Заводи сементи Душанбе то охири сол баста мешавад

Корхонаи сементбарории Душанбе баста мешавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, то охири соли 2023 фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе қатъ кунад.

Ба навиштаи АМИТ “Ховар” корхонаи мазкур солҳои 40-уми асри гузашта сохта шуда, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ нест ва таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст.

“Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок нест”,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, солҳои охир дар минтақаҳои Тоҷикистон шумораи корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии калон зиёд шуда, онҳо имконият доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо семент таъмин ва содиротро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд.

Skip to toolbar