fbpx

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам” номи боз 628 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, нашр кард

Моҳи апрел ин лоиҳа ному насаби 931 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд.


0
Акси марбута аз бойгонии лоиҳаи "Настоящее время"

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам” номи боз 628 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, нашр кард.

Рӯзи 18 август лоиҳаи давлатии Украина “Зистан мехоҳам” рӯйхати нави 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард, ки гуфта мешавад, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, ин афрод аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди Украина истифода мешаванд ва мегӯянд суръати ҷалби онҳо афзоиш ёфтааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҷанг маҷбур мекунад ва аз онҳо истифода мебарад.

Ду ҳафта пеш додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода гуфта буд, ки тайи се соли ахир дар Тоҷикистон ҳеҷ кас барои ширкат дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Ӯ тавзеҳ дод, ки бархе аз ин афрод душаҳрвандӣ доранд ва ба гуфтаи ӯ, “дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед”.

Қаблан лоиҳаи “Зистан мехоҳам” дар моҳи апрели соли 2025 ному насаби 931 шаҳрванди Тоҷикистон нашр карда буд, ки дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Русия буданд ва ё ҳузур доранд. Дар гузориши қаблӣ гуфта мешуд, ки аз ин шумора дасти кам 196 нафари онҳо фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон иштирок дар амалиёти низомии давлати дигар тибқи Кодекси ҷиноятӣ барои “зархаридорӣ” ҷавобгарӣ дорад ва қонунгузор барои он аз 12 то 20 сол зиндон муқаррар кардааст.

Дар бораи он ки чӣ тавр шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина ҷалб мешаванд, дар матлаби мо инҷо бихонед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend