Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:2114.04.2025
Дар радабандии "Passport Index" дар соли 2025 Тоҷикистон дар байни 199 шиносномаи ҷаҳон аз лиҳози озодии сафар дар мақоми 67-ум қарор гирифт.
Тибқи ин шохис, дорандагони он метавонанд ба 27 кишвар бидуни раводид сафар кунанд, дар 47 кишвар ҳангоми расидан раводид дарёфт намоянд ва барои ворид шудан ба 4 кишвар иҷозатномаи электронии сафар (eTA) ба даст оранд.
Барои ворид шудан ба 124 кишвар раводиди пешакӣ зарур аст.
Бар асоси иттилои "Passport Index", шиносномаи Тоҷикистон нисбат ба аксари кишварҳои пасошӯравӣ “заифтар” арзёбӣ мешавад.

Барои муқоиса, Украина дар мақоми 16-ум, Гурҷистон – 27-ум, Қазоқистон – 48-юм, Қирғизистон – 64-ум ва Узбекистон – 64-ум қарор доранд. Танҳо шиносномаи Туркманистон (дар ҷойи 72-юм) дар мақоми поинтар аз Тоҷикистон қарор дорад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид метавонанд ба кишварҳое чун Русия, Эрон, Украина, Гурҷистон, Арманистон, Узбекистон, Қирғизистон, Малайзия, Филиппин ва Беларус сафар кунанд.
Раводид ҳангоми ворид шудан бештар ба кишварҳои сайёҳӣ, монанди Малдив, Урдун, Камбоҷа, Маврикий ва Зимбабве дахл дорад. Дар Кения ва Покистон бошад иҷозати электронии сафар (еТА) талаб мекунанд.
Барои сафар ба кишварҳое чун ИМА, Британияи Кабир, Канада, Ҷопон, Австралия ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд пешакӣ раводид гиранд.
Мавқеи кишварҳо дар шохиси шиноснома ба сатҳи эътимоди байналмилалӣ, талошҳои дипломатӣ ва суботи иқтисодӣ вобаста мебошад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
23 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
23 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад