fbpx
0

Чанде пеш, пас аз пешниҳоди як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба манъ кардани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 14-сола, ин масъала баҳсбарангез шуд.

Иддае аз корбарон тарафдори ин пешниҳод шуданд, гурӯҳи дигар ба ҷойи манъкунӣ танзим ва назоратро беҳтар донистанд.

Муаллифи Your.tj перомуни ин пешниҳод андешаи мутахассисонро пурсон шуд. Ҳамзамон, аз волидон пурсид, ки барои пурра вобаста нашудани кӯдаконашон ба телефону интернет чӣ чораҳоро меандешанд. Онҳо гуфтанд, ки кадом роҳҳо самарабахштар аст.

“Волидайн барои фарзанд вақти кам ҷудо мекунанд”

Фаридун Маҳмудов равоншиноси кӯдакон гуфт, нахуст бояд ба он аҳамият дод, ки барои чӣ кӯдакону наврасон қисми бештар вақтро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Албатта, барои он ки аксари волидон ба кӯдакони худ кам вақт сарф мекунанд. Ба ҳарфи онҳо онҳо кам гӯш медиҳанд, фикру ғояҳои онҳоро кам дастгирӣ мекунанд.

Фаридун Маҳмудов, равоншинос

“Кӯдакон норасоии эътибор ва дастгириро аз шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯянд. Қаҳрамонҳои худро, ки бояд волидон бошанд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карданӣ мешаванд”,- афзуд ӯ.

Ба назари равоншинос, ҳангоме ки кӯдакон пурра аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум мешаванд, дар онҳо ҳиссиёти танҳоӣ пайдо мешавад. Аз ҷомеа дур мешаванд, имкони омӯзишу бо навовариҳо шинос шуданро гум мекунанд.

“Ба онҳо бо мисолҳои одӣ ва ҳаётӣ бояд фаҳмонд, ки дар интернет одамони фиребгар зиёданд. Ба ҳама чизе, ки дар ҳаёти маҷозӣ мебинанд, бовар кардан нодуруст аст. Волидон вақте фарзандонашонро ҳангоми истифодаи шабакаҳи иҷтимоӣ назорати дуруст бурда метавонанд, ки агар худ саводи расонаӣ дошта бошанд”,- изҳор дошт Фаридун Маҳмудов.

Оқибати истифодаи нодурусти шабакаҳи иҷтимоӣ

Агар кӯдакон бе омӯзиши дуруст интернетро истифода баранд, ба мушкилоти равониву ҷисмонӣ дучор мешаванд. Онҳо аз изтироб азият хоҳанд кашид, барои ба роҳ мондани мулоқоти зинда бемайл мешаванд.

“Дар интернет бо одамони бегона муносибат пайдо мекунанд. Ин чиз боис ба он мешавад, ки ҷинояткориҳо зиёд шавад. Дар хориҷи кишвар чунин ҳолатҳо ҳам сабт шудааст, ки кӯдакон аз ҳисоби дуруст истифода набурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми ҷинояткорон, аз ҷумла ба педофилҳо атфода буданд. Аз ин рӯ, назорати доимии волидон, ки кӯдакон чӣ гуна смартфонро кор мефармоянд, муҳим мебошад”,- илова кард равоншинос.

Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки назорати аз ҳад зиёд боиси дилгир шудани кӯдак мешавад. Аз ин рӯ, ба волидон тавсия дода мешавад, ки барои назорат бурдан вақти муайянро интихоб кунанд.

“Пурра манъ кардани корбурди шабакаҳои иҷтимобӣ барои кӯдакон маънои онро дорад, ки мо як қадам ба ақиб мегузорем. Ҳангоми дуруст кор фармудани он маълумоти муфид пайдо мекунанд. Агар дар бораи зарфиятҳои зеҳни сунъӣ огоҳӣ ёбанд, хуб аст. Оянда ҳамаи касбу ҳунарҳо бо он вобаста шуда истодааст”,- дар ҷамъбасти фикр афзуд Фаридун Маҳмудов.

Чаро дар кӯдак ҳолати манфии эмотсионалӣ хуруҷ мекунад?

Ба назари Камолиддин Ғоибов, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд имрӯз маълум нест, ки дар Тоҷиистон кӯдакону наврасон то кадом андоза ба смартфону интернет вобаста шудаанд.

Камолиддин Ғоибов

Дастрасии интернет дар ҳама оилаҳо яксон нест. Дар деҳоти дурдасти кишвар на ҳама оилаҳо ба интернети хонагӣ дастрасӣ доранд. Аз ин бармеояд, ки кӯдакони зиёде давоми рӯз аз интернет маҳруманд.

“Илми равоншиносӣ собит карда, ки агар кӯдак ба бозиҳои интернетӣ дода шавад, дар вай ҳолатҳои манфии эмотсионалӣ хуруҷ мекунад. Мутаассифона, волидони ҷавон барои ба чизҳои хона нарасидан ё оромии кӯдакро ба муддате нигоҳ доштан смартфонро ба дасташ медиҳанд. Баъдан ғамгин мешаванд, ки дар рафтораш аломатҳои аутизмро мебинанд.

Ё хавф аз он мебаранд, ки чаро фарзандашон хуши сухан кардан надорад. Ба вай тамошои экрани телефон маъқултар аз он аст, ки ба ду-се савол ҷавобе диҳад. Вақте ба савол посух мепурсед, ӯ хашмгин мешавад. Зеро телефон аллакай майнаи сарашро ба қавле сироят кардааст”, – шарҳ дод ӯ.

“Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ меъёри муайяни синнусолӣ надорад”

Ба саволи аксари волидон “Аз кай кӯдакон ба корбурди шабакаҳои иҷтимоӣ омода ҳисоб мешаванд, ё чӣ қадар вақт кофист, ки бо телефон машғул шаванд?”, Камолиддин Ғоибов чунин равшанӣ андохт:

“Барои инро аниқ кардан, пеш аз ҳама хусусияти фардӣ-равонӣ, сатҳи инкишофи қобилиятҳои эҷодии кӯдакро фаҳмидан зарур аст. Масалан, ҳар рӯз ба наврас 10-15 дақиқаи истифодаи интернет кифоя аст, ки аз он дар бораи иҷрои супоришҳои дарсӣ маълумот ёбад.

Ба волидони ҷавон доимо тавсия медиҳам, ки истифодаи интернет ба муҳлати кам зарар надорад. Масалан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо интернет вазифаи хонагиро иҷро мекунанд. Баръакси онҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки онро бесамар истифода мебаранд.

Бегумон, ашхоси аз 30-50 сола боло низ гоҳе бе мақсад муҳтаво тамошо мекунанд ва ҳатто бехабар мемонанд, ки ба кадом сомонаҳо ворид шудаанд. Аз ин рӯ, дар истифодаи он меъёри синнусолӣ вуҷуд набояд дошта бошад”.

Чаро амалан истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдаконро манъ кардан ғайриимкон аст?

Фирӯз Мирзода дотсенти кафедраи состсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат шарҳ дод, ки амалан пурра манъ кардани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ғайриимкон аст, зеро аксари онҳо аз телефонҳои мобилии волидайн ва дигар аъзоёни хонаводаашон истифода бурда метавонанд.

Фирӯз Мирзода

“Имрӯз дар иҷтимоишавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии умумии кӯдакон нақши шабакаҳои иҷтимоӣ хеле калон аст, зеро он иттилооти муҳиму заруреро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мешаванд, на ҳамаи волидайн ба фарзандони худ дода метавонанд”,- ишора кард ӯ.

Ба фикри мавсуф, фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ омӯзонидан лозим аст, дар шакли фанни алоҳида.

Баъдан, волидайн истифодаи интернетро назорати ҷиддӣ бурда, барои 2 ё 3 соат маҳдудият ҷорӣ кунанд. Журналистон ва ВАО низ бо таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар паҳн кардани фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ нақш гузошта метавонанд.

Таҳлили пурсише, ки дар он волидон иштирок карданд

Натиҷаи пурсиш нишон дод, ки бархе волидон манъи пурраи истифодаи интернету телефонро ҷонибдорӣ мекунанд, иддае дар ин масъала озодиро беҳтар медонанд. Гурӯҳи дигар бо усулҳои ҷолиб назоратро пеш мебаранд. Мо аз рӯйи посух онҳоро ба 4 гурӯҳ ҷудо кардем.

Онҳое, ки маҳдудиятро ягона роҳи дуруст медонанд

Модари ҷавон Мадина Ишанқулова ба дасти кӯдакони 4 ва 6-солааш телефон намедиҳад. Тамошои телевизорро низ маҳдуд кардааст. Ӯ беҳтар медонад, ки бачаҳо дар ин синнусол бозиҳои фаъол кунанд.

Фарзона низ махсус ба истифодаи телефонҳои тугмадор гузашт. Смартфонро аз кӯдаки 7-солааш пинҳон карда монд.

“Дар ин вақт худам ҳам одат кардам, ки аз телефон дур бошам. Сардардиям коҳиш ёфт. Расо 3 моҳ боз кӯдакам намегӯяд, ки телефон диҳед. Агар нохост онро дар дастам бинад, хоҳиш мекунад, ки дақиқае диҳам. Розӣ нашуда, мегӯям, ки падарат иҷоат намедиҳад, ки телефонбозӣ кунӣ. Ҳоло бо ин тарз корамон пеш рафта истодааст”,- афзуд ӯ.

Заррина ном модари дигар ба бачаҳояш ҳафтае танҳо ду маротиба дар рӯзҳои истироҳат иҷозати бозӣ кардан бо телефонро медиҳад.

“Эҳтимол дар мактаб аз дӯстонаш гирифта бозӣ кунад. Шояд ин роҳи маҳдудкунӣ хашмгинаш кунад, чунки наврас аст, вале барои ислоҳшавӣ ғайр аз назорати ҷиддӣ дигар роҳи беҳтарро намебинам”,- гуфт номбурда.

Онҳое, ки ба назорати техникӣ ва психологӣ такя мекунанд

Сайфулло Ахмедов дар аккаунти телефони фарзандаш барномаи “Family link”-ро насб кард. Он барои назорати ҳаёти рӯзмарраи кӯдак қулай будааст.

“Бо насби он метавон барои барномаҳо ва муҳтавои Google Play маҳдудиятҳои синнусолӣ муқаррар намуд, ҷойгиршавии кӯдакро пайгирӣ кард. Танзимоти махфиятро низ метавон идора карда, имкониятҳои зиёди дигарро истифода бурд. Он ройгон аст”, – шарҳ дод ӯ.

Модаре бо номи Адиба мегӯяд, дар хонаашон шавҳараш қоида гузоштааст, ки ҳама дар соати расо 22:00 телефонҳоро месупоранд.

“Агар касе қонуншиканӣ кард, саҳарии дигар ӯ аз хароҷоти рӯзона маҳрум мешавад. Агар пул як ҳафта пеш дода шуда бошад, маблағ аз ҳисоби ҳафтаи оянда кам карда мешавад. Ҳамин қоида ба бозӣ дар “PlayStation” низ, ки як дарди сари дигар аст, дахл дорад”, – изҳор дошт ӯ.

Сангина Бобоева дар рӯзҳои корӣ телефонро танҳо дар давоми 1 соат ба дасти кӯдаконаш медиҳаду халос. Дар рӯзҳои истироҳат барои якчанд соат.

“Дар смартфонам функсияи назорати волидонро фаъол кардаам. Боз тамошои телевизионро низ назорат мебарам, чун кӯдаки хурдиам ба он сахт дилбаста аст. Аз YouTube бозиҳоро тамошо мекунад, дар он низ рамз гузоштам. Акнун YouTube барои кӯдаконро мебинад”, – шарҳ дод ин бону.

Онҳое, ки озодиро афзалтар мешуморанд

Модаре бо номи Рухсора гуфт, ки умуман маҳдудият намегузорад ва ҳатто дар фикри он нест. Кӯдаконаш дар телефонҳояшон чӣ рамз доранд, намедонад.

“Монеъ намешавам, ки тамоми шаб низ дар интернет бошанд, лекин ёдрас мекунам, ки саҳар ба мактаб рафтанашон зарур аст. Бовар дорам, ки онҳо бар зарари худ истифода намебаранд. Барои ҳамин телефони пурқуввати ба бозиҳо тобоварро ҳам харида додам”, – афзуд ин модар.

Бону Шарипова ба кӯдаконаш чизеро манъ карданро дӯст намедорад.

“Вақте наврас будам, бароям бисёр чизҳоро иҷозат намедоданд. Бо гузашти солҳо фаҳмидам, аз онҳое, ки ба бисёр чизҳо иҷозат доштанд, хеле фарқ дорам. Онҳо бисёртар медонистанд, назар ба ман”, – фаҳмонд модар.

Онҳое, ки бо фаъолиятҳои судманд ҷойгузин мекунанд

Адиба Ҳабиб фарзандашро дар назди устои мебелсоз шогирд монд. Ӯ ба ин касб шавқ пайдо кард ва аз истифодаи бемавриди телефон даст кашид.

Сафаров Ҳукмиддин ҳам кӯдакашро ба машқи футбол монд, то вобастаи телефону интернет гардиданашро пешгирӣ кунад.

“Агар смартфонро ба даст гирад ҳам, фақат дар хусуси футбол ва футболбозон маълумот ҷустуҷӯ мекунад”, – гуфт падари наврас.

Араби Дӯстмурод бовар дорад, ки як роҳи аз истифодаи барзиёди телефонҳо дур кардани бачаҳо дар ҳавасмандгардонӣ аст.

“Мисол, ман барои 1 шеърро азёд кардан 5 сомонӣ медиҳам”, – гуфт номбурда.

Таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки вақте назорат бо муҳаббат, фаҳмондан ва иштироки шахсии волидон ба ҳаёти фарзандон тавъам мешавад, технологияи нав ба василаи рушди шахсӣ табдил меёбад, на мушкил.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend