Мақомот хабари боздошти занони тоҷик дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз РИА Новости

Дастури Рустами Эмомалӣ барои ваксиназании сокинони Душанбе ва карантини воридшавандаҳо

Сохторҳои тандурустии пойтахт ба пурзӯр намудани маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳр бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтану чораҳои амалӣ  андешидан нисбат ба шахсони аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридшаванда вазифадор гардиданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Зимни ҷаласаи кории назди раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, масъулини сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масоили пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ доир ба андешидани тадбирҳо бобати омодагӣ ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли воситаҳои санитариву гигиенӣ ва безараргардонӣ дастур дод. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмкунии аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ гардиши хона ба хона ба роҳ монда шавад.

Мақомот хабари боздошти занони тоҷик дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд

Масъулони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтаанд, дар пайи маълум кардани ҳодисаи боздошти занони тоҷик аз тарафи ихтиёриёни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳастанд. Матлуба Ҷурабоева, як масъули ҷамоати Хистеварз ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз боздошт шудани занони ин ҷамоат хабар доранд, вале ҳоло бояд маълум шавад, ки чӣ гуна онҳо аз сарҳад убур кардаанд.

“Чунки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28 ва 29- уми апрел убури шаҳрвандон, ба хусус занонро ба тарафи заминҳои ҳамсоя манъ карда буданд”,–гуфтааст ӯ. Вай гуфтааст, воқеан барои таъмини зиндагӣ занон ҳар сол дар киштҳои ноҳияи Лайлак кор мекарданд.

Расонаҳои Қирғизистон, аз ҷумла “24 kg” бо пахши навори видеоие гурӯҳи занонеро нишон доданд, ки аз тарафи ихтиёриёни қирғиз дар вақти убур ба тарафи деҳаи “Ақ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак боздошт шудаанд.

Президенти Қирғизистон ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон охири моҳи июн ба Тоҷикистон сафар мекунад. Қарор аст, Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Ин Вазорат рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст. Сафари президенти кишвари ҳамсоя дар рӯзҳое дар нақша аст, ки аз муноқиша дар марзи ду кишвар, дар рӯзҳои 28-29-уми апрел, се моҳ мегузарад.

Вазорат тафсилоти аз ин бештарро нашр накардааст. Ин сафари нахустини Содир Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон мебошад ва баъди он сурат мегирад, ки охири моҳи апрел марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди муноқишаи муссалаҳона ва хунин шуд.

Ширкати “Аэрофлот”-и Русия ҳам барои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта, то ин дам ба Маскав ду парвоз анҷом дод. Шумори парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Русия зиёд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

“Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 ба ширкати “Аэрофлот” барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза дод. Ширкат то ин дам аллакай рӯзҳои 22 ва 23 июн бо самти Душанбе-Шереметево ду парвоз иҷро кард”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Ҳамчунин дар Агентӣ зикр карданд, ки пас аз анҷоми ду парвоз ҳоло ширкат бо дархости иҷрои парвозҳои дигар муроҷиат накардааст. “Агар “Аэрофлот” бо дархости иҷрои парвозҳо муроҷиат кунад, бемамониат иҷоза мегирад”, – гуфтанд дар Агентӣ.

То “Аэрофлот” дигар ширкатҳои ҳвопаймоии Русия – «Азур Эйр», «Северный ветер», S7 Airlines, «Уральские авиалинии»,  Utair ва «Ямал» аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.

Пайвандони милисаи кушташуда дар Панҷ бори сеюм ба додгоҳ шикоят карданд

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, ба марҳилаи назоратии Додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки хукми додгоҳи ноҳияи Панҷ ва таъиноти зинаи кассатсионии додгоҳи Хатлон бекор карда шавад.

Додгоҳи вилояти Хатлон 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт. Додгоҳи Панҷ Насим Амирзода, муттаҳами аслӣ дар парвандаро барои “куштор аз беэҳтиётӣ” гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев ҳукми додгоҳи зинаи аввалро “ноодилона” хонда, бозбинии онро талаб доранд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, рӯзи 24 уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва он бояд аз сар баррасӣ шавад. Додгоҳи вилояти Хатлон шикояти онҳоро аввалин ин моҳ рад карда буд. Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.