fbpx

Кор дар Британия. Чӣ тавр Насим ба кори мавсимӣ рафт

Ба гуфтаи ӯ дар як моҳ беш аз 20 ҳазор сомонӣ ба даст овардан мумкин аст.


0
Муҳоҷири тоҷик дар Британия
Акс: Насим Саидов дар Британия

Насим Саидов, хатмкардаи бахши рӯноманигории донишгоҳи давлатии Кӯлоб аст. Баъд аз хатми донишгоҳ дар телевизиони Кӯлоб ва Раёсати кор бо ҷавонони ин шаҳр фаъолият кардааст. Аммо барои ба даст овардани даромади бештар ва амалӣ кардани нақшаву орзуҳои ояндааш мисли ҳазорон муҳоҷири тоҷик ба Русия рафт.

Вале кор дар Русия ва даромади он ҷо барояш чандон муносиб наомад ва самти муҳоҷираташро дигар карда, тавассути барномаҳои корӣ ба Британияи Кабир рафт.

Ӯ дар бораи роҳҳои қонунии рафтан ва кор пайдо кардану даромад ба даст овардан дар ин кишвар ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Concordia – ширкате, ки Насимро ба Британия бурд

Насим Саидов мегӯяд, ки бо машварати як дӯсташ се моҳ пеш тариқи ширкати Concordia (ширкати бовариноки давлатӣ, ки аз саросари ҷаҳон коргарони мавсимиро дар соҳаи кишоварзӣ ва боғдории Британияи Кабир ҷалб мекунад) ба Британия рафт ва ҳоло дар як корхона ба бастабандии мева машғул аст.

Кор дар англия
Насим ҳангоми кор

Ба гуфтаи ӯ ин ширкат қонунӣ ва аз нигоҳи дигар боварибахш мебошад. Онҳое, ки тариқи ин ширкат ба Британия мераванд, дар қадами аввал корфармоён онҳоро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, бо ҷойи кор ва хоб таъмин мекунанд.

 “Дар наздикии се моҳ ҳуҷҷатҳоям омода шуд. Кор дар ин ҷо мушкил нест, муҳоҷирон аз Узбекистону Қазоқистон, Украинаю Руминия ва Болгария низ ҳастанд. Занони муҳоҷири тоҷик ҳам дар инҷо кор мекунанд. Набояд ба ҳар ширкат бовар кард, зеро ҳастанд ширкатҳое, ки фиреб мекунанд. Ман ширкати Concordia-ро барои омадан ба инҷо тавсия медиҳам”,- мегӯяд Насим.

Беш аз 20 ҳазор сомонӣ дар як моҳ

Кор дар Британияро Насим беҳтар аз муҳоҷират дар Русия медонад. Баъзе нафарон ба ин боваранд, ки дар фасли зимистон барои муҳоҷирон дар Британия кор нест ва ё душвор аст. Аммо қаҳрамони мо мегӯяд, ҳар нафаре, ки тариқи ширкатҳои боваринок дар чаҳор фасли сол ба Англия меояд, ҳатман ба кор таъмин мешавад.

Кор дар Британия

“Дар ин ҷо маош дар муқоиса ба Русия аз замин то осмон фарқ мекунад. Ҳар ҳафта ё дар ду ҳафта як бор маош гирифтан мукин. Дар Русия дар додани маош фиребкорӣ зиёд дида мешавад, аммо инҷо чунин ҳолат вуҷуд надорад. Дар фасли тобистон метавон зиёд кор кард ва пули бештар ба даст овард. Дар як моҳ метавон беш аз 20 ҳазор сомонӣ ба даст овард”,- мегӯяд муҳоҷири тоҷик.

Набояд қонуни муҳоҷиратро вайрон кард

Донистани забони англисӣ ҳатмӣ нест, афзуд Насим, вале ба гуфтаи ӯ онҳое ки ин забонро медонанд, аз тарафи корфармоён дар анҷом додани корҳо бартариҳо дода мешавад. Яъне ба онҳо корҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ сабуктар пешниҳод мегардад.

Ҳар як кишвар ба худ қоидаҳои махсуси рафтуомад ва ё қабули муҳоҷирон ба корро доранд. Насим Саидов мегӯяд, ки мутаассифона бархе аз муҳоҷирони тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар дигар кишварҳо низ ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, ки барои худ ва дигар муҳоҷирон мушкилӣ эҷод мекунанд. Қоидаҳои будубош дар Англия барои муҳоҷирон чунин аст:

“Британия барои муҳоҷирони корӣ визаи 6-моҳа медиҳад, бояд баъди анҷоми ин муддат ҳатман ба кишвари худ баргашт. Ин яке аз талаботи асосии кишвари қабулкунанда аст, ки бояд ҳатман он риоя шавад. Вагарна дубора наметавон ба инҷо омад. Ба нафароне, ки мехоҳанд ба Британияи Кабир биёянд, гуфтанӣ ҳастам, ки ҳатман қонунҳоро риоя кунанд, то барои худ ва дигар муҳоҷирон дарди сар наоранд”,- таъкид кард ӯ.

Насим барои муҳлати истодани худро дар Британия дароз кардан хост аз роҳҳои қонунӣ кор бигирад, ҳарчанд барои мондану кор кардан се моҳи дигар вақт дорад. Борҳо ба ҳуқуқшиносон муроҷиат кард, вале ҷавоби рад гирифт.

Тавофути муҳоҷирати корӣ миёни Русия ва Британияи Кабир

Агарчӣ Насим замони муҳоҷират дар Русия боре ҳам ба дасти милитсия наафтодааст, вале борҳо шоҳид шудааст, ки дигар муҳоҷирони тоҷик чӣ тавр мавриди бозпурсиву фишорҳои шадиди онҳо қарор мегиранд. Тӯли се моҳе, ки дар Британия қарор дорад, дар вақтҳои фориғ аз кор барои сайругашт ба кӯчаҳои шаҳр мебарояд ва ба чунин ҳолати ягон маротиба дучор нагардидааст.

“Вақтие бори нахуст ба Русия рафтам, дар як корхона ба ҳайси электрик кор кардам. Бархӯрди мардуми рус, хусусан корфармоён бо муҳоҷирон на чандон хуб буд. Замоне ки ҳуҷумҳои Русия ба Украина оғоз ёфт, ман дар Русия будам. Ҳол кор дар Русия аз ҳарвақта дида мушкил аст. Аммо дар ин ҷо хуб аст”,- нақл мекунад муҳоҷири тоҷик.

Қаҳрамони мо баъди як моҳи кор дар Британия дар шабакаи иҷтимоии Ютуб саҳифаи худро боз кард, то барои онҳое, ки мехоҳанд ба ин кишвар раванд, роҳҳои рафтан ва пайдо кардани корро нишон диҳад.

Сомонаҳои расмӣ барои муҳоҷирати қонунӣ дар Британия

Насим аз корфармоёнаш якчанд сомонаҳои расмиеро, ки дорои “GLAA” яъне иҷозатноми Вазорати корҳои дохилӣ (Home Office)-и Британияи Кабирро доранд, барои овардани хориҷиён ба кори мавсимӣ пешниҳод мекунад.

Тариқи ин сомонаҳо муҳоҷирони корӣ метавонанд (Cosnumber-визаи спонсориро) аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ ба даст оранд. Яке аз роҳҳои ба даст овардани визаи корӣ ин бе хато пур кардани анкетаҳо мебошад.

  1. http://www.cspa.com.ua/uk/ru
  2. https://infoworld.com.ua/seasonal_uk/
  3. https://pro-force.co.uk/
  4. https://www.hopslaboursolutions.com/find-a-job
  5. https://agrihr.com/Secondary.aspx?lang=rus&id=4
  6. https://osrodek-hr.com/ru/
  7. https://www.fruitfuljobs.com/
  8. https://uk-work.ru/
  9. https://agropraktika.by
  10. https://easytoseasonalwork.com/about-g-solutions/?lang=ru
  11. https://agrecruitment.eu
  12. https://ethero.co.uk/

Қаҳрамони мо мақсад дорад, ки баъди ба охир расидани шартномаи кориаш ба Ватан баргашта, баъди мудате боз дубора ба Британияи Кабир ба кори мавсимӣ равад.

Амонҷон Муҳиддинов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend