logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Латукӯби омӯзгор дар Рӯзи омӯзгор ва вокуниши Вазорати маориф

Вазорати маориф гуфт, ҳолати мазкур тафтиш мешавад.

Your tj

14:4407.10.2024

Латукӯби омӯзгор дар Рӯзи омӯзгор ва вокуниши Вазорати маориф

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба масъалаи латукӯб шудани омӯзгори мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Ваҳдат Раҷабова Файзихон вокуниш кард.

“Масъалаи мазкур пурра зери назорати вазири маориф ва илм қарор дошта, гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбута дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор медиҳад.

Аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва чораандешӣ нисбат ба ин масъала иловатан маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад”,- менависад ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукиаш.

Вазорат ҳамчунин таъкид мекунад, ки ҳама гуна рафтору кирдореро, ки шаъну шараф ва мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст менамояд, маҳкум мекунад.

Латукӯб шудани Раҷабова Файзихон, як рӯз пеш – 6-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.

Ин омӯзгор дар муроҷиатномаи худ дар як гурӯҳи фейсбукӣ навишт, ки рӯзи 5-уми октябр – дар Рӯзи омӯзгорон волидайни яке аз хонандагони мактаби мазкур беиҷозат ба дарс даромада, дар назди хонандагон бе ягон пурсиш ӯро латукӯб кардаанд.

“Сабаб дар он аст, ки як рӯз пеш – 4-уми октябр дар давоми дарс фарзанди ҳамин волидайн, хонандаи синфи 8 ба дарс халал расонида, дарсро вайрон мекунад. Ман ҳамчун омӯзгор хонандаро ба утоқи директори мактаб бурдам, то чорае бинанд, аммо директори мактаб ба назди ҷонишини мактаб равон карданд, арзи ман бе натиҷа монд”,- шарҳ додааст ӯ дар навиштаи худ.

Ӯ менависад, дар натиҷаи “чунин рафтори ваҳшиёнаи ин волидайн” аз латукӯби зиёд дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудааст.

“Ин якум ҳолат нест ки дар ин мактаб волидайн омада ба омӯзгорони мактаб ҳамла мекунанду, латукӯб мекунанд”,- афзудааст ин омӯзгор.

Бори аввал нест...

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ба омӯзгор ҳамла мекунанд.

Моҳи сентябри соли равон дар Душанбе донишҷӯи 22-солаи курси дуюми Донишгоҳи тиҷоратӣ Беҳзод Назаров барои амалҳои авбошонааш нисбати омӯзгор боздошт шуд. 19 сентябр ӯ муаллими Тоҳир Султоновро дар аудитория таҳқир ва латукӯб кардааст.

Пеш аз ин дар Бохтар милитсия Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзодаро бо иттиҳоми ҳамла ба омӯзгори мактаби миёнаи рақами 7 боздошт карда буд. Боздоштшудагон муаллимонро дар роҳрав таҳқир ва латукӯб кардаанд. Бар зидди онҳо бо моддаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар оғози соли хониш зимни мулоқот бо кормандони маориф ва хонандагон дар Душанбе ба ҳукумат супориш дод, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва ба парлумон пешниҳод намояд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

2 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

2 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

5 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

5 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ