Кор дар фурудгоҳи Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар дар вазифаи фурӯшанда-мушовир даъват мекунад.

Ба навиштаи Вазорат барои тоҷикистониён беш аз 51 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Музди кории якмоҳа 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Корфармо чунин шароити кориро пешниҳод мекунад:

  • Ҷойи зист;
  • Суғуртаи тиббӣ;
  • Хароҷоти нақлиёт;
  • Билети рафтуомад барои ҳавопаймо.

Талабот барои довталабон:

  • Доштани 2 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш ва хизматрасонӣ ба муштариён;
  • Суҳбати озод бо забонҳои англисӣ ва русӣ.

Дархостро тарқи почтаи электронии exh@jusour.qa ва ё сомонаи tawzeef.qa гузоштан мумкин аст.

Вазорат барои маълумоти бештар суроға ва рақамҳои Агентии муҳоҷират ва филиалҳои минтақавии онро гузоштааст:

  • Душанбе: кӯча Лоҳутӣ, 108, тел: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679
  • Хуҷанд: маҳаллаи 28, х.2А, тел.: +992928079999
  • Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, х.69, тел.: +992905800063, +992934878828
  • Хоруғ: кӯчаи Н.Атобек, х.16, тел.: +992935101439
Skip to toolbar