fbpx

Мақомоти Русия мехоҳанд як кӯдаки тоҷикро аз волидони ҳақиқиаш ҷудо кунанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
кӯдаки тоҷикро мехоҳанд ба оилаи бурят диҳанд

Оид ба тақвияти масъулияти табибон дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда шуд

Зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» баррасӣ шуд.

Парламенти Тоҷикистон
Акс аз parlament.tj

Ба иттилои сомонаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйирот, аз ҷумла ба масъалаҳои таъйин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббию профилактикӣ дахл дорад.

Дар тағйирот барои додани варақаи корношоямии муваққатии қалбакӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Лекин маҳз чӣ гуна ҷавобгарӣ, зикр намешавад.

Блогери рус ба хатои худ иқрор шуд ва аз тоҷикон узр пурсид

Блогери рус Кирил Шучер бо нашри як навор дар саҳифааш дар “YouTube” аз мардуми тоҷик узр пурсидааст. Ӯ барои нашри навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба як духтари тоҷик хашми муҳоҷирони тоҷикистониро барангехта буд.

Блогери рус аз тоҷикон узр пурсид

Рӯзи 12-уми феврал мақомоти рус аз боздошти ду муҳоҷири тоҷик, барои ҳамла ба блогер хабар доданд. Блогер бо нашри видеое бо чеҳраи хунолуд даъво карда буд, ки тоҷикон ӯро барои навори пешниҳоди ҳамхобагӣ ба духтари тоҷик бар ивази телефони Айфон заданд. Дипломатҳои тоҷик ин ҳодисаро иғво номида буданд.

Кирил Шучер рӯзи 28-уми март бо нашри наворе бо номи “Ман ҳақ набудам. Узрхоҳӣ аз мардуми тоҷик” дар саҳифааш дар “YouTube” гуфтааст, ки пас аз рухсат шудан аз беморхона тағйир кард ва ба ин натиҷа расид, ки роҳу арзишҳояшро дигар кунад. Шучер гуфт, он видеои ҷанҷолиро аз саҳифаҳояш пок кард ва дар моҳи Рамазон “самимона аз мардуми тоҷик узр мепурсад.”

Кирил Шучер аввали моҳи феврал навори суҳбат дар як хиёбон бо духтареро нашр кард, ки мегуфт, “аз Душанбе аст”. Ӯ ба духтар пешниҳод мекунад, ки бар ивази Айфон бо ӯ ҳамхоба шавад.

Баъдан, ин блогер гуфт, ки духтари тоҷик ин пешниҳодашро рад кардааст. Муҳоҷирони тоҷик аз ин кори ӯ хашмгин шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро барои “таҳқири тоҷикон” таҳдид карданд.

Аз сарнавишти ду муҳоҷири боздоштшуда иттилое дастрас нест ва маълум нест, ки узрпурсии блогери рус то куҷо дар раҳоии онҳо кумак хоҳад кард.

Дар Русия мехоҳанд як кӯдаки тоҷикро аз волидони ҳақиқиаш ҷудо кунанд

Дар вилояти Иркутски Русия бо қарори Суд талаб доранд, кӯдаки тоҷикеро, ки як хонаводаи бурятӣ ба фарзандӣ гирифта буд, ба онҳо баргардонанд. Вале мақомоти ин вилоят аз ҷойи будубоши кӯдак хабар надоштаанд.

Расонаҳои маҳаллии вилояти Иркутск рӯзи 29-уми март хабар додаанд, ки Суди ноҳиявии Качугси ин вилояти баҳс бар сари тарбияи Мария, духтари панҷсолаи тоҷикро ба фоидаи Михаил ва Марина Бухашеваҳо ҳал кард.

Ин хонаводаи сокини Иркутск кӯдаки муҳоҷирони тоҷикро, ки соли 2017 дар ин вилоят таваллуд шуда буд, ба фарзандӣ гирифта тарбия мекарданд. Модари биологии Мария бинобар мушкили санад натавониста буд тифлашро аз таваллудхона бигирад.

Соли 2022 бо як тасмими мақомоти парастории Иркутск кӯдакро ба модари тоҷикаш доданд. Мақомоти вилоятӣ он замон фарзандхондии тифли тоҷикро аз сӯйи оилаи бурятӣ ғайриқонунӣ хонда буданд.

Аноргул Ғайбуллоева ва Асад Азизов, волидони биологии Мария кӯдакро гирифтанд, аммо мушкил бо ин ҳал нашуд. Онҳо гуфта буданд, то ниҳоӣ шудани қазия иҷозаи берун шудан аз хоки Русияро надоранд.

Ҷасади як маҳбуси дигари тоҷикро баъди ду моҳи вафоташ аз Украина овардаанд

Ҷунайдулло Маҳмадуллои 33-сола, ки бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дар Русия зиндон шуда буд, тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Украина ҷалб шудааст. То анҷоми ҳукмаш чор соли дигар монда будааст, вале ба гуфтаи наздиконаш, ба ӯ ваъда кардаанд, ки шаш моҳ дар ҷанг ширкат кунад, раҳо мешавад.

Дафни як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст.

Ӯро рӯзи 26-уми март дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд.

Як тан аз дӯстони ӯ ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки моҳи январи имсол Ҷунайдулло захмӣ ва дар як беморхонаи саҳроӣ бистарӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти рус ба наздиконаш гуфтаанд, ки ҳангоми ҳамла ба беморхонаи низомии саҳроӣ дар хоки Украина Ҷунайдулло кушта шудааст.

Дар санаде, ки ҳамроҳи тобут фиристода шудааст, рӯзи марги ин маҳбуси тоҷик 8-уми феврал навишта шудааст. Ҷунайдулло ҳамсар ва ду кӯдаки хурдсол дорад.

Мақомоти рус то кунун ҳеҷ мавриди кушта шудани маҳбусони тоҷик дар ҷанги Украинаро шарҳ надодаанд.

То кунун ҳалокати беш аз 20 маҳбуси тоҷик, ки ба ҷанги Укриана ҷалб шудаанд, расонаӣ шудааст. Теъдоди аниқи маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, маълум нест, вале расонаҳо аз ҷалби ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Русия ба ҷанг хабар нашр карда буданд.

Зане дар Конибодом ба сироят кунондани 11 мард бо ВНМО гумонбар аст

Зане дар шаҳри Конибодом бо гумони сироят кардани чанд мард ба Вируси Норасоии Масъунияти Одам ё ВИЧ/СПИД боздошт шудааст.

бемории вич/спид дар тоҷикистон

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Суғд, ин зан медонист, ки гирифтори ВИЧ/СПИД аст, вале ба танфурӯшӣ машғул буд.

Ба гуфтаи мақомот, зани 46-сола ба он гунаҳкор мешавад, ки дидаю дониста 11 мардро зери хатар гузоштааст.

Назари ин зан ба иттиҳоми эълоншуда алайҳаш маълум нест.

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми март дар як барномаи телевизионӣ хабар дод, ки ба зидди ин зани танфурӯш бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “огоҳона сироят кардан ба ВИЧ/СПИД” парванда боз кардаанд.

Ин банди қонун аз 2 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend