fbpx

Кор барои зинда мондан ё чӣ тавр коронавирус гурезагони афғонро бе ҷои кор кард?


0

Масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гарме дорад. Гурезаҳои афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, барои қабули самимӣ дар ин кишвар изҳори миннатдорӣ мекунанд, вале онҳо дар ҷустуҷӯи кор ва пайдо кардани василаи рӯзгузаронӣ мушкилӣ доранд. 

Мувофиқи иттилои дарёфтӣ ба ҳолати имрӯза дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст. Пайвандии фарҳангӣ – забонӣ миёни ду кишвар то андозае барои мутобиқ шудани онҳо мусоидат кардааст. Аммо дар Тоҷикистон буҳрони молиявӣ идома дорад ва ҳамзамон мизони баланди бекорӣ мушоҳида мегардад.

Хусусанд замоне, ки дар кишвар бемории COVID-19 хуруҷ карду муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Ватан баргаштанд, сафи бекорон афзуд. Иқтисоди кишвар бошад, ба таври назаррас аз интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатии Русия вобаста аст.

Дуруст аст, ки мушкилии кор барои мардуми таҳҷоӣ душвор аст, вале коронавирус зиндагии бе ин ҳам душвори афғонҳоро дар Тоҷикистон боз ҳам мушкилтар кардааст.

Бисёре аз онҳо, ки бо челонгарӣ, ошпазӣ, дӯзандагӣ, таъмири мошин, ронандагӣ, сохтмончӣ машғул буданд, бе ҷои кор монданд. Ин барои мардуми тоҷик душвор аст, аммо барои гурезагон мушкилтар мебошад.

Муҳаммад Азим Бохтарӣ, ки 38-сол дорад мегӯяд, дар Маркази савдои “Ашан” фаъолият дошт, бо сабаби хуруҷи COVID-19 дар кишвар бе ҷои кор монд:

“Аз тарафи намояндагиҳои СММ мо ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шудем ва баъд аз анҷоми омӯзиш, аз миёни 13 нафар маро дар озмун барои кор дар Маркази савдои “Ашан” интихоб карданд. Аз сабабе, ки худаму ҳамсарам ва модарам ба бемории коронавирус сироят ёфтем, дигар натавонистам корамро идома диҳам”.

“Шумо коронавирусро овардеду моро бемор кардед”

Ин ҷавон моҳи майи соли 2019 ба Тоҷикистон омадааст ва феълан дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ дорад. Наздики ду моҳ аст, ки дар яке аз ширкатҳои мусофиркашонии шаҳри Ваҳдат бо ронандагӣ машғул аст. Вай мегӯяд, барояш кор дар маркази савдо беҳтар буд, чун он ҷо дар рафти кор таҷрибаи зиёди корӣ мегирифт ва ин метавонист барои ояндааш таъсири мусбат расонад:

“Коронавирус ба зиндагии ман сахт таъсир расонд. Аввал ин ки аз ин беморӣ модарам фавтид. Баъдан, агар дар “Ашан” кор мекардам, он аз таксиронӣ беҳтар буд. Чун он ҷо тарзи савдо ва пеш бурдани корро меомӯхтам ва шояд дар оянда бо тиҷорат машғуд мешудам. Вале дар таксӣ наметавонам ин корҳоро омӯзам. Дигар ин ки бо сабаби коронавирус фарзандонам аз мактаб монданд. Ҳатто мо дар он биное, ки зиндагӣ мекардем аз ҷониби ҳамсояҳо ба табъиз рубарӯ шудем. Гуфтанд, ки шумо коронавирусро овардеду моро бемор кардед. Дигар мо ҳам аз он бино ба дигар ҷо кӯч бастем. Хулас бисёр мушкилиҳои муҳоҷиратро дидем”.

Намояндагии Раёсати Комиссари олии Созмони Миллати Муттаҳид дар умури гурезаҳо дар Тоҷикистон барои ифтитоҳи тиҷорат ба гурезаҳо ёрии молӣ мекунад, аммо на ҳама итминон доранд, ки дар соҳибкорӣ муваффақ мешаванд.

“Маҳдудиятҳои истиқомат гурезаҳоро барои пайдо кардани кор маҳрум мекунад”

Афғонҳо мегӯянд, дар қиёс ба минтақаҳо, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ аз мушкили бекорӣ ранҷ мекашанд, имкони пайдо кардани кор дар пойтахт бештар аст. Зеро яке аз монеаҳо барои ҷустуҷӯи кор манъи зиндагии гурезаҳои афғон дар шаҳри Душанбе аст. Қонуне, ки гурезаҳои афғонро аз зиндагӣ дар пойтахт ва навоҳии марзӣ маҳрум месозад, соли 2000-ум дар пайи хавфи вуруди ҷангиён зери ниқоби муҳоҷирон мавриди амал қарор гирифт.

Яъне, ҳар афғоне, ки то санаи 26-уми апрели соли 2000-ум ба Тоҷикистон омадааст, ҳуқуқи дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карданро дорад. Вале ҳар касе баъд аз ин сана омад ҳуқуқ надорад, ки дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ кунад.

Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғонҳо “Ориёно” мегӯяд, маҳдудиятҳои истиқоматӣ оилаҳои гурезаҳои афғонро аз дастрасӣ ба шароити беҳтари зиндагӣ, аз ҷумла манзил ва ҷои кор маҳрум мекунанд. Зеро дар ин минтақаҳо, ҳатто барои сокинони маҳаллӣ пайдо кардани ҷои кор мушкил мебошад.

Ба гуфтаи ӯ гурезаҳои афғон хеле хоксорона зиндагӣ мекунанд, зеро пасандоз ё захираи калони хӯрокворӣ надоранд. Онҳо бояд пули манзили иҷораро пардохт кунанд. Баъзе муҳоҷирони мо аз ҳисоби дастгирии хешовандонашон, ки дар Канада, Амрико, Олмон ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, рӯз мегузаронанд. Ҳоло чунин кӯмакҳо нест, зеро дар кишварҳои истиқоматии онҳо чораҳои карантин ҷорӣ шуда, наметавонанд пул фиристанд.

Шаҳрванди кишвари мо нестед, наметавонем Шуморо ба кор қабул намоем”

Мино Мустафоӣ, ки чор сол қабл ба Тоҷикистон омадааст, аз зиндагии вазнини оилааш шикоят мекунад. Вай мегӯяд ,писараш дар яке аз ташкилотҳои хурд ошпаз шуда кор мекард, бо сабаби коронавирус натавонист корашро идома диҳад:

“Моҳи майи соли ҷорӣ дар корхонаи писарам карантин эълон карданд, пас аз дубора ба кор оғоз кардани ташкилот, огаҳ шудем, ки ба ҷои писари ман дигареро ба кор қабул кардаанд. Ҳатто худам хостам дар ягон ҷо бо коре машғул шавам, дар вақти муроҷиат корфармоён ба мо мегӯянд, ҷойи кори холӣ надоранд. Оилаи мо калон аст ва дар хонаводаи мо танҳо писарам кор мекунаду халос. Зиндагиамон душвор аст”.

Ба гуфтаи ӯ феълан писараш бекор аст ва барои пайдо кардани шуғле ба ҷойҳои гуногун меравад, аммо тақрибан аз ҳама ҷо як ҷавоб мешунавад: “Шаҳрванди кишвари мо нестед, наметавонем Шуморо ба кор қабул намоем”.

Ин дар ҳолест, ки Абдумаҷид Ризоев, як ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бо дарёфти мақоми гуреза афғонҳо ҳамчунин имкони боз кардани тиҷорати хурдро пайдо мекунанд:

“Онҳо мисли шаҳрвандони кишвари мо аз пардохти андозҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаронида шудааст, озод мешаванд”.

Шумораи афроди бекор ва корҷӯ дар Тоҷикистон

Муҳаммад Азим Бохтарӣ мегӯяд, фарзандонаш дар баробари таҳсил дар мактаб боз барои забономӯзӣ дарси иловагӣ мегиранд, вале бо сабаби кам будани даромад наметавонад иловапулии кӯдаконашро пардохт кунад:

“Ҳамсарам бошад кор намеёбад, ки ин барои мо мушкил аст. Ҳарчи бошад мо муҳоҷир ҳастем ва муҳоҷират мушкилиҳои худро дорад. Мехоҳам, ки фарзандонам забони русӣ ва ҳарфҳои кирилиро хуб аз худ кунанд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend