fbpx

«Куртачакан». Қиссаи зиндагии маликаи рақси милли Хайринисо Ватанова

Хайринисо наздики 40 сол аст, ки рӯи саҳна мерақсад.


-1
-1 points

Хайринисо Ватановаро на танҳо дар саросари Тоҷикистон, балки берун аз он низ мешиносанд. Нафарест, ки ҳаводорони санъати рақсро ба худ мафтун кардааст. Ӯ 45 сол дорад, вале ҳамоно ба мисли духтараки 18 сола рӯи саҳна мечархад.

Хайринисо ба мо аз чӣ хел ба олами рақс омадан, назари шавҳар нисбати раққосиаш ва саргузаштҳои ҷолибии ҳаёташ қисса кард.

Қомати баланд, чеҳраи кушод ва абрӯвони пайванди тоҷиконаи Хайринисо ҳар бинандаро ба худ мафтун мегардонад. Дар даврони донишҷӯйӣ ӯ аз мухлисонаш садҳо номаҳои ошиқона мегирифт. Ҳатто боре ба хонаи шавҳараш номаи ошиқона бо таклифи издивоҷ фиристодаанд.

“Бо аҳли оила сари дастархон нишаста хӯрок мехӯрдем, ки хаткашон нома овард. Ман каме дар ҳарос будам, ки ҳоло агар ин номаи ошиқонаи мухлисе бошад, шавҳарам асабӣ мешавад. Номаро кушодам, беном. Ман аввал ба рақсҳоят ошиқ шудам ва баъдан ба худат, ҳоло мехоҳам бо ту хонадор шавам, навиштааст ошиқи беном, бо завқ нақл кард Хайринисо. – Шавҳарам ин суханҳоро хонда, хело хандиданд. Ман ҳайрон шудам, он кас гуфтанд, ки ман мефаҳмам, ки касбат чунин аст, ба ҳар як мактуби ба ту меомада, дар қаҳр шудан бемаъност”.

Аз рӯзе ки худро дар ёд дорам, мерақсам

Хайринисо Ватанова зодаи деҳаи Кӯҳнашаҳри Кӯлоб аст. Чӣ тавре, ки қаҳрамони мо нақл кард аз рӯзе ки худро дар хотир дорад мерақсид, ҳарчанд на дар оила ва на авлодашон ягон нафар ҳунарпеша набуд. Тамоми чорабиниҳои мардуми деҳаву мактабиро Хайринисои хурдсол бо рақсҳои ҷаззобаш зеб медод. Падару модар аз рақсҳои духтарашон ба завқ омада, ӯро ба ҳама чорабиниву маъракаҳо бо худ мебурданд.

“Ман худам намефаҳмам, ки рақсидани ман аз куҷо оғоз ёфт. Ҳаминро медонам, аз рӯзе ки худро дар ёд дорам, мерақсидам. Рақсҳои кӯдаконаи ман ба волидонам писанд буданд, аз ин рӯ доим дар маъракаҳо маро барои рақсидан ба саҳна мебароварданд”, – ба хотир меорад, Хайринисо

Хайринисо бешар рақсҳои нобиғаи рақси тоҷик Малика Қаландароваро меписандид ва ба ӯ тақлид мекард. Меҳри рақс бо гузашти вақт дар дили Хайринисо бузург мешуд, ҳамин буд, ки ӯ пас аз хатми мактаб аввалан дар Колеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, баъдан соли 1995 дар Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ҳарчанд тамоми ҳамсояву хешон ба падари Хайрӣ мегӯянд, ки духтарбачаро ба роҳи дур нафиристон, ӯ монеъи духтараш намешавад.

“Падару модарам орзу мекарданд, ки ман дар саҳнаҳои калон ҳунарнамоӣ кунам. Вақте коллеҷро хатм кардам ба падарам гуфтам, ки мехоҳам дар Душанбе таҳсил кунам. Бисёриҳо он касро аз роҳ мезаданд, ки бе ҳамон донишгоҳам рақсаша мекунад-ку, духтари ёшро ба роҳи дур нафиристон. Вале падарам ба гапи касе гӯш надоданд”, – нақл мекунад, Хайринисо.

“Малика Қаландарова не, балки Хайринисо бояд бошам!”

Пас аз хатми мактаби олӣ сабки Хайринисо ранги дигар мегирифт. Ӯ аллакай имову ишора ва ҳаракатҳои махсуси худро дошт, ки таваҷҷӯҳи тамошобинро ба худ ҷалб намуда буд.

“Дар хурдсолиам доим ба худ мегуфтам, ки бояд ба мисли Малика Қаландарова шавам, вақте ки калон шудаму аз нозукиҳои рақси касбӣ бохабар, бо худ гуфтам, “ман бояд Малика не, балки худ бошам ва рақси ман аз тамоми дигар раққосаҳо фарқкунанда бошад”. Оҳиста-оҳиста дар рақсҳоям усулҳои нав ба навро аз худ ворид мекардам”, – ба хотир меорад, ӯ.

Пас аз хатми донишкада Хайринисо як муддат дар ансабли “Фалак” и Кӯлоб ҳам ба рақс ва ҳам ба навозандагӣ машғул буд, баъдан танҳо ба рақс рӯй овард. Ӯ зери садои сарояндагони машҳури Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Ҷӯрабек Муродов мерақсид ва алакай ҳунари нотакрораш вирди забони мардум гашта буд. Акнун Хайринисоро натанҳо дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, балки хориҷ аз он низ ҳунарнамоӣ мекард ва хориҷиёнро дар ҳайрат мегузошт.

“Вақте ки дар хориҷа ҳунарнамоӣ мекардам, тамошобинон пас аз анҷоми консертҳо ба наздам меомаданд, то ки сару либос ва кокулонамро аз наздик бубинанд. Бисёриҳо хоҳиш мекарданд, ки куртаҳоямро ба онҳо бифурӯшам, вале ман наметавонистам, зеро ҳар яки он барои ман арзиши хоса доранд”, – мегӯяд ӯ.

Рақс маро аз бистари беморӣ бархезонд

Замоне ки Хайринисо Ватанова волидонашро аз даст медиҳад як мудат тарки саҳна мекунад. Дигар намехоҳад ба саҳна баргардад, чун ӯ ба хотири амалӣ кардани орзуҳои волидон дунёи рақсро интихоб карда буду ҳар як рақсашро ба онҳо мебахшид. Танҳо бо даъвати пай дар пайи мухлисон ва дастгирии ҳамсараш Хайринисо боз дубора ба саҳна бармегардад.

Хайринисо 37 сол аст, ки рӯи саҳна мерақсад ва ончунон ба рақс дода шудааст, ки ҳатто аз бистари беморӣ бархеста ба саҳна баромадааст.

“Як мудат бемории меъда сахт азобам дод. Якчанд моҳ дар беморхона бистариам карданд. Пас аз мурахассӣ духтурон таъкид карданд, ки боз якчанд моҳ ба саҳна набарояму корҳои вазнини ҷисмонӣ анҷом надиҳам. Ман ба сухани онҳо гӯш надодаму пас аз чанд рӯзи мурахассӣ ба саҳна баромадам.

Духтурон фаҳмида хело сарзанишам карданд, ки агар корамро идома диҳам аҳволам торафт бад мешавад, вале ман рӯз то рӯз беҳтар мешудам. Фикр мекунам, ки маҳз рақс маро аз бистари беморӣ бархезонд. Рақс барои ман мисли доруст”, – бо табассум нақл мекунад, қаҳрамони мо.

“Ба тамошобин ҳунари Хайринисоро нишон деҳ

Хайринисо Ватанова дар иҷрои ҳама намудҳои рақси миллии тоҷикона ҳамто надорад, вале мухлисон бештар аз ӯ рақси “Куртачакан” ро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ӯро баъзан лозим меояд, ки дар як чорабинӣ ё тӯй ин рақсро ду-се маротиба иҷро намояд.

“Намедонам чаро, вале ба мухлисонам рақси “Куртачакан” бештар писанд аст. Бо дархости онҳо баъзан ин рақсро якчанд маротиба иҷро мекунам”, – мегӯяд, Хайринисо.

Хайринисо Ватанова дар синни 25 солагӣ ба шавҳар баромадааст, ҳоло соҳиби се фарзанд аст. Ҳарчанд, ки шавҳараш санъаткор набуд, вале Хайринисоро доимо дастгирӣ мекард.

«Пеш аз оне, ки сафар дорӣ ва баромад мекунӣ, хонаводаро фаромӯш кун, чунки ту бояд дар фикри обрӯи миллату фарҳанги тоҷикон бошӣ. Ту набояд мушкилиҳои зиндагиатро ба саҳна барӣ, барои кӯдакон тамоман хавотир нашав, ман дар барашон ҳастам. Ҳамаро як сӯ гузошта, ба тамошобин ҳунари Хайринисоро нишон деҳ, – мегуфтанд шавҳари меҳрубонам. То охирин нафас ба ман муаллима гуфта муроҷиат мекарданд. Ҳоло ҷои ӯ фарзандонам дилбардориам мекунанд, вале ҳамоно ба ман дилбардориҳои ӯ намерасад»- бо таассуф аз ҳамсари худ ёд меорад, қаҳрамони мо.

Ҳоло Хайринисо Ватанова дар Гимназияи шаҳрии №1 дар пойтахт ба хонандагон дарси рақс мегӯяд ва ният дорад, ки дар оянда мактаби рақси худро ташкил кунаду шогирдони зиёд тарбият намояд, то ки давомдиҳандаи касби ӯ бошанд.

Фаридун Холбоев, хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкори Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend