарҳол пайдо шуда, ба наздиконаш супурда шуд, як рӯз пеш навраси 13-сола пайдо шуда, ҷустуҷӯи сеюмин идома дорад.

Кумита ба волидон тавсия медиҳад, ки ба фарзандони худ дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва манъи шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда маълумот диҳанд.

“Майнаи сараш беҷо шуда, пардаҳои гӯшҳояш даридаанд”. Иддаои латукӯби ноболиғ аз ҷониби комиссари ҳарбӣ

Дар ноҳияи Панҷ як оила иддао дорад, ки комиссари ҳарбии ин ноҳия писари ноболиғашонро латукӯб кардааст. Ба гуфтаи онҳо писари 17-солаашон ҳоло дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ аст. Латукӯби ноболиғ Инагамов Сунат дар пайи  “облава”, аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, Раҳмонзода дар утоқи корияш рух додааст.

Тавре сомонаи Farazh.tj аз нақли тағои ҷабрдида Неъматулло Бобозода менависад, онҳо аз дирӯз боз дар беморхона ҳастанд.

Аз рӯи нақли манбаъ Сунати 17-сола, ки соли таваллудаш 2006 аст, пас аз дарс дар як нуқтаи шустушӯи нақлиёт мошиншӯӣ мекардааст. Бегоҳи 24-уми апрел комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, Раҳмонзода Фитрат  ӯро тариқи маҷбурӣ ба Комиссариати ҳарбӣ бурда, дар утоқи кориаш латукӯб кардааст.

“Чунон задааст, ки майнаи сараш беҷо шуда, пардаҳои гӯшҳояш даридаанд. Аз он рӯз то ҳол дар вазнинхона қарор дорад. Аз прокуратураи гарнизони вилоят баёнотҳои ҳама иштирокдоронро гирифтанд, аммо экспертизаи судӣ то ҳол шиносбозӣ карда, хулосаро надодааст. Худи комиссар то ҳол ягон маротиба аз ҳолаш хабар нагирифтааст”,- мегӯяд Бобозода Н.

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Маҳмадӣ Самиев дар тамос бо хабарнигорони Farazh.tj мавҷудияти ин беморро дар беморхона тасдиқ ё рад накардааст. Ӯ гуфтааст, бемори вазнин надоранд ва танҳо аз наздик метавонад суҳбат кунад.

Назари комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода Фитрат ба шикояти мазкур маълум нест. Аз Комиссариати ҳарбӣ дар занги телефонӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки аз қазия бехабаранд ва худи комиссар ба Душанбе рафтааст.

Иддаои аз ҷониби комиссари ҳарбӣ латукӯб шудани ноболиғ дар ноҳияи Панҷ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл навори таҳқир ва латукӯби чанд наваскар дар як қисми ҳарбӣ дар вилояти Суғд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва ҷомеаро нигарон кард.

Мақомоти прокуратура иттилоъ доданд, ки дар пайи ҳодисаи мазкур панҷ сарбоз ва Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт кардаанд.

Беш аз ҳазор нафарро бо далели қарздорӣ иҷоза надодаанд Тоҷикистонро тарк кунанд

Қариб ба 1 ҳазору 200 нафар соли гузашта иҷозат надодаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунанд. Гуфта мешавад, ин нафарон қарздор будаанд ва ба ин восита 9 млн 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзи онҳо баргардонида шуд. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Ӯ гуфтааст, дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ному насаби 9 ҳазору 343 қарздор ворид гардидааст, ки онҳо наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд.

“Тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон», бо мақсади ба низом даровардани ин падидаи номатлуб ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он дар айни замон ба ин феҳрист 7 ҳазору 151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст”, – зикр кардааст Барно Саидвализода.

Ин масъули ниҳоди давлатӣ гуфтааст, соли 2022 наздики 40 млн сомонӣ алимент ситонида шудааст, ки назар ба соли 2021 ба маблағи 18 млн 481 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

“Дар истеҳсолоти иҷрочиён дар маҷмуъ 87 ҳазору 627 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар соли 2022 дар ҳаҷми 39 989 035 сомонӣ (2021 – 21 507 842) маблағ ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18 481 193 сомонӣ зиёд мебошад”,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Саидвализода дар се моҳи соли равон дар маҷмуъ, 13 млн 351 ҳазору  774 сомонӣ  алимент ситонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми марти соли равон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода шуд, ки ба он ному насаб ва маълумоти қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.

Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон сафар хоҳад кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзҳои 3 – 4 май бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон сафар мекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президент иттилоъ додаанд.

Президенти Тоҷикистон

Тавре зикр карда мешавад, зимни ин сафар ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Остона низ баргузор шавад.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ки дар Маркази Конгреси Остона баргузор мешавад, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар ин намоиш намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҳам тоҷирони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат мекунанд.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend