Лавров гуфт, набояд барои муҳоҷирон низоми раводид (виза) ҷорӣ шавад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар Думаи давлатӣ гуфт, кишвараш назорат аз болои муҳоҷирони кориро шадидтар бояд кунад, аммо набояд бар муқобили онҳо низоми раводид ҷорӣ карда шавад.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

“Мо чунин назар дорем, кт назорати рафтори онҳоро сахттар кардан лозим аст. Аммо монеа набояд эҷод шавад, махсусан низоми раводид ҷорӣ кардан лозим нест. Бале, дар муқоиса бо тартиби мавҷуда чораҳои иловагӣ андешида мешаванд. Аммо онҳо маҳз ба сахттар кардани назорат нигаронида шудаанд, на ба эҷоди монеаҳо барои муҳоҷирати меҳнатӣ”,- гуфт Лавров дар посух ба саволи вакилони парлумон дар бораи эҳтимоли тағйири муносибат бо муҳоҷирон.

Ба боварии ӯ, “муносибати сахттар бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ ҳеҷ гоҳ ба манфиатҳои дарозмуддати Русия нахоҳад буд”.

“Бале, албатта, тартибот бояд риоя карда шавад. Аз ҷониби муҳоҷироне, ки минтақаҳои гуногуни географӣ меоянд, бисёр қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд”, – эътироф кард вазири корҳои хориҷии Русия.

Ӯ гуфт, бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) махсус як қатор мулоқотҳо баргузор карда, ба ҳама саволҳои онҳо ҷавоб дода, “мантиқеро, ки мо бар асоси он кор мекунем, шарҳ додем”.

Лавров афзуд, дарвоқеъ, дар санадҳои асосии таъсиси ИИАО навишта шудааст, ки шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои аъзо ҳуқуқҳои баробар доранд: омадан ба Русия бидуни даъват, тасдиқ накардани макони кор ва ғайра.

“Аммо эҳтимол, акнун инро бояд мушаххас кунем”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазири рус, вуруди муҳоҷирон бояд назорат шавад ва мақомот бояд донанд, ки одамони барои кор омада дар куҷо қарор доранд.

“Кӣ ба онҳо кор медиҳаду масъул аст ва мутаносибан масъулияти риояи қонунҳои Русияро бар уҳда дорад”, – илова кард Лавров.

Ӯ изҳори итминон кард, ки “метавон инро бидуни эҷоди монеаҳои сунъӣ дар муносибатҳо бо иттифоқчиёни наздик ҳаллу фасл кард”.

“Бале, воқеан, ҳама қонунҳо доранд. Вале қонунҳо мутобиқи талаботи зиндагӣ тағйиру такмил меёбанд”, – мегӯяд вазири корҳои хориҷии Русия.

Дар Русия аз 1 январ тағйирот ба сиёсати муҳоҷират мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи он, муҳлати будубоши хориҷиён дар ин кишвар бидуни раводид (виза) ду баробар – аз 180 то 90 шабонарӯз дар як сол кам шуд.

Skip to toolbar