Дар давоми ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозии Барномаи рушди тандурустӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, пешрафти назаррас дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли аввали татбиқ қайд карда шуданд.
Ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, ки аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони шарикони татбиқи барнома ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, баргузор гардид. Дар давоми ҷаласа, Кумита дастовардҳои ин барномаи бисёрҷониба дар давоми соли якӯми татбиқ таҳти муҳокима гирифта шуда, афзалиятҳои асосиро барои соли оянда баррасӣ намуд.
«Барномаи рушди тандурустӣ аллакай ба рӯзномаи миллии тандурустии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Мо ба шарикӣ байни Иттиҳоди Аврупо, СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ баҳои баланд медиҳем» – гуфт д-р Ғафур Мӯҳсинзода, Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ.
Кумитаи ҳамоҳангсозӣ ба дастгирии техникӣ, ки аз ҷониби СУТ дар самти маблағгузории тандурустӣ расонида шудааст, ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи умумии маблағгузории тандурустӣ ва татбиқи мехнизмҳои самараноки маблағгузории тандурустӣ саросари кишвар ёрӣ мерасонад, баҳои баланд медиҳад. Саҳми назаррас, ки аз ҷониби GIZ ба барқароркунии муассисаҳои тандурустӣ гузошта шудааст, ҳамчунин дар давоми муҳокимаҳои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ қайд карда шуданд. Арзёбиҳои аз ҷониби ЮНИСЕФ гузаронида шуда, ва саъю кӯшишҳои ин ташкилоти бонуфуз оиди такмили пешгирӣ ва назорати сироятҳо дар сатҳи баланд баҳо дода шуданд. Ин чорабиниҳо дар такмил ва таҳкими пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва байни аҳолӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд.
“Барномаи рушди тандурустӣ саъю кӯшишҳои шариконро дар воқеият татбиқ кардани Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мекунад. Ҳисси мансубият ба барнома дар сатҳи баланд ба қабули қарорҳои самаранок ва гузаронидани машваратҳо барои пешбарии рӯзномаи умумии мо оварда расонидааст. Ин ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозӣ далели қувваи шарикӣ мебошад” – гуфт Марк Бухманн, Роҳбари шӯъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ.
Барномаи рушди тандурустӣ бо буҷети умумии 52,2 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, идомаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар давоми се даҳсола бо мақсади Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 расонида мешавад.
Барномаи рушди тандурустӣ таҳти шиори “Солимии ҳеҷ кас ӣеаҳамият нахоҳад монд” дар муддати байни солҳои 2021 ва 2025 амалӣ мешавад. Дар давоми соли аввалини татбиқ, се агентии татбиқкунанда – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Агентии ҳамкории байнаолмиллалии Олмон (Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), бо саъю кӯшишҳои ҳамбаста, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас шудани Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ (ФУХТ) дастгирии назаррас расониданд. ФУХТ вазифаи муҳимтарини Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мебошад, ки ҳадафи он кафолати дастрасии хизматрасониҳои заминавии тандурустӣ барои ҳама сокинони Тоҷикистон бидуни сарбории молиявӣ мебошад.
Барои маълумоти иловагӣ оиди Барномаи рушди тандурустӣ, лутфан, тариқи: hdpcommunications@who.int дар тамос бошед.
Маълумотнома оиди дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон
ИА тақвисти низомҳои тандурустии Тоҷикистонро дар тӯли зиёда аз 10 сол дастгирӣ намуда, маблағи зиёда аз 60 миллион евроро барои дастгирии Ҳукумат ва тасмими он ба Фарогирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ саҳмгузорӣ намудааст. Маблағгузории қаблии ИА дар соҳа ба тақвияти таҳияи сиёсатҳои далелнок ва нақши танзимгароӣ, баланд бардоштани самарабахшии низоми кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ, муассисаҳои беҳтар ва таҷҳизонидашуда, ва такмили салоҳият ва малакаҳои кормандони тандурустӣ саҳм гузоштааст. Рушд ва рақамикунонии низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ барои ҷамъоварии иттилооти омории эътимоднок низ тавассути маблағгузории ИА имконпазир шудааст.
Чанде пеш, ИА ҷорабиниҳои вокуниш ба COVID-19 дар ҳаҷми 4,6 милион евро дастгирӣ намудааст, ки дар маблағгузории воситаҳои ҳифз барои бештар 1 500 кормандони тиби сафи пеш ва таҷҳизонидани 80 беморхона бо таъҷизоти сунъии ҳаводиҳии шушҳо барои беморон дар вазъи вазнин ёрӣ расониданд.
Инкишофи низомҳои эмгузаронӣ(иммунизасия) қисми заминавии фаъолияте мебошад, ки аз ҷониби ИА дар ҳамкорӣ бо ГАВИ ва кишварҳои шарик барои тақвияти низомҳои тандурустӣ амалӣ мекунад. Тими Аврупо яке аз саҳмгузорони пешбари механизми COVAX бо ҳаҷми 2,2 миллиард евро буда, ИА тасмим гирифтааст, ки 200 миллион вояи ваксина зидди COVID-19-ро ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна тӯҳфа мекунад. Бар илова, ИА шарики маблағгузори калидии Фонди глобалӣ, Механизми глобалии маблағгузорӣ ва Шарикӣ дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ мебошад, ки ҳама онҳо дар самти такмили дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тундурустӣ барои аҳолии Тоҷикистон амал мекунанд.