fbpx

“Латукӯби шавҳар маро аз пойи равон маҳрум кард”. Чӣ тавр Зарина ба танҳоӣ бори рӯзгор мекашад – видео

Ягона ва бузургтарин орзуи Зарина бори дигар ба пой хестан аст. Ӯ ҳамеша рӯзҳоеро ёд мекунад, ки мисли ҳама бо пойи худ мегашт.


3
3 points
Зарина Умарова баъди латукӯби шавҳараш аз пойи равон маҳрум мондааст.
Чанд вақт пеш шавҳари як дугонааш ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим намудааст.

Зарина Умарова аз соли 2006 инҷониб баъди латукӯби шавҳараш аз пойи равон маҳрум мондааст. Ин сокини 40-солаи шаҳри Бӯстон ҳоло бо ягона фарзандаш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр иҷоранишин аст. Нигарони 370 сомонӣ нафақаи маъюбияш нашуда, дар хона аз пашми чорво (бузи ангор) ҷӯроби дастӣ мебофад, то рӯзгорашро пеш барад.

Зимни суҳбат бо Your.tj Зарина муфассал нақл кард, ки чӣ тавр ба ин ҳол афтид ва имрӯз бо чӣ мушкилиҳо дучор меояд.

Рӯзе ба хона баргашта, ҷанҷол бардошт ва ба латукӯби ман сар кар
Вақте шавҳараш Заринаро латукӯб мекунад, ӯ ҳомиладор буд.

Зарбае, ки Заринаро аз пойи равон маҳрум кард

Қаҳрамони мо аз рӯзҳои нахустини зиндагии мустақилонааш бо азобҳои вазнин рӯбарӯ гаштааст. Ба гуфтаи ӯ шавҳараш нашъаманд будааст ва ҳамеша ҷанҷолу хархаша мекардааст. Заринаро доим мавриди латукӯбҳои бесабаб қарор медодааст.

“Рӯзе ба хона баргашта, ҷанҷол бардошт ва ба латукӯби ман сар кар. Дар ҳамин вақт бо пояш ба тахтапуштам зад. Аз шиддати дард аз ҳуш рафтам ва маро ба бемористон бурданд. Он вақт ман ҳомила будам ва то таваллуд кардан хеле азоб кашидам.

Духтурон вазъи маро дида ҷарроҳии қайсарӣ (кесарево) тавсия доданд, аммо хонаводаи шавҳарам ба ин розӣ нашуданд. Ҳангоми таваллуд миёнам дучанд лат хӯрд ва шиддати зарбаҳо торҳои асаби сутунмуҳраамро хароб карда, ба бемории фалаҷи пойҳо дучор шудам ва аз роҳгардӣ мондам”,– ёд овард аз он рӯзҳои талх Зарина.

Зарина аз мӯи чорво (бузи ангор) ҷӯроб мебофад
370 сомонии нафақааш барои харидории маводи ниёзи рӯзгор кифоя нест.

Пошхӯрии оила, ҳаҷми нафақа ва нигоҳубини фарзанд

Хушбахтона, қаҳрамони мо фарзандашро солим таваллуд кард, аммо зиндагии ӯву шавҳараш зиёд давом наёфт. Бино ба гуфти ӯ, хонаводаи шавҳараш, баъди аз роҳгардӣ мондани пойҳояш аз вай рӯй гардонидаанд. Хонаводаи худаш ӯро хуш қабул накарданд ва ё бо зиндагии хеш овораанд.

Зарина мегӯяд, дар шароити болоравии нархҳои бозорӣ 370 сомонии нафақааш барои харидории маводи ниёзи рӯзгор кифоя нест. Собиқ шавҳараш ҳам дигар аз ҳоли онҳо хабар намегирад ва барои ба воя расонидани фарзандаш кӯмаке накардааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ҳангоми ҷудошавӣ хонаводаи шавҳараш чунин шарт гузоштаанд, ки ё кӯдакро мо мегирем ё худат мегирию ҳама ҷавобгарияш бар зиммаи худат бор мешавад.

“Хуб мешуд, ки нафақаи маъюбонро каме зиёд мекарданду азобҳои мо андаке бошад ҳам сабук мешуд. Агар аз пойи равонам  маҳрум нашуда, дар ҷое имкони кор карда маош гирифтан медоштам, ҳаргиз муҳтоҷи ёриву зорӣ намешудам ва ризқу рӯзиямро ёфта, фарзандамро калон мекардам”,– иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҳунаре, ки нон меорад ва фарзанде, ки ғамхори модар гаштааст

Бо вуҷуди ин зан шукр мекунад, ки ризқу рӯзиашро аз роҳи ҳалол  дарёфт мекунад. Ба ӯ гоҳ – гоҳ ҳамсояҳо ва баъзе дӯстонаш низ кӯмак мерасонанд. Чанд вақт пеш шавҳари як дугонааш ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим намудааст, ки ин хеле мушкилиҳояшро осон сохт.

Зарина дар хона нишаста, аз пашми чорво (бузи ангор) ҷӯроби дастӣ мебофад. Ӯ рӯзҳои якшанбе дастранҷи хешро ба бозор мебарорад ва харидорони хуб ҳам дорад.

Қаҳрамони мо аз шукр мекунад, ки писараш Муҳаммадимрон дар бараш аст ва ягона ғамхору нигаҳбони модар гаштааст. Ӯ дар ҳама кор ба модар ёрӣ мерасонад, ҳатто дар пухтупаз.

Орзуи Зарина

Ягона ва бузургтарин орзуи Зарина бори дигар ба пой хестан аст. Ӯ ҳамеша рӯзҳоеро ёд мекунад, ки мисли ҳама бо пойи худ мегашт.

“Роҳгардии одамони атрофро мебинаму ёдам ба давраҳои наврасиам меравад ва дилам гум мезанад. Ман барои табобат гирифтан талош мекунам. Умедворам рӯзе мерасад, ки шифо ёфта, дубора роҳ мегардам”,- рози дил кард Зарина.

Раҳмон Пардаев, табиб – оморгари Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли 2022 47081 маъюб сабт шудааст.

Зимнан, тибқи муқаррароти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбони гурӯҳи 1 – 370 сомонӣ, гурӯҳи 2 – 285 сомонӣ ва гурӯҳи 3 – 100 сомонӣ нафақаи моҳона ҷудо карда мешавад.

Солеҳ  НУРАЛИЕВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend