Коргарони як ширкати машғули кор дар «Роғун» гуфтанд, ним сол боз маош нагирифтаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи "Азия-Плюс

ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи $2,6 миллион зарфҳои оксигени тиббӣ дод

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба воситаи намояндагии Бунёди амрикоии рушди байнулмилал (USAID) дар Тоҷикистон 29 декабр ба Вазорати тандурустӣ 200 зарфи оксигени тиббӣ тақдим дошт.

Ин бахши аввали барномаи ёриҳои ИМА ба Тоҷикистон дар таҳияи таҷҳизоти таъмини оксиген аст. Ҳамчун идомаи он қарор аст дар соли оянда се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксиген аз тарафи USAID ба беморхонаҳои Тоҷикистон расонда хоҳанд шуд. Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро дар пешгирии паҳншавии COVID-19 ситоиш карда гуфтааст: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама сарбозон ва афсарон туҳфаи Соли навӣ медиҳад

Ба ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳо ва созмонҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳ, оилаҳои сарбозон ва афсарони ҳангоми иҷрои вазифа фавтида, аз номи президент ва Сарфармондеҳи Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд. Танҳо дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа беш аз 20 ҳазор сарбозону афсарон тӯҳфа мегиранд, хабар доданд аз маркази матбуотии раёсати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс”.

Инчунин аз номи президент тӯҳфаҳо ба марзбонон, сарбозони Гвардияи миллӣ, нерӯҳои дохилӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ва бригадаи корвони вазорати адлия супорида мешаванд. Барои сарбозон ва афсарон дар саросари кишвар мизҳои идона ороста мешаванд.

Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон ба беш аз $8 млрд расид

Қарзи корхонаву ташкилотҳо дар зарфи се моҳ 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 305 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020) зиёд шуд.

Ба ҳолати 1 октябри соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда наздики 87 млрд сомонӣ, яъне худуди 8,2 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Ҳиссаи корхонаву ташкилотҳои зиёновар ба ҳолати 1 октябри ҳамин сол ҳудуди 28%-ро ташкил медиҳад. Чунин корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати коркард, инчунин сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои зиёновар дар сатри “корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” бо шумули ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” ҷойгир шудаанд.

Рустами Эмомалӣ беш аз 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ваъда кард

То 30-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе беш аз 4000 иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 23000 ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешаванд.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, танҳо дар соли сипаришуда аз ҳисоби ба истифода додани корхонаҳои мавҷуда ва афзоиши иқтидорҳои нав дар пойтахт тақрибан 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Гуфта мешавад, ки дар давоми 2 сол барои 14 ҳазор хонанда 13 мактаби нави миёна ва 7 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад.

Коргарони як ширкати машғули кор дар “Роғун” гуфтанд, ним сол боз маош нагирифтаанд

Даҳҳо коргари ширкати “Асри нур”, ки дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи “Роғун” кор мекунанд, иддао доранд, ним сол боз маош нагирифтаанд. Масъулони “Асри нур” ба Радиои Озодӣ қазияро шарҳ надоданд, аммо дар ҷавоби расмӣ ба шикояти баъзе аз коргарони худ гуфтаанд, “моҳ ба моҳ ва бемаҳдудият муздро мепардозанд“.

Ба иддаои коргарон, дар ширкати “Асри нур” 160 нафар фаъолият доштанд ва ба сабаби таъхир дар пардохти маош то кунун бист кас кори худро қатъ кардаанд.

Мадина Кенҷаева, сокини ноҳияи Шаҳритус, 29-уми декабр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, ҳамсараш Темур Кенҷаев дар ширкати “Асри нур” кор мекунад ва бори охир ба ҳисоби бонкиаш моҳи июни имсол пул гузаштааст. Ӯ гуфт, барои фаҳмидани асли масъала ба номи раҳбарияти нирӯгоҳи “Роғун” ҳам нома навиштанд ва дар ҷавоб инро гирифтанд:

“Маоши коргарон барои моҳи январи имсол пурра ва моҳи феврал 50 дарсад пардохта шудааст. Бо дарёфти маблағ аз тарафи фармоишгар музди кории Темур Кенҷаев пурра пардохта хоҳад шуд.”

Толиб Раҳимов, раиси ширкати “Асри нур” баробари шунидани суоли рӯзноманигорон дар бораи масъалаи маоши кормандон гӯширо гузошт ва дигар ба зангҳо посух надод. Ӯ пештар дар нерӯгоҳи “Сангтуда-1” кор мекард ва баъд аз оғози сохтмони нирӯгоҳи “Роғун” ба ин ҷо омад.