fbpx

Мақомот гуфтанд, дар соли 2024 моҳе 300-350 тоҷикистонӣ аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар шаш моҳи соли 2024 беш аз 17 ҳазор тоҷикистонӣ аз Русия “депортатсия” шудаанд.


0
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково дармонда буданд. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Раиси агентии Авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, соли 2024 моҳе тақрибан 300-350 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ карда шудаанд.

Ҳабибулло Назарзода раиси ин ниҳод имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки рӯзе тақрибан 10-13 нафар ихроҷ шудаанд ва омори ихроҷшудаҳо назар ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Аммо аз омори дақиқ ном набурд.

Дар нишасти хабарии нимсолаи соли гузашта худи Назарзода ба саволи рӯзноманигорон дар хусӯси ихроҷи тоҷикистониён гуфта буд, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 – 3400 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Тафтиш ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Русия пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”-и Москва оғоз шуд. Дар ин ҳодиса 145 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 500 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар шаш моҳи соли 2024 беш аз 17 ҳазор тоҷикистонӣ аз Русия “депортатсия” шудаанд.

Мақомоти Русия низ чанде пеш эълон карданд, ки дар соли 2024 – 23 ҳазор нафар муҳоҷир аз Москва ва атрофи он бо гумони “нақзи қоидаҳои вуруд ё будубош дар Русия” ихроҷ карда шудаанд, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend