Реҷаи маҳдудият ё “лимит”-и барқ дар моҳи Рамазон дигар шуда, тибқи он сокинон бояд дар як шабонарӯз 8 соат бо барқ таъмин шаванд.
Тибқи реҷаи нав, нерӯи барқ субҳ аз 3:30 то 7:30 ва бегоҳ аз 17:00 то 21:30 бояд дода шавад.
Дар ин бора Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази диспетчерии “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим бо мақсади таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ҳангоми субҳона ва ифтор гирифта шудааст.
Бо вуҷуди ин, реҷаи ҷоришуда аз меъёри расмии Вазорати энергетика, ки 10 соат интиқоли барқро пешбинӣ мекард, камтар аст.
Тоиров иқрор шудааст, ки маҳдудияти барқ аз нимаи дуюми моҳи феврал шадидтар гардида, дар ҳафтаҳои охир аҳолӣ танҳо 5-6 соат барқ мегирифтанд.
Сабаби инро ӯ ба “сардии ҳаво” рабт дод.
“Бо сабаби сардии ҳаво давоми ду-се ҳафтаи охир реҷаи интиқоли барқ ба аҳолӣ то 6-соат кам гардид ва аҳолӣ ҳудуди 5 соат камтар аз реҷаи муайяншуда бо барқ таъмин мешудаанд”,- эътироф кард ин масъули “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Дӯстмурод Тоиров дар робита ба саволи кай пурра аз байн бурдани “лимит” гуфтааст, ин ба “вазъи ҳаво вобаста аст”.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи боришоти барфу борони ду ҳафтаи охир сатҳи оби дарёи Вахш кам гардидааст. Айни ҳол сатҳи об 22-23% камтар аз меъёр аст.
Ин масъули “Шабакаҳои интиқоли барқ” мегӯяд, бекор шудани лимити барқ ба вазъи боришот ва обшавии барфҳо вобаста аст. Дар сурати зиёд шудани ҷараёни об, маҳдудият тадриҷан бекор мешавад.
Маҳмадумар Асозода раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарии 11-уми феврал гуфт, назорат накардан, ё зиёд истифода кардан, ба ҳаҷми зиёди коркарди об мусоидат мекунад, ки “дар моҳҳои март ва апрел эҳтимол норасоии нерӯи барқ шадидтар шавад”.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Ширкати “Барқи тоҷик” сабаби онро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ рабт медиҳад.
Қаблан масъулони соҳа изҳор дошта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра фаъол нашавад, лимити барқ боқӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфта, ки соли 2027 мушкили барқ пурра ҳал хоҳад шуд.