Маҳдудияти ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ


Дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ боришоти пуршиддати барф идома дорад.

Акс аз маркази матбуотии ширкати IRS

Дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ, километрҳои 154 – 160 дар натиҷаи боришоти шаби гузашта ва имрӯз баландии барф зиёд гардидаааст. Дар ин бора филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар ҶТ, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад, хабар медиҳад.

“Кормандони филиали ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт давом дорад”,-афзудааст манбаъ.

Ин ширкат дар идома гуфтааст, ки бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзан маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳиш кардааст, ки моҳияти онро дарк намоянд.