fbpx

Кумакпулии якдафъаинаро ба кӣ медиҳанд? Аз 3 млн доллар аллакай чанд сумаш тақсим шудааст?

Чӣ гуна метавон кумакпулии якдафъаинаро гирифт ва барои дастрас намудани он бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, дар маводи мо бихонед.


0
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Аввалҳои июли соли ҷорӣ ҳукумати кишвар эълон кард, ки дар доираи як барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар даврони коронавирус ёрии молии якдафъаина мерасонанд. Ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда 3 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Бархе сокинони кишвар шикоят доранд, ки бо вуҷуди дар феҳрасти ниёзмандон номнавис шуданашон, аз ин кумакпулӣ маҳрум мондаанд

Ба саволҳои Шумо оиди дастрас кардани маблағи кумаки якдафаъина аз Вазорати тандурустии кишвар ҷавоб гирифтем. Кумаки якдафъаина ба ҳар оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида мешавад.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба киҳо дода мешавад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ осебпазир мегарданд, таъйин ва пардохт карда мешавад. Маблағгузории кумакпулии иҷтимоии якдафъаина аз ҳисоби манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ тибқи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи амалисозии Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Маблағи кумак чӣ қадарро ташкил медиҳад?

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба як оилаи камбизоате, ки дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз 0 то 36 моҳа) мебошад, як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ дода мешавад.

Чаро танҳо ба ин оилаҳо дода мешавад?

Бемории коронавируси нави COVID-19 тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи паҳншавии он вазъи иқтисодии кишвар, низоми содироту воридоти молу маҳсулот, бахусус молҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум ва озуқаворӣ нисбатан коста гардиданд. Дар натиҷа ин омил ба болоравии арзиши баъзе маҳсулоти ниёзи аввал оварда расонид, ки қобилияти истеъмолии қишри ниёзманди аҳолӣ хеле маҳдуд гашт.

Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз норасогӣ ё камистеъмолии ғизо пеш аз ҳама оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд, бештар осеб диданд, ки ин ба рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 солаи мамлакат барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина тавсия дода шуданд.

То имрӯз чӣ қадар оилаҳо ин кумакҳоро дастрас кардаанд?

То 17 ноябри соли 2020 ба 32 ҳазору 677 оила кумак расонида шудааст.

Аз 3 млн. доллари амрикоӣ чӣ қадар маблағаш дастраси ин оилаҳо гардид?

16 млн. 338 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда шудааст ва пардохти маблағи кумакпулиҳо тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Тамоми он оилаҳое, ки кӯдакони то 3 сола доранд, ба гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ доранд?

Тибқи тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина танҳо оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола (аз 0 то 36 моҳа) ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки агар онҳо дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

Оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3-солаи 28 шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 дар онҳо механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ гардид, баъди ба онҳо таъйин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба рӯйхати пардохти кумакпулии яквақтаинаи фаврии иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Пардохти кумакпулии мазкур ба чунин оилаҳо дар моҳи минбаъдаи ба амал даромадани қарори мазкур анҷом дода мешавад.

Агар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд надошта бошад, пас, волидонаш чӣ кор бояд кунанд?

Агар дар натиҷаи баҳогузории вазъи зиндагии хонавода оила ҳамчун оилаи камбизоат ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намояд ва дар баробари ин кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, пас барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии яквақтаина волидони кӯдакро зарур аст, ки ба таври таъҷилӣ онро тибқи қоидаҳои амалкунанда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуди фарзандашонро ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа мутахассиси коргузорӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти заруриро ба махзани маълумотҳо дохил менамояд ва оилаи камбизоат барои гирифтани кумакпулии болозикр ҳуқуқ пайдо намуда, ҳамин тавр пардохти кумакпулӣ моҳи дигар анҷом дода мешавад.

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба кӣ расонида мешавад ва тартиби гирифтани он чӣ гуна аст?

Барои гирифтани кумакпулӣ сардори оила ба унвони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро ба ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи истиқомати хеш пешниҳод намоянд:

– ариза дар бораи тайъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;

– маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзои оила;

– маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси муроҷиаткунанда;

-нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои калонсоли оила, шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак, инчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маъюбият (агар чунин шахсон дар ҳайати оила бошанд).

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи зисти доимӣ ройгон дода мешаванд.

Мақоми татбиқкунандаи кумакпулии унвонии иҷтимоии якдафъаина кадом вазорат ё идора маҳсуб меёбад?

-Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина маҳсуб ёфта, ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар раванди татбиқи механизми мазкур, маъмурикунонии махзани системаи иттилоотии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоиро барои пардохт, гузаронидани мониторинги рафти тадбиқи он дар шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend