Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Биноҳои Душанбе ба заминларзаҳои то 8,5 – 9 балл тобоваранд 

Таркиш дар “Моҳирсемент” боиси марги ду нафар шуд

Дар натиҷаи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар дар Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 6 нафари дагар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Ҳодиса 31-уми январи соли 2023, дар пайи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар, ки ҳарорати семент дар он то 150 дараҷа гармӣ мерасад, рух додааст. Дар натиҷа 8 нафар кормандон зарар дидаанд ва ду нафари онҳо, аз ҷумла як шаҳрванди кишвари Чин фавтидаанд”, – гуфт Ҷамшед Маҳмадзода.

Ба гуфти манбаъ, ду нафар дар натиҷаи сӯхтани 99 дарсади аъзои баданашон ба ҳалокат расидаанд. 6 нафари дигар айни ҳол дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Як нафаре аз бистаришудаҳо, барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст”, – иброз дошт Ҷамшед Маҳмадзода.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи семент дар ҷануби кишвар буда, маҳсулоти он на фақат дар бозори дохилӣ, балки минтақавӣ низ фурӯхта мешавад.

Қариб 1,2 миллион сомонӣ ҷарима аз 4800 камбудии сохтмонҳои кишвар

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8 – уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, кумита қариб 4800 камбудиро ошкор кардааст.

Акс аз fergana.ru

Ба гуфтаи ӯ ин биноҳо ҳудуди 1 млн 186 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

“Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 886 сохтмони иншоотҳо ҷараён дорад”,- гуфт Мирзозода.

Ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар соли 2022 ба масоҳати умумии 1,7 млн метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 19 дарсад зиёд будааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳрҳои Норак, Леваканд ва ноҳияҳои Вахш, Балҷувон пурра ба анҷом расида, ҳоло дар раванди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Низом Мирзозода аз норасоии кадрҳои сатҳи байналмиллӣ дар Кумита нигаронӣ карда, гуфт, ки дар хориҷ аз кишвар 42 нафар таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод 22 нафарашон меъморанд ва Кумита бо онҳо дар тамос аст ва пас аз хатми донишгоҳ ба онҳо шароити корӣ фароҳам месозад.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Биноҳои Душанбе ба заминларзаҳои то 8,5 – 9 балл тобоваранд

Биноҳои Душанбе ба заминҷунбиҳои то 8,5 – 9 балл тобоваранд, таъкид дошт  раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 8 – уми феврал.

Баландошёнаҳо дар Душанбе

Ӯ барои мисол аз зилзидлаи 6,6 бала дар Душанбе ёдовар шуд. Ин ҳодиса чанд сол пеш замони муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон буданаш рух додааст. Мирзозода афзуд, он замон биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.

“Ҳатто “кран”-е, ки дар ҳолати корӣ буд, чапа нашуд. Баъди ин, мо комиссияи корӣ таъсис додем, ва аз иншоотҳо дидан кардем. Вақти санҷиш дар ду бинои 20 –ошёнаи Душанбе маълум шуд, ки танҳо дар қисмати поёнӣ каме андоваи он кафида буд.

Ҳарчанд, биноҳои баландошёна кафиданд, рангу бораш рехт, вале худи биноҳо фурӯ нарехтанд. Муҳим бино фурӯ наравад, чунки дар сурати фуру рафтани бино талафоти ҷонӣ мешавад. Сиёсати дигари сохтмонӣ ҳаст, ки дар вақти заминларза бигзор бино “коробка” афтад, вале фурӯ наравад. Чукни дар ин сурат одамон зинда мемонанд”,- гуфт Низом Мирзозода.

Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви” – и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.

Ба таъкиди ӯ, лоиҳаҳое, ки онҳо барои сохтмон иҷозат медиҳанд, ҳатман қисмати зери бино бо назардошти зилзилатобоварӣ таҳрезӣ мешавад.

Номбурда хабар дод, ки бо ишора ба заминҷунбии шадиди чанд рӯзи охир дар Туркия ва Сурия иқдом гирифтанд, дар назди Раёстаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис  диҳанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.

Ёдовар мешавем, ки дар заминҷунбии 7,8 балае, ки ду рӯз пеш дар Туркия ва Сурия ба амал омад, садҳо хона хароб гашта, дар асоси омори охирин, дар маҷмӯъ,  8 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 30 ҳазор тан маҷруҳ шудаанд.

Тоҷикистон барои кӯмак ба зарардидагон ба Туркия 50 наҷотдиҳанда, аз қабили духтурон равон кард ва гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик кӯмаки башардӯстона ҳам мефиристад.

50 нафар имдодгар ва кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон имшаб ба Туркия меравад

Шаби имрӯз Тоҷикистон ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар имдодгаронро мефиристад, хабар дод сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Акс аз хазинаи сомонаи dailysabah.com

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати гурӯҳе, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Туркия сафарбар мегарданд, имрӯз соати 14:00 дар пойгоҳи наҷотдиҳандагон дар Лучоб ҷамъ меоянд.

“Кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон, лавозимоту таҷҳизоти наҷотдиҳандагон ҳам ба ҳамин ҷо оварда мешаванд. Баъдан соати 12-и шаб наҷотдиҳандагон, кумаки башардӯстона ва дигар таҷҳизоту лавозимот ба фурудгоҳ бурда мешаванд”, – иброз дошт вай.

Тавре ки зикр гардида буд, ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.

Кумаки ҷамъовардашуда ва наҷотдиҳандагон тариқи ҳавопаймои ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) ба Туркия фиристода мешаванд.

Вақти дақиқи парвозро хабар надоданд, лекин тавре ки маълум аст, мувофиқи ҷадвали парвозҳо, ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳо аз Душанбе ба Туркияро соати сеи шаб анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Кумакро ба Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 расонидан лозим аст.

Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад. Ба сафорат метавон бо телефонҳои 487024100 ва 487024108 занг зад.

Тибқи маълумоти то субҳи 8 феврал, бар асари заминларза дар Туркия 5 ҳазору 894 нафар ҳалок ва боз 34 ҳазор кас ҷароҳат бардоштаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, ки ба ҳолати 7 феврал тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, байни фавтидагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Skip to toolbar