Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли 2021 2 ҳазору 936 занон аз ҷониби мардон ва 546 мардон аз ҷониби занҳо дучори зуроварӣ шудаанд.
Тибқи омори ВКД шумораи умумии шикоятҳои шаҳрвандон аз зӯроварӣ дар оила 3485 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 548 нафарашон занҳо мебошанд. Мувофиқи ин омор шикояти занҳо аз зуроварӣ дар оила ба мақомоти ВКД назар ба соли 2020 54 ҳолат кам шудааст.
Аммо омори Кумитаи кор бо занон ҳамоно нигаронкунанд аст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки занҳо чанд маротиба бештар нисбати мардҳо ба хушунат ва зӯроварӣ дучор меоянд. Тавре дар кумита гуфтанд бештари мардон дар ҳолате шикоят мекунанд, ки зан аз онҳо талоқ талаб мекунанд.
Ҳамчунин дар кумита гуфтанд, ки барои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ қарор аст, паноҳгоҳ бисозанд. Аммо барои ин анҷоми ин сохтмон маблағ надорад.
“Дар шаҳри Душанбе алакай барои сохтани як чунин паноҳгоҳ барои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд, қитъаи замин ҷудо шудааст. Аммо барои оғозу анҷоми ин сохтмон кумита дар ҷустуҷӯи маблағгузор аст. Як қисмати маблағи ин сохтмон дар назар аст,ки аз буҷҷаи давлат ҷудо шавад.”, – гуфт, Сабоҳат Раҳимӣ, сардори шӯъбаи бахши иттилоти ин кумита.
Ҳоло маълум нест, ки сохтмонти чунин як панҳгоҳ кай оғоз меёбаду кай ба истифода дода мешавад. Айни ҳол ҷабрдидагони хушунати хонаводагиро ба панҳогоҳҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ равон мекунанд, ки дар шаҳри Душанбе танҳо ТҶ “Корвони Умед” барои ҷабрдидагонро бо ҷои зист ва хӯроки гарм, яъне паноҳгоҳ таъмин мекунад, ки он ҳам ҳамагӣ барои 10 нафар ба назар гирифта шудааст.
Дар умум дар ҷумҳурӣ 3 паноҳгоҳ барои ҷабрдидагони зуроварӣ дар оила мавҷуд аст, ки ин ТҶ “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар, ТҶ “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ ”Корвони Умед” дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Малика Сафарзода