fbpx

Кушодани марз, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, созишномаҳои нав. Чӣ гуна Тоҷикистон ва Қирғизистон муносибатҳои ҳамсоягиро барқарор карданд

Ду ҷумҳурӣ дар масъалаҳои марз нуқтаи таърихӣ гузоштанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров созишномаи марзи ду кишварро имзо карданд.


1
1 point

Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров Шартномаи сарҳади давлатиро байни ду кишвар имзо карданд. Ин як ҳодисаи таърихан муҳим барои ду кишвар дар ҳалли масъалаи сарҳадӣ мебошад. Ҳамсояҳо қариб 23 сол барои мувофиқа кӯшиш карданд.

Имзои санад дар Бишкек дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба пойтахти Қирғизистон сурат гирифт.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

“Санадҳои муҳиме, ки имрӯз ба имзо мерасанд, дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон саҳифаи нав мекушояд”,- гуфт президенти Тоҷикистон.

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров изҳор дошт, ки ин иқдом ба таҳкими амният, субот ва рушди устувори на танҳо давлатҳои мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар Бишкек 16 ҳуҷҷат, аз ҷумла оид ба таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетика ва сохтмони роҳҳо ба имзо расид.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Президенти ду ҷумҳурӣ инчунин дар бораи таъсиси шӯрои муштараки байниҳукуматӣ қарор қабул карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Шӯрои байниҳукуматӣ дар заминаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба таъсис дода мешавад. Онро сарвазири ҶТ ва раиси девони вазирони Қирғизистон роҳбарӣ мекунанд.

Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои васеъ кардани гардиши мол ва таҳияи равишҳои нав ба афзоиши номгӯи молҳои мутақобилан таҳвилшаванда чораҳо андешанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи баланд бардоштани ҳаҷми тиҷорати мутақобила то 500 миллион доллар созиш ба даст омад.

Кушодашавии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Имрӯз дар сарҳади ду кишвар нуқтаҳои назоратии “Гулистон” – “Қизил-Бел” ва “Маданият” – “Қайрағоч”кушода шуданд.

Тавре аз наворҳо дида мешавад, ин лаҳзаро бисёриҳо интизор будаанд.

Пеш аз ин, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба расонаҳои Қирғизистон изҳор дошт, ки масъалаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон танҳо ба манфиати ду халқ ҳал шудааст ва интиқод дар бораи қарорҳои қабулшуда чизи маъмулӣ аст.

“Дар Тоҷикистон низ моро дар ин замина танқид мекунанд. Аммо ин чизи асосӣ нест. Муҳим он аст, ки манфиатҳои ду давлат ҳал карда шуданд. Муносибатҳо акнун бародарона, таърихӣ хоҳанд буд. Муносибат бояд мисли бародарони ҳақиқӣ бошад. Масъалаи кушодани ҳамаи гузаргоҳҳо ба таври ниҳоӣ ҳал карда шудааст. Ҳоло расман ду гузаргоҳ, баъд ҳамаи гузаргоҳҳои боқимонда кушода мешаванд”,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 21 феврал муайянкунии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид. Тафсилоти созишномаҳо 27 феврал ошкор карда шуд. Дар доираи созишнома байни кишварҳо мубодилаи қитъаҳои замин гузаронида шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд муфассалтар дар ин ҷо.

Барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ

14 март ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нахустин парвози чартерии худро дар 4 соли охир аз тариқи хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе анҷом медиҳад.

Аз 23 март парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба, рӯзи якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Бишкек 14:20 (бо вақти маҳаллӣ). Мудати парвоз 1 соату 30 дақиқа аз Душанбе ва 1 соату 20 дақиқа ба самти муқобил хоҳад буд.

Дар ояндаи наздик, ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки шумораи парвозҳоро ба Бишкек то ду маротиба дар як ҳафта – рӯзи чоршанбе ва якшанбе зиёд кунад. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар Қирғизистон буд, рӯзи 13 март инчунин эълон кард, ки барои парвозҳо аз Хуҷанд ба Бишкек супориш дод.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудиятҳои воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон қатъ карда шуд. Моҳи июни соли 2021 мақомоти Қирғизистон расман марзи Тоҷикистон, аз ҷумла алоқаи ҳавоиро бастанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend