Мунира ду сол мешавад, ки аз Восеъ ба Душанбе муҳоҷират кардааст ва дар мағозаи дасти дуюм кор карда, дар таҳхонаи як ҳавлии истиқоматӣ бо дугонаҳояш зиндагӣ мекунад. Ӯ дар як моҳ, як рӯзи истироҳатӣ дорад, ки он рӯз ба дидорбинии духтарчаи хурдсолаш мешитобад, то ӯро бубинад. Духтарчааш ҳамроҳи волидони Мунира зиндагӣ мекунад. Қаҳрамони мо умед дорад, ки рӯзе соҳиби хонаи истиқоматӣ шуда, духтарчаашро барои ҳамеша бо худ мегирад.
Мунира ба Your.tj аз саргузашти талхи худ ва мушкилоти занони муҳоҷир қисса кард.
Зиндагӣ дар таҳхона
Мо аз дарвозаи ҳавлии ду қабатае даромадем, ки он наонқадар калон, вале ҳуҷраҳои зиёде дошт. Он ҷо нафарони зиёде дар иҷора менишастанд. Аз тарафи рост соҳибони ҳавлӣ ҷойгир буданду аз тарафи чап бошад, бинои одии иборат аз ду қабат ва таҳхона, ки дар он иҷоранишинон зиндагӣ мекарданд. Соҳибони хона низ ҷое кор намекунанд ва аз ҳисоби пули иҷоранишинон зиндагиашонро пеш мебаранд.
Барои вохӯрӣ бо Мунира мо ба тарафи чапи ҳавлӣ даромадем. Мунира бо дугонаҳояш дар таҳхонаи ҳавлӣ зиндагӣ мекардаанд. Аз дари хурдакаке даромадем, ин ошхонаи духтарҳо буд. Дар ошхона ғайр аз плитаи электрикӣ, ки болояш деги хӯрок меҷӯшид, дигар чизе набуд.
Дар тарафи чапи ошхона дари дигаре буд. Ин ҳуҷраи духтарҳост, он чандон калону васеъ нест, дар фарши хона як палоси тунукаке, ки нисфи хонаро мепӯшонд, андохта шудааст. Вақте мо даромадем, духтарҳо дарҳол аз ҷой баланд шуда, барои мо кӯрпача партофтанд ва аз ташрифи меҳмонони нохонда дар ҳайрат монданд. “Узр, ки мо шароити меҳмондориро надорем”, гуфт хоксорона, яке аз онҳо. Маълум буд, ки аз шароити доштаашон шарм медоштанд.
Зуд дастархон партофта, рӯи он чою нон гузоштанд, соат ба 19 наздик мешуд, духтарҳо нав аз кор омада буданд ва ба назар хеле хаста менамуданд. Ҳатто мадори барои шом хӯрок омода кардан надоштанд.
“Хона”-и бешароит
Дар хонае, ки ин муҳоҷирзанон зиндагӣ мекунанд, ягон шароит нест. На ҷевон, на қолине, ки ҳадди аққал тамоми фарши хонаро пӯшонад. Либосҳояшонро муҳоҷирзанон ба мехҳои дар девор буда, овехтаанд ва назди фарши тирезаашон, банкачаҳои чойи хушк, намак ва шакар гузошта шудааст. Эҳтимол барои табақу косаашон ҷой набудаст, ки онҳоро даруни ҳамдигар монда рӯи фарши хона гузоштаанд.
Мунира бо дугонаҳояш ду сол мешавад, ки дар ҳамин “хона” зиндагӣ мекунанд ( онҳо низ аз шавҳарҳояшон ҷудо шуда, фарзандонашонро ба падару модарашон супорида, ба муҳоҷират омадаанд). Ҳар моҳ ба соҳибхона 600 сомонӣ (200 сомонӣ сари шахс) месупоранд. Қаҳрамони мо дар яке аз мағозаҳои либосҳои дасти дуюми бозори “Сафариён”, ёрдамчии фурӯшанда, шуда кор мекунад (Мунира барои харидорон либос ёфта медиҳад ва пас аз рафтани онҳо либосҳоро батартиб медарорад).
Хӯроки нисфирӯзи намехӯранд, то пасандоз кунанд
Кори Мунира ҳар субҳ аз соати 7 оғоз ёфта то соати 6-и бегоҳ идома мекунад. Музди рӯзонаашон 40 сомонӣ аст, инчунин барои хӯроки нисфирӯзӣ 10 сомонии дигар мегиранд. Баъзан вақт, онҳо хӯроки нисфирӯзиро намехӯранд, то пасандоз кунанд. Аз сабаби кам будани маош, онҳо наметавонанд хонаи беҳтареро ба иҷора бигиранд.
“Чанд маротиба хонаи иҷораи дигареро кофтем, вале нархашон хеле гарон, музди мо иҷозат намедиҳад, ки иҷораи қимматаре бигирем. Ин ҷо мо 200 сомонӣ медиҳем, пули барқ об ва дигар хароҷотҳоро худи соҳибхона пардохт мекунад. Аз ин рӯ, барои мо мувофиқ аст ва ҳам дар наздикии коргоҳамон ҳам арзон”, – мегӯяд Мунира.
Мунира 32 сол дошта, ҳатто маълумоти пурраи миёнаро низ надорад. Дар хурдсолӣ духтари эркаи хонадон буд ва касе маҷбураш накард, ки дарс бихонад, ба мактаб биравад. Вақте Мунира ба синни 18 расид, ӯро ба шавҳар доданд. Қаҳрамони мо аз зиндагӣ шикояте надошт, шавҳари меҳрубон дошту, бо аҳли хонаводаашон ҳам муносибаташ хуб буд. Дар се соли зиндагии якҷоя бо шавҳараш Мунира соҳиби як духтарча шуд.
“Шавҳарамро ҷӯраҳояш куштанд”
Қаҳрамони мо боре ҳам аз ба мактаб нарафтану таҳсилашро идома надодан, изҳори пушаймонӣ намекард. Чун шавҳараш дар Русия кор карда, оилаашро ҳаматарафа таъмин мекард. Хушбахтӣ ва оилаи солими Мунираро як фоҷеаи даҳшатбор ба кобус табдил дод. Соли 2014 шавҳари Мунираро шариконаш дар Русия бераҳмона ба қатл расониданд.
“Зиндагиамон хуб буд, аз чизе камиву аз касе шикоят надоштам. Шавҳарам марди ҳалиму меҳрубон буд, вале умр ба ӯ вафо накард. Дар муҳоҷират буд, ки хабари маргашро оварданд. Рафиқони ҷонии худаш куштандаш. Ҷинояткорон ҷазояшонро гирифтанд, вале чӣ фоида, ки оилаи хушбахти мо барҳам хурд”, – бо алам нақл мекунад, Мунира.
Пас аз марги шавҳар, қаҳрамони мо ба хонаи падару модараш бармегардад, ҳарчанд, ки волидони шавҳараш исрор мекарданд, то бо онҳо бимонад.
“Оилаи шавҳарам калон буд, дар як ҳавлӣ се оила мезист, пас аз марги шавҳарам, ки бештари таъминоти хонавода дар гардани ӯ буд, дигар нахостам, ки сарборашон шавам, вале сарбори падару модари худ низ шудан бароям мушкил буд”, – мегӯяд, Мунира.
Пас аз як соли мотам дар сӯги шавҳар, Мунира хост, ки дар ягонҷо кор кунад, то ҳадди аққал ба хонаводаашон каме кӯмак шавад. Аммо Мунира маълумоти миёна, ки надошт ба корҳои давлатӣ қабулаш намекарданд. Дар деҳот бошад, на завод буду на фабрика. Ягона кори мекардаи занони деҳа, ин пахтачинӣ буд, ки он ҳам бо гузашти фасл тамом мешуд .
Роҳ ба сӯйи муҳоҷират
Ба ҳар ҳол Мунира ба пахтачинӣ мерафт ва каме ҳам бошад маблағ ба даст меовард. Ҳамин тавр қаҳрамони мо дар мавсими пахта пахтачинӣ мерафту, боқимондаи вақташ бо бекорӣ паси сар мешуд. Замоне, яке аз ҳамсояҳояшон, ки ӯ низ аз шавҳараш ҷудо шуда ба хонаи волидайн омада буд, пешниҳоди ба Душанбе барои кор рафтанро дод.
Мунира дар аввал аз набудани ҷойи зист дудила шуд, ҷойи корро дугонааш аллакай ёфта ҳамоҳанг карда буд. Пас аз фикру хаёлҳои зиёду маслиҳат бо аҳли хонавода, Мунира ҷомадони муҳоҷиратро ба даст гирифт. Ӯ мехост духтарчаашро низ ҳамроҳ бигирад, вале илоҷи дигар надошт.
“Намехостам, аз духтарам ҷудо шавам, ин барои ман ва ҳам барои духтарам зарбаи сахте буд, чун пас аз марги падараш, барояш ҳам падар будаму ҳам модар. Вале хуб фикр карда баромадам, бародаронам низ зиндагии худашонро доранд ва падару модарам ҳам абадӣ нестанд. Бояд барои худаму духтарам як кулбае дошта бошам, гуфтаму ба роҳ баромадам”, – ба ёд меорад, Мунира.
“Духтарам доимо занг зада гиря мекард…”
Муҳити тамоман наву ноошно ва дурӣ аз фарзанди ягонааш барои қаҳрамони мо, мушкил буд, аммо ӯ маҷбур буд, ки ояндаи худу духтарашро фикр кунад.
Мунира ҳамроҳи ду дугонаи дигараш, ки ҳарсе бе шавҳаранду фарзандонашонро дар хонаи волидайн гузошта, ба пойтахт барои кор омадаанд, зиндагӣ мекард.
Ҳоло Мунира дар як рӯзи истроҳатиаш, ки моҳе як маротиба аст, ба ноҳияи Восеъ меравад, то ҷигарбандашро бубинад. Ӯ мегӯяд, ки дар аввали омаданаш, духтараш доим занг мезад ва гиря мекард. Акнун ду сол мешавад, ки ӯ аллакай одат кардааст ва моҳе як маротиба омадани модарашро интизор мешавад.
“Ҳар моҳ дар рӯзи санитарии бозор ба хонаамон меравам, дигар вақт мо рухсатӣ гирифта наметавонем, чун бозор ҳамарӯза кушода аст ва мо бояд дар ҷойи корамон бошем. Духтарчаам акнун калон шудааст ва дигар гиря ҳам намекунад. Ӯ ба мактаб меравад, доим таъкидаш мекунам, ки хуб хонад, то дар оянда мисли ман азоб накашад. Агар имкон даст диҳад, ният дорам, ки пас аз хатми мактаб ӯро ба донишгоҳ дохил кунам” – мегӯяд, қаҳрамони мо.
Мунира айни ҳол маблағ пасандоз мекунад, то барои худу духтарчааш хонаи истиқоматӣ бихарад.
Қариб ҳама занони дар муҳоҷирати доиолӣ буда, аз рӯи мушоҳидаҳоямон, фарзандонашонро дар хонаи волидайнашон мегузоранд ва барои дарёфти пул ба пойтахт меоянд. Мушкилии онҳо як аст, харидани хона ва дурӣ аз фарзандон.
Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Your.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.