Куштори навбатӣ дар Конибодом. Чор кас кушта шудааст

Дар шаҳри Конибодом шаби 15-уми декабр чор каси дигар кушта шудаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳодиса 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух дода, кушташудагон аъзои ду оила ҳастанд.

Манбаъҳои Озодӣ дар мақомот ва сокинон гуфтаанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар – Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигори 28-сола ва ду каси дигар модару писар – Ойиша Шокирова 70-сола ва Ҷавлон Шокирови 44-сола буданд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, аз зану шавҳар се фарзанд ятим мондаанд, ки шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд.

Акс: Радиои Озодӣ

То ин лаҳза мақомот дар бораи ин ҳодиса шарҳе надодаанд. Деҳаи Ҳисорак дар наздикии маркази шаҳри Конибодом ҷойгир аст.

Ин танҳо дар як ҳафтаи охир пас аз куштори даҳшатноки 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дар Конибодом ҳодисаи дуюм аст.

Дар деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи шаби 8-9-уми декабр ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-соларо дар дарахт овезон, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-соларо бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо карданд.

Навбатдори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом гуфт, “ин ҳодисаи ҳангома аст, асоси воқеӣ надорад”.

Ин дар ҳолест, ки аз моҳи апрели соли равон кушта шудани камаш аъзоёни шаш оила дар шаҳри Конибодом расонаӣ шуд.

Баъдан Абдураҳмон Аламшозода муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, кушторҳои Конибодом “муқаррарӣ” аст ва “ягон ҳангомаи зиёдатӣ” нест.

“Шумораи 3-4 кушторе, ки содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор карда шуд. Ду ҳолати куштор вобаста ба муноқишаҳои оилавӣ аст, куштори оилаи Шариповҳо ва Умаровҳо. Инҳо дар доираи оила аст, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба суд ирсол кардан аст,” – гуфта буд ӯ.

Ин мақомдори тоҷик гуфта буд, ки дар хусуси ду куштори дигар бо сабаби сири тафтишот ахборот дода намешавад.

То ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум гирифтаанд. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст.

Наздикони Шарифҷон Ашӯров ӯро бегуноҳ медонанд ва ҳам пайвандони кушташудаҳо мегӯянд, агар инҳо қотилони асосӣ бошанд, пас чаро куштори оилаҳо дар Конибодом то ҳол давом дорад?

Skip to toolbar