Иҷораи китобҳои мактабӣ дар Тоҷикистон ғайринақдӣ мешавад

Маблағи китобҳои дарсӣ ғайринақдӣ ба суратҳисоби мактабҳо гузаронида мешаванд

Вазорати маориф барои гузаштан ба ин низом якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис додааст, қайд намуд Дилшод Сафарзода, муовини вазири маориф зимни нишасти матбуотӣ.

Дар ин баробар вазорат ҳамкориро бо 23 бонк ва ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ба роҳ мондааст, ки волидони хонандагон метавонанд тариқи замимаи ин бонкҳо маблағро ба суратҳисоби мактабҳо гузаронанд.

“Танҳо ба суратҳисоби мактабҳо ва танҳо маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ”,- таъкид кард Дилшод Сафарзода.

Шуруъ аз имрӯз дар Тоҷикистон пардохтҳои ғайринақдӣ ҳатмӣ мешавад.

Вазорати маориф эълон карда буд, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ҷамъоварии пули китобҳои дарсӣ аз 1-уми август тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Skip to toolbar