fbpx

Корманди корхонаи давлатӣ дар Истаравшан бо ришва дастгир шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Мард бо дастони баста

Зарари сел дар Суғд ҳисоб карда мешавад

Бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3 – юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтидаанд. Кормандони КҲФ ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ машғуланд.

Оқибатҳои сел дар Хуҷанд
Акс аз “Азия-Плюс”

“Кормандони мо 6 нафарро аз минтақаи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчониданд ва ду мошини сокинонро аз зери лойоба берун карданд”, – гуфт Диловар Ҳамдамов, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд.

Аз  КҲФ гуфтанд, шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст”, – гуфтанд дар КҲФ.

Сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, – таъкид мекунад КҲФ.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

Корманди корхонаи давлатӣ дар Истаравшан бо ришва дастгир шуд

Музаффар Пулотов, корманди Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан ба гирифтани пора муттаҳам мешавад. Ӯ 33 ҳазор сомонӣ ришва ситонидааст, иттилоъ медиҳад Агентии зидди фасоди Тоҷикистон.

Занҷирро ба дасти ҷинояткор маҳкам мекунанд

Ба гуфтаи манбаъ, номбурда ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ дар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор мекард.

“Музаффар Пулотов зимни фаъолияти кориаш барои мусоидат ба гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо аз як шаҳрванд 33 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб гирифтааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбати Музаффар Пулотов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.

Манбаъ менависад, ки баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар моддаи 247 қисми 3 банди “а” қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр, “ба миқдори калон” буда, бо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ҷазо пешбинӣ мешавад.

Яке аз ҷонибдорони Русия дар таркиши қаҳвахонае кушта шуд

Дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия блогнависи низомӣ Владлен Татарский (номи маслии ӯ Максим Фомин аст) кушта шуд.

Блогери рус дар таркише кушта шуд
Акс аз саҳифаи иҷтимоии Владлен Татарский

Таркиш 2-юми март, тахминан баъди соати 18 рух додааст. Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, ки расонаҳо бо такя ба манобеи худ интишор мекунанд, дар ин қаҳвахона шаби эҷодии Владлен Татарский идома дошт. Дар ҷараёни он духтаре ба блогнавис тандис ё ҳайкал туҳфа намуд, ки дар он маводи тарканда ҷойгир карда шуда буд. Пас аз чанд лаҳза таркиш рух дод.

Мақомоти Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳадафи таркиш маҳз Владлен Татарский буд.

Дар хусуси шахсиёти он духтар ҳоло маълумоти дақиқ дастрас нашудааст ва пулис ӯро мекобад.

Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин, беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки Владлен Татарский дар гузашта дар ҳайати неруҳои низомии рӯ ба Русия дар Донбасс ҷангида буд ва дар бораи ҷанги Русия дар Украина гузориш медод.

Ба гузориши расонаҳои Русия, дар шаби эҷодии Владлен Татарский дар Петербург наздики 100 кас иштирок дошт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend