Маҳсули дасти оҳангарони Истаравшанро то Амрикову Олмону Фаронса мебаранд

Оҳангарӣ яке аз касбҳои қадимии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар миёни мардум маъруфият дорад. Ҳоло дар шаҳру навоҳии кишвар аҳён-аҳён мардон ба ин касб машғуланду аз ин пеша нон мехӯранд ва зиндагиашонро пеш мебаранд.

Имрӯз Your.tj тасмим гирифт ба хонандагонаш дар бораи рӯзгор ва вазъи зиндагии кунунии оҳангарон қисса намояд.

Бародарон Шерзод ва Қаҳрамон Муҳсиновҳо аз зумраи он нафаронеанд, ки имрӯз ба касби оҳангарӣ машғул буда, бо маблағи он зиндагиашонро пеш мебаранд. Онҳо ҳамроҳ дар коргоҳи оҳангарии «Растаи оҳангарон»-и шаҳри Истаравшан ба ин касб машғул мебошанд.

“Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз”

“Растаи оҳангарон”, соли 2000 бунёд шудааст. Он аз 13 дӯкони оҳангарӣ иборат буда, дар ҳар як дӯкон устоҳои моҳиру ҳунарманд ва чирадаст фаъолият мекунанд. Шерзод ва Қаҳрамон дар дӯкони рақами 1-уми раста фаъолият мекунанд. Муҳсинов Шерзод соли 1986 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Дар оила онҳо се писару як духтаранд ва ҳар сеи писарон – Шерзод, Қаҳрамон ва Сарвар касби оҳангариро пеша кардаанд. Оҳангариро фарзандон аз падарашон Мақсудҷон Муҳсинов омӯхтаанд, ки имрӯзҳо ӯ онҳоро роҳбаладӣ мекунад ва гоҳ-гоҳ ба коргоҳашон меояд. Шерзод аз хурдӣ ба дӯкони оҳангарии падараш меомад.

“Пас аз хатми мактаб кори падарро идома дода истодаам. Падарам гоҳ-гоҳ барои кӯмаки мо фарзандон меоянд. Инҷо бо додарам Қаҳрамон оҳангарӣ мекунем ва додари хурдиям бо падар нозукиҳои касби оҳангариро дар дӯкони дигар, ки дар шаҳр ҷойгир аст, меомӯзад. Фарзандонам ҳоло наврасанд ва замоне калон шуданд, шароит бошад таҳсилро дар мактабҳои олӣ давом медиҳанд. Агар нашуд касби оҳангариро мисли мо пеша мекунанд”. – мегӯяд, Шерзод.

Кори оҳангарон аз соати 6,5–и субҳ оғоз ёфта, то соати 18-и бегоҳ давом меёбад. Мизоҷони асосии дӯконҳои раста сокинони марказиву деҳоти шаҳри Истаравшан мебошанд. Инчунин меҳмонон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ барои хариди олотҳои меҳнатӣ ва фармоиш барои сохтани ин ё он ашё ба растаи оҳангарони шаҳри Истаравшан меоянд.

Оҳангарӣ – чиҳилу як ҳунари дигар дорад

Оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз ҳамдигар фарқ доранд. Масалан, устои калангар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қулфсоз ва амсоли инҳо. Устохонаи фарзандони оҳангар Мақсудҷон аз олотҳои кӯра, дами оҳангарӣ, саноҷи дам, сандон, кундаи чӯбӣ, новаи об, путк, гиро, анбӯр, болға, каҷанбур, қалам ё сумба, хоиск, асбоби кафшергарӣ ва чарх иборат мебошад.

“Инҷо мо назди кӯраи оташ истода, ба анбӯр оҳанро дар оташ сурх мекунем ва ҳамроҳи додарам онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медарорем. Дар натиҷаи заҳмати чанд соата олоти фармошии мизоҷ омода мешавад. Бо як даст бо анбӯр оҳани тасфонро медораму бо дасти дигар банди саночи дамро мунтазам болову поин мекашам, то ба шӯълаи ангишт бод диҳаду оташ беист забона занад”. – нақл мекунад, Шерзод ҳангоми тез кардани чанде аз асбобҳо.

Бародарон Шерзод ва Қаҳрамон маҳсулоти гуногуни рӯзгор месозанд: каланд, бел, теша, табар, искана, исканатабар, ҷоду, корд, метин, новатеша, токбур, болға, анбур; асбобҳои рӯзгор – кафгир, корд, оташгирак, зулфаки дар, мехча, олоти кишоварзӣ – дос, хаскаш, оҳан ва пешоҳани ҷуфт, гулмех ва наъл бо мехаш.

Мушкилот ва сабукиҳои касби оҳангарӣ

Оҳангарон новобаста аз фасли сол дар ҳарорати 30-40 дараҷа гармӣ аз субҳ то бегоҳ кор мекунанд. Сохтани олоти зарурӣ аз оҳани росту ҳамвор кори саҳлу осон нест.

“Кори оҳангарӣ ин аст, ки агар шавқу завқи касб дар дил набошад, наметавон фаъолият кард. Шахсе, ки аз рӯи ҳавас ба оҳангархона биёяд аз уҳдаи кори мо намебарояд. Шогирдон меомаданд, аммо аз як моҳ зиёд сабр карда наметавонистанд. Онҳо ба пойи худ меоянд, аммо душвории корро таҳаммул карда наметавонанд ва баҳонае пеш меоранду мераванд ва дигар барнамегарданд”. – мегӯяд, Шерзод.

Оҳангарон маҳсулоти хом – оҳанро аз бозори оҳани шаҳри Истаравшан дастрас мекунанд. Дар наздикии бозор ҷойгир будани дӯкон барои оҳангарон мувофиқ аст. Зеро ҳар харидори бозор гузараш ба дӯкон меафтад ва чизеро харидорӣ карда меравад. Ҳамзамон фурӯшандаҳову хизматрасонони бозор ҳамеша барои таъмири асбобе дари оҳангархонаро мекӯбанд.

Вобаста ба мавсим мардуми диёр барои дарёфти олотҳои гуногуни рӯзғор ба дӯкони оҳангарон меоянд. Аввали баҳор қисми зиёди деҳқонон барои фармоишу хариди асбобҳои кишоварзӣ бел, каланд, оҳан ва пеши оҳани ҷуфт, зоғнул ва метин меоянд. Вақте ҳаво нисбатан гарм шавад мардум ба каланд ва қайчӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Яке барои заминҳои кишти картошка ва дигаре барои ба тартиб даровадани шохҳои токҳои ангур зарур аст.

Коронавирус садди роҳи тиҷорати оҳангарон

Бародарон дар баробари сохтани олотҳои меҳнат, инчунин аз уҳдаи кордсозӣ низ ба хубӣ мебароянд. Онҳо шакли хоми кордҳоро аввал дар дӯкони худашон омода сохта баъдан, барои коркарди пурра ба дӯкони падар ва бародари хурдиашон Сарвар мебаранд.

“Онҷо мо кордҳоро пурра бо нақшу навиштаҷоташ ва даставу ғилофаш омода карда ба фурӯш мегузорем. Харидорони асосии кордҳо сайёҳон, қассобон ва чӯпонон мебошанд. Мо ҳатто барои ҷолибу назаррабо шудани кордҳо ба ҷойи дастаашон почаи оҳуро, ки аз Самарқанд меоранд, мезанем (насб мекунем-аз идора). Инчунин дилхоҳ навиштаро ба он ҳаккокӣ мекунем”. – нақл мекунад, Шерзод.

Сайёҳон зуд-зуд ба дӯкони оҳангарии бародарон меоянд. Онҳо ба асбобҳои худсохти оҳангарон мароқ пайдо карда аз раванди сохти он суолҳо медиҳанд. Сайёҳон маҳз барои дидани ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги куҳани тоҷикон ба кишвар меоянд. Аммо вазъияти ба амаломадаи ҷаҳон раванди омадурафти сайёҳонро ба Тоҷикистон маҳдуд кард.

“Дар замони боз будани сарҳадҳо фурӯши кордҳо зиёд буд, аммо ҳоло кам одамон ҳастанд, ки кордҳои дастии моро харид кунанд. Пеш аз хуруҷи коронавирус ҳар рӯз дари дӯкони оҳангаронро сайёҳони хориҷӣ мекӯбиданд. Онҳо аксарияташон аз ИМА, Олмон, Фаронса, Чин ва Куриё меоманданд. Сайёҳон корд, наъл, зоғнулча ва дос мегиранд. Мо бештар бо туристон ба воситаи тарҷумонон суҳбат мекунем. Онҳо маълумотҳои зарурияшонро мегиранд ва чизеро харид мекунанду мераванд.

Таъсири коронавирус ба ҳаёти ҳамаи мо мардум таъсир кард. Бинед, ки муҳоҷирони тоҷик барои корфармояшон аз дуконҳои мо кордро ҳамчун тӯҳфа мебурданд. Аммо имрӯз, ки роҳҳо баста аст, на ягон сайёҳ меояду на ягон муҳоҷир”. – мегӯяд ба таассуф, Муҳсинов.

Рақобат бо маҳсулоти чинӣ

Мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунанд. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда анвои зиёди ҳунарҳои дастӣ, ки аз мамлакати Чин ба бозорҳои мо ворид мешаванд, талабгори зиёд дорад, чун сифаташон ба ном хуб ва нисбатан арзон ҳастанд.

“Мо маҳсулоти хомро харидорӣ карда соатҳо асбобу олоти рӯзғор месозем, бинобар заҳмати зиёд нисбат ба моли хитоӣ нархашон гаронтар асту сифаташ пурдошт. Аммо афсус, ки мардум бинобар шароити нохуби молиявӣ маҳсулоти чиноиро харидорӣ мекунанд. Як тешаро аз сифр аз субҳ то нисфирӯзӣ ду кас месозем ва нархи он 80 сомонӣ аст. Албатта 80 сомонӣ нахри аслии олот нест, аммо маҷбур арзон мекунем, то мардум харидорӣ кунанд. Ба заҳмати мекашидаамон пули мегирифта ночиз аст. Инчунин олотҳои дост аз 7-8 сомонӣ то дости калон 60 сомонӣ, гулмех 7 сомонӣ, каланд аз 20 то 70-80 сомонӣ арзиш доранд. Асбоҳои тунуку осонсохт нархашон арзонанду асбоби ғафсу душворсохт гаронтар”, – иброз дошт, оҳангар.

Андоз, патент ва солҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ

Нигаронии оҳангарон аз он аст, ки новобаста аз эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳод, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” вазъи андоз, патент ва иҷорапулӣ тағйир наёфт. Ба гуфти эшон ҳамаи оҳангарони раста солҳои қабл ба ҶДММ “Мадади маъюбон” аъзо буданд, аммо онҳоро аз ин ташкилот маҷбурӣ бароварданд ва ба андоз аъзо карданд. Акнун имрӯз оҳангарон барои иҷора ва патенти моҳона маблағ месупоранд.

“Вақте ки соли 2018 дар Тоҷикистон қарор оид ба комилан озод намудани 104 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ ба имзо расид, мо оҳангарон низ гумон кардем дар ин гурӯҳ шомилем. Аммо вақте то вилоят муроҷиат кардем гуфтанд, ки ин қарор танҳо ба он ҳунармандоне дахл дорад, ки дар хона коргоҳ доранду ба ҳунармандӣ машғуланд, вале мо оҳангарон, ки аз хона берун фаъолият мекунем бояд андозро супорем. Инчунин ҳунармандон мувофиқи қарор аз гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ (патент) ҳам халос шуданд, ба ҷуз мо”, – мегӯяд, Шерзод.

Имрӯз оҳангарон ба ҷуз андозу патент, инчунин моҳона ҳудуди 80-100 сомонӣ пули барқро пардохт мекунанд. Орзуи оҳангарон ин аст, ки сабукиҳои ба дигар ҳунармандон дода шуда аз ҷониби Ҳукумат ба онҳо низ дода шавад.

Нуралӣ Карим

Skip to toolbar