Гурӯҳи фарҳангдӯстон аз тоҷикони бурунмарзии муқими Русия, Амрико ва Канада 3 моҳ пеш тасмим гирифтанд, ки дар асоси афсонаҳои халқи тоҷик филмҳои тасвирӣ таҳия кунанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пойгоҳи “Афсонаҳои тоҷикӣ” фаъол карда, барои кӯдакону калонсолон филмҳои аниматсионии дорои ҷанбаи тарбиявӣ нашр мекунанд.
То имрӯз 4 филми кӯдаконаи “Бузаки Ҷингилапо”,“Рӯбоҳ ва паланг”, “Хаёлпараст” ва “Рӯбоҳ ва ангур”-ро таҳия карданд, ки онҳо шакли зиндаи афсонаҳои мардумиро мемонанд.
Гурӯҳи эҷодии “Афоснаҳои тоҷикӣ” зимни суҳбат бо муаллифи Your.tj иттилоъ доданд, ки ҳоло бо таҳияи афсонаи тӯлониву эпикии “Эраҷи тилисмшикан”, ки дар се қисм пешбинӣ шудааст, машғуланд.
Ин филм яке аз лоиҳаҳои бузурги онҳо ба ҳисоб рафта, муаллифон кӯшиш доранд, ки онро бо сифати баланд ва рӯҳи миллӣ ба тамошобинон пешниҳод созанд.
Бунёдгузрони лоиҳаи “Афсонаҳои тоҷикӣ” киҳоянд?
Бунёдгузорони “Афсонаҳои тоҷикӣ” се нафар мебошанд: Зарринаи Раҳмон (Канада), Ҳаким Раббимпур (Амрико) ва Ҷамолиддини Холбек (Русия).
Ҳаким Раббимпур як узви дастаи эҷодии “Афсонаҳои тоҷикӣ” аст. Ӯ зодаи шаҳри Самарқанди Узбекистон буда, аз соли 2008 дар Амрико муқим мебошад.
Ӯ мегӯяд, кӯдаконро шод кардан амали беҳтарин дар рӯйи Замин аст. Зинда кардани афсонаҳои қадимаи тоҷикӣ низ имкон дорад, ки онҳоро қадре хурсанд созад. Бачаҳо аз филмҳои афсонавӣ низ воқеаҳои таърихии миллати худ, забони модарӣ, сифатҳои неки инсонӣ ва эҳтироми волидонро омӯхта метавонанд.
“Ҳадафи дастаи эҷодии мо эҳё ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги тоҷикӣ ва афсонаҳои мардумӣ тавассути воситаҳои муосири визуалӣ аст. Сохтори гурӯҳи мо аз одамони эҷодкор ва донандаи хуби фановариҳои нав иборат аст. Масалан, сенариянависон ва муҳаққиқон бо ҷамъовариву таҳлили афсонаҳои мардумӣ ва табдили он ба сенарияи аниматсионӣ машғуланд.
Тарроҳони визуалӣ Ҷамшед Рабимпур ва Шодмонҷони Раҳмон барои тасвири саҳнаҳо, қаҳрамонҳо ва муҳити афсонаҳо масъуланд. Аниматорон Ҷамолиддин Холбек, Эраҷ Ахмедов, Акбарали Аббос бо истифода аз нармафзорҳои махсус филмҳои тасвириро дар қолабҳои (2D/3D) месозанд. Овозгузори садо ва мусиқисоз Шарафи Воҳид барои ҷон бахшидан ба персонажҳо ва муҳит садову мусиқии мувофиқ таҳия мекунанд. Мудирияти эҷодӣ ва техникӣ раванди корро ҳамоҳанг ва идора мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Идеяи сохтани филмҳои аниматсионии тоҷикӣ чӣ гуна пайдо шуд?
Идеяи сохтани филмҳои аниматсионии тоҷикӣ нахуст аз ҷониби барномасози тоҷик Ҷамолиддини Ҷумъа пешниҳод гардид. Ӯ бо диди наву эҳсоси масъулият нисбат ба фарҳангу забони модарӣ ин ташаббусро рӯйи даст гирифт.
Баъдан ин идея боз чанд тан тоҷикони фарҳангдӯстро ба ҳам овард, аз ҷумла бону Зарринаи Раҳмонро. Ӯ низ яке аз бунёдгузорони лоиҳа мебошад ва дар филми тасвирии “Бузаки ҷингилапо” ба бузак ва бачагонаш овоз додааст.
“Чунон ки дар ҳама лоиҳаҳои фарҳангӣ иттифоқ меуфтад, мо низ бо мушкилиҳои молӣ рӯ ба рӯ шудем. Дар ҳамин давра дастгирии аҳлонаи Ҳаким Раббимпури Самарқандӣ ба гурӯҳ имкони идомаи кор ва рушди лоиҳаро фароҳам овард. Мо хуб дарк мекунем, ки филмҳои аниматсионӣ дар фазои Тоҷикистон хеле каманд”, – изҳори нигаронӣ дорад Заррина Раҳмон.
Ҳадафи гурӯҳи эҷодӣ танҳо ба он равона шудааст, ки аз рӯйи афсонаҳои тоҷикӣ муҳтавои босифати миллӣ офарида, ба ташаккули фикрии кӯдакон ва гиромидошти забони модарӣ ба ҳадде мусоидат кунанд.
Ба бовари онҳо, аниматсия метавонад воситаи қавии тарбия, омӯзиш ва ифтихори миллӣ гардад.
Филми аниматсионӣ чӣ қудрат дорад?
Сохтани филми аниматсионӣ корест, ки заҳмат, тахайюлоти бой ва рӯҳбаландӣ талаб мекунад. Аз эоҷди сенария сар карда, то ҷон бахшидан ба ҳар як персонаж дар пайи лаҳзаҳои хотирмоне дар пай дорад.
“Ҳангоми сохтани филми “Бузаки Ҷингилапо” мувофиқи сенария саге назди дари хонаи бузак меояд. Мо вайро ҳамчун як гунаҳкор тасвир кардем, ки чашмонаш эҳсоси талаби авф дорад. Саг аз иштибоҳаш шарм карда, азоби пушаймонӣ мекашад. Намоиши эҳсоси саг, ки пеш аз ҷанги буз бо гург сурат мегирад, ба саҳна таъсири амиқи эҳсосӣ бахшид”,- нақл кард Ҳаким Раббимпур.
Тибқи варианти аввалини сенария бузак гургро бо шохаш мезад. Аммо ҳайати эҷодӣ дар ҷараёни таҳия ба қарори дигаре расиданд.
“Бузакро мисли як қаҳрамони мифологӣ тасаввур кардем. Нуқтаи авҷи сенарияро, яъне саҳнаи ҷанги бузак бо гургро дигар кардем. Аз даҳони буз оташ мебарояд ва он гургро нобуд месозад.
Ин тағйирот дастаи эҷодиро ба ваҷд овард. Мо дарк кардем, ки ин танҳо як афсона нест, балки паёме барои нишон додани тавоноӣ ва адолат аст. Ин лаҳзаҳо нишон медиҳанд, ки аниматсия на танҳо ҳунар, балки як роҳи ифодаи эҳсос, арзиш ва орзуҳои инсон аст”, – илова кард Ҳаким Раббимпур.
Таваҷҷуҳ ба намуди зоҳири персонажҳо барои чӣ муҳим аст?
Муаллифони филмҳои тасвирии гурӯҳи “Афсонаҳои тоҷикӣ” кӯшиш мекунанд, ки намуди зоҳирии аниматсионии персонажҳо тоҷикона ва ба фарҳанги миллӣ наздик бошад. Ҳангоми таҳияи дизайн ба либосҳои миллӣ, симои тоҷикона, рангу нақшҳои суннатӣ, ҳатто то ҷузъиёти мӯй ва ороиш диққати хос медиҳанд.
Ба назари Ҷамолиддини Холбек, аниматсия танҳо ҷунбиш набуда, эҳсосро бедор кардан аст. Ҳар як ҳаракате, ки эҷод мешавад, бояд маънодор бошаду қаҳрамон зинда эҳсос шавад.
“Ҳар як персонаж рӯҳи тоҷикиро дар худ инъикос бояд кунад. Масалан, кӯдакон бо тоқӣ ва духтарон бо рӯймолчаи гулдӯзӣ, бузургсолон бо ҷомаву камарбанд тасвир мешаванд.
Ин интихоби эҳтиёткорона ба он омил аст, ки наслҳои нав тавассути афсонаҳо на танҳо маънии афсона, балки махсусияти фарҳанги миллии худро қадр кунанд”, – шарҳ дод аниматор ва тарроҳ.
Бартарии филмҳои тасвирии тоҷикӣ аз хориҷӣ дар чист?
Ба фикри таҳиягарон, филмҳои тасвирии дар асоси афсонаҳои тоҷикӣ таҳияшаванда дорои чандин ҷанбаҳои мусбатанд. Пеш аз ҳама, онҳо кӯдаконро бо фарҳанг, анъана, забон ва муҳити зебои ватани худ шинос мекунанд.
“Дар афсонаҳои тоҷикӣ мавзӯъҳои ахлоқӣ, ростгӯйӣ, меҳнатдӯстӣ, адолат, сабру таҳаммул ва эҳтиром ба калонсолон бо забони сода ва образҳои равшан баён мешаванд. Он барои кӯдакони тоҷик дар бораи сарзамини аҷдодӣ ва ҳисси худшиносӣ маълумот медиҳад.
Дар ҳоле, ки филмҳои тасвирии хориҷӣ бештар ба таассуроти визуалӣ ва қаҳрамонони хаёлӣ, ки ба фишоровариву зӯроварӣ майл доранд, такя мекунанд. Аммо филмҳои тоҷикӣ бачаҳоро ба решаҳои худ мебаранд, муҳтавои он барояшон наздиктару фаҳмотар хоҳад буд”, – иброз дошт Ҳаким Раббимпур.
Ин гурӯҳ нақша доранд, ки “Афсонаҳои тоҷикӣ”-ро бо забонҳои ҷаҳонӣ низ дубляж намоянд.
Филмҳои тасвирии тоҷикӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ
Барои оилаҳое, ки берун аз муҳити тоҷикӣ зиндагӣ мекунанд, филмҳои тасвирии дар асоси афсонаҳои тоҷикӣ таҳиягардида як василаи муҳиму муассиреро мемонад.
Дар ҷаҳони муосир бархӯрди фарҳангҳо сурат мегиранд ва чунин филмҳо мисли пуле миёни насли нав ва мероси фарҳангии онҳо шуда метавонанд.
“Тамошои чунин филмҳо ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки забони модариашонро дар муҳити ғайритоҷикӣ аз ёд набароранд. Илова бар ин, барои падару модарон низ ин як воситаи хубест, то муҳити хонаводагӣ тоҷикона боқӣ монад ва фарзандон худро бо решаҳои хеш вобаста ҳис кунанд”, – арз дошт Ҳаким Раббимпур.
Баҳои тамошобин
Гурӯҳи эҷодии “Афсонаҳои тоҷикӣ” ҳанӯз 3 моҳ қабл таҳияи филмҳои тасвирии тоҷикро оғоз карда буданд. Аллакай, аз тамошобини чи хурду чи калонсол паёмҳои рӯҳбахше гирифтанд.
Аксарият бо мамнуният навиштаанд, ки афсонаҳо хотироти кӯдакии онҳоро дубора зинда сохт. Фарзандон ҳам бо шавқ тамошо карда, ҳатто нақши персонажҳои ба худ маъқулро тақлид мекунанд.
“Барои мо рӯҳбахш он буд, вақте волидайни тоҷике, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, менависад: “Фарзанди ман баъд аз тамошои афсонаи Шумо ба тоҷикӣ суҳбат карданро бештар дӯст медорад”.
Ҳамин гуна суханҳо ба мо илҳом медиҳад, ки корро боз ҳам бо меҳру муҳаббат идома диҳем. Муҳаббати тамошобинон барои мо қувваи бузург аст”, – мегӯянд аҳли эҷоди гурӯҳи “Афоснаҳои тоҷикӣ”.
Тавре Ҳаким Раббимпур аз нақшаи гурӯҳи эҷодӣ гуфт, дар оянда силсилаи нави афсонаҳои тоҷикиро ба таври филми аниматсионӣ таҳия хоҳанд кард. Ҳаракат мекунанд, ки онҳоро шавқовару ибратбахш бисозанд.
“Ният дорем филмҳоро бо забонҳои гуногун таҳия намоем, то кӯдакони тоҷик дар хориҷ низ аз фарҳанги худ дур намонанд. Ба ҳар тоҷику тоҷикстонӣ гуфтанием, ки кори мо ба хотири посдорои забону фарҳанг ба воя расидани насли нав аст.
Хоҳиш мекунем, ки моро дастгирӣ намоед, бо тамошо, бо тавсия ба дигарон, бо лайку шарҳҳо. Ҳар дастгирии Шумо баҳрамон рӯҳбаландӣ бахшида, боиси идомаи корҳои навбатӣ мешавад”, – баён доштанд дастаи эҷодии “Афсонаҳои тоҷикӣ”.
Чаро филмҳои тасвирии тоҷикӣ каманд?
Дар Тоҷикистон шуъбаи филмҳои аниматсионии “Тоҷикфилм” аз соли 2014 боз фаъол буда, бо истеҳсоли филмҳои тасиврӣ машғул аст.
Дар соли гузашта филми тасиврии ин ниҳод – “Зани порсо” дар Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин филми тасвирӣ” мушарраф шуда буд.
Ҳамзамон, дар соли сипарӣ филмҳои тасвирии “Бабри барфӣ” ва “Нахӯдак” сохта шуд. Инчунин, шабакаҳои телевизионии “Баҳористон” ва “Синамо” ба истеҳсоли филмҳои тасвирӣ машғуланд. Аммо на ҳамаи маҳсулоти офаридаи онҳоро аз Интернет дарёфтан мумкин аст.
Ба назари Саноат Азизова синамошиноси тоҷик, имрӯз филмҳои тасвирии хуби тоҷикӣ кам истеҳсол мешавад, ки ин вазъ ба мушкилоти иқтисодӣ рабт дорад.
Файзуллохон Обидов, Your.tj