fbpx
0

Баъди ҳамлаи як навраси 15-солаи рус ба мактабе дар вилояти Маскави Русия, ки дар пайи он як хонандаи 10-солаи тоҷик кушта шуд, Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки ин қазияро пайгирӣ мекунад.

Хабаргузории «Азия-Плюс» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намояндагии дипломатии кишвар бо мақомоти қудратии Русия дар тамоси доимӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ВКХ, ҳувият ва шаҳрвандии кӯдаки кушташуда расман тасдиқ шудааст.

Навраси 10-солаи кушташуда Қобилҷон Алиев, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад.

“Мавзӯи мазкур таҳти назорати қатъии Сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Ёддошти расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ирсол шудааст. Сафорат бо модари марҳум ҷиҳати мусоидат дар тамоси доимӣ мебошад”, – гуфтанд аз ВКХ-и Тоҷикистон.

Ин ниҳод ба наздикони навраси кушташудаи тоҷик ҳамдардӣ карда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳодиса аз сӯи мақомоти марбутаи Русия одилона тафтиш мешавад ва гунаҳкор ҷазои сазовор мегирад.

Ҳамла субҳи 16-уми декабр дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсов рух дод. Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад, ки навраси ҳамлавар бо корд ба муҳофизи мактаб ва як хонандаи хурдсол ҳамла кардааст. Кӯдак бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Мақомот то ҳол дар бораи шаҳрвандӣ ва шахсияти расмии қурбонӣ иттилоъ надодаанд.

Дар навори ҳодиса, ки онро саҳифаи «Mash» нашр кардааст, дида мешавад, ки ҳамлагар бо корд ба назди гурӯҳи хонандагон омада, аз онҳо мепурсад: «Шумо аз кадом миллат ҳастед?». Муҳофиз кӯшиш мекунад ӯро боздорад, аммо наврас ба рӯйи ӯ гази ашковар пошида, бо корд ҳамла мекунад. Баъдан ҳамлагар дубора ба кӯдакон ҳуҷум карда, як писарбачаро захмӣ месозад.

Пас аз ҳамла, гумонбар худро дар яке аз синфхонаҳо маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ боздошт шудааст. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда гуноҳи худро эътироф кардааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаи 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 ва моддаи 105 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабаргузории «РБК» менависад, ки муфаттишон аз ҳамлагар нусхаи дастгоҳи тарканда низ пайдо кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, ҳамла заминаи миллатгароӣ доштааст. Гуфта мешавад, наврас пеш аз ҳодиса «манифест»-и худро бо номи «Ғазаби ман» ба ҳамсинфонаш фиристода, дар он зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо изҳороти нафратангез навиштааст.

Нашрияи «Газета.ру» бо истинод ба Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад, ки навраси гумонбар дар бозпурсии аввал эътироф кардааст, ки чанд вақт боз барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид. Ҷузъиёти бештар аз бозпурсӣ нашр нашудааст. Маълум аст, ки ӯ Тимофей К. ном дошта, дар синфи 9 таҳсил мекард.

Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, аз ҷумла саҳифаҳои Telegram-и «112» ва «Осторожно, новости», хонандаи кушташуда Қобилҷон Алиев, аз оилаи муҳоҷирони тоҷик будааст. Модари ӯ дар ҳамон мактаб кор мекардааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба яке аз ҳамсоягони ин оила менависад, ки модари кӯдак пас аз вафоти шавҳараш ду фарзандашро ба танҳоӣ тарбия мекард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend