logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Мақомоти Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз фаъолияти шашмоҳаи худ баргузор мекунанд

Нишастҳои матбуотӣ аз 26-уми июл то 15-уми август идома меёбанд.

Your tj

11:0813.07.2023

Мақомоти Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз фаъолияти шашмоҳаи худ баргузор мекунанд

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият фаъолияти шашмоҳа дар нишастҳои матбуотӣ ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар асоси нақшаи тасдиқшуда нишастҳои матбуотӣ аз 26-уми июл то 15-уми август идома меёбанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир гирифтани маълумоти расмӣ аз мушкилиҳои асосии рӯзноманигорон маҳсуб меёбад. Онҳоро ба дари вазорату идораҳо мустақиман роҳ намедиҳанд ва барои гирифтани як маълумоти кӯчак вақти зиёд сарф менамоянд ва ё онро ҳам гирифта наметавонанд.

Нишастҳои матбуотӣ, ки дар як сол ду маротиба баргузор мегарданд, ягона имкониятест, ки рӯзноманигорон рӯ ба рӯ бо мақомдорон саволҳои худро диҳанд. Вале аксаран саволҳоро беҷавоб мемонанд, аз савол мегурезанд ва ё ҷавобҳои ғайриқаноатбахш медиҳанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

1 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

1 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

4 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

4 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ