Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:4002.08.2023
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, санҷишҳо натиҷаи мусбат доданд ва сохтмонҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанду Бохтар ба зилзила тобоваранд.
"Аз ҷониби комиссияи таъсисёфта 36 бинои навбунёд дар Бохтар ва 26-то дар Хуҷанд аз санҷиш гузаронида шуда, тобоварии онҳо ба заминларза қаноатбахш арзёбӣ гардид",- таъкид кард ӯ.
Вале шумораи биноҳои санҷидашуда дар шаҳри Душанбе номбар нагардид.
Моҳи феврали соли равон, пас аз заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия, Кумитаи меъморӣ бо таъсиси як комиссия тасмим гирифта буд, ки ба зилзила тобоварии бино ва иншоотҳоеро, ки солҳои 2018-2022 ба истифода дода шудаанд ва инчунин сохтмонҳои нотамоми Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро месанҷад.
Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло дар пойтахт сохтмони 600 бинои нав идома дорад.
Низом Мирзозода инчунин гуфт, ки дар Душанбе ҳангоми санҷиш камбудиҳои зиёд ошкор шудааст, вале ҷиддӣ набуда, танҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ аст.
“Ҳуҷҷатгузориро то ба охир нарасонидаанд. Санади корҳои ноаёнро, ки бояд ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд, накарданд. Дар баъзе минтақаҳои биноро бояд бетон мекарданд, хишт кардаанд. Ҳамаи онҳоро тахриб карда, ба ҷояш бетон кардем”, - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон биноҳо тариқи мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои махсуси озмоишгоҳҳои Хадамоти назорати сохтмон ва меъмории Кумита санҷиш ва баҳогузорӣ карда мешаванд.
Тайи чанд соли охир дар кишвар сохтмони биноҳои баландошёна авҷи тоза гирифтааст. Вале сокинон аз гаронии нарх ва сифату дар ҷойҳои номуносиб сохтани бино, инчунин ба назар нагирифтани баъзе талаботи дигар шикоят мекунанд.
Читайте также
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
8 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
11 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
12 дня назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
15 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
15 дня назад