Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1204.12.2023
Криштиану Роналду дар бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” иштирок намекунад.
“Капитани дастаи “Ал-Наср”-и Саудӣ ва тими Португалия Криштиану Роналду дар бозии даври шашум дар лигаи Чемпионҳои АФК бо “Истиқлол” иштирок намекунад”,- хабар додааст “Истиқлол” дар саҳифаи худ дар Инстаграм.
Маъмурияти бошгоҳи “Ал-Наср” гуфтаанд, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон захм бардоштааст ва то ҳол натавонистааст шифо ёбад.
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ санаи 5-уми декабр вориди майдон мешаванд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки беш аз 10 ҳазор билети ин бозӣ фурӯхта шудааст.
Билет бо нархҳои 100, 300 ва билети дараҷаи олӣ (VIP) 3000 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар бозии даври дуюми дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол” 2-юми октябр дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз бозӣ карда буданд. Дар ин бозӣ “Ал-Наср” бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда буд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
5 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад