logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Кумитаи дин: Гурӯҳе аз шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои сохта дар Арабистони Саудӣ сарсон шудаанд

Your tj

12:4609.04.2026

Кумитаи дин: Гурӯҳе аз шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои сохта дар Арабистони Саудӣ сарсон шудаанд

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи шаҳрвандони кишвар, ки бо ваъдаи адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, бо сабаби қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳояшон сарсон шудаанд.

Ба навиштаи Кумита, ин шаҳрвандон бо фиреби афроди алоҳида, ки мехостанд манфиати молӣ ба даст оранд, ба ҳаҷ сафар кардаанд. “Ин афрод бо таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ зоиронро бовар кунонидаанд, ки барои адои маросими ҳаҷ ба онҳо кумак мекунанд. Аммо дар асл, ин ҳуҷҷатҳо қувваи ҳуқуқӣ надоранд ва будубоши қонунии шаҳрвандонро дар мавсими ҳаҷ кафолат дода наметавонанд”, – омадааст дар изҳороти Кумита.

Ҳоло гурӯҳи шаҳрвандон дар ҳолати душвор қарор дошта, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дархост кардаанд, ки барои баргаштан ба Ватан кумак расонанд.

Кумита таъкид кардааст, ки муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои ҳаҷи фарзии соли ҷорӣ қаблан ба анҷом расида, пас аз ин муҳлат ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё шахси миёнарав имкони таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро надорад.

Ҳамзамон Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолат ба телефони боварии Кумита – +992 37 221 83 58 муроҷиат кунанд.

То кунун маълум нест, ки афроди қаллобе, ки ин гурӯҳи тоҷикистониҳоро ба Арабистон бурдаанд, барои ин амал боздошт ё муҷозот шудаанд ё не.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

22 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

23 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ