Коронавирус: Дар Хуҷанд фаъолияти «Дискотекаҳо» манъ карда шуд

Дар шаҳри Хуҷанд мақомоти фаъолияти марказҳои дилхуширо манъ карданд. Онҳо қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

Қарори манъи фаъолияти марказҳои дилхушии «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос»-ро рӯзи 22-юми октябр сардухтури давлатии санитарии шаҳр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова имзо кардааст, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Манбаъ меафзояд, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

«Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,- омадааст дар изҳорот.

Қайд мешавад, ки дар асоси қарори номбурда марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

Skip to toolbar