Кормандони гумруки Узбекистон дар сарҳад бо Тоҷикистон қариб 70 кг маводи мухаддирро ошкор карданд

Гуфта мешавад, 30 баста бо вазни 31,9 кг ҳероин ва 36 баста бо вазни 37,3 кг ҳашиш дар умум 69,2 килограммро ташкил дод.


Гумруки Узбекистон 70 кг маводи мухаддири аз Тоҷикистон интиқолшударо ошкор кард

Акс аз podrobno.uz

Дар дидбонгоҳи гумрукии Сариосиё дар вилояти Сурхондарё наздики 70 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд. Ин миқдорро зери рӯйпӯши кабинаи мошини боркаши холӣ пинҳон карда, кӯшиш намуданд ба Узбекистон интиқол диҳанд, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё.

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар дидбонгоҳи марзии Сариосиё дар Сурхондарё ҳангоми тафтиши як мошини боркаши тамғаи “Волво”, ки аз Тоҷикистон омадааст ва тибқи аснод холӣ сабт шудааст, миқдори калони маводи мухаддир бо вазни 69,2 кг ошкор шудааст.

Дар асоси натиҷаи тасвири рентгенӣ кормандони гумрук ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатӣ дар дохили мошин кофтукови чуқур анҷом дода, аз зери рӯйпӯши кабина 66 баста маводи мухаддир дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, 30 баста бо вазни 31,9 кг ҳероин ва 36 баста бо вазни 37,3 кг ҳашиш дар умум 69,2 килограммро ташкил дод.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишот идома дорад.