Кормандони КФҲ аз дарёи Душанбе ҷасади як нафарро пайдо карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Тоҷикистон соли гузашта сафари  2 ҳазору 285 нафар ба хориҷ манъ кардааст

Дар соли 2021 Хадамоти иҷрои Тоҷикистон бо сабаби қарздорӣ 2285 шаҳрвандро мамнуъулхуруҷ кардааст, ки дар натиҷа, 49 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, беш аз 487 ҳазор сомонӣ қарзи худро ба давлат пардохт карданд.

Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода имрӯз, 30 март баъди ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳамчунин, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар соли 2021 –ум 3471 шахси воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ ба феҳрести қарздорони Хадамоти иҷро ворид карда шуданд.

Ӯ афзуд, дар соли 2021 беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки аз сӯи шаҳрвандон ихтиёрӣ иҷро нашуд, бо ирсоли варақаи иҷро аз сӯи додрасҳо вориди Хадамоти иҷро гардид ва бештар аз 80 дарсади чунин қарорҳо бо мусоидати ин ниҳод амалӣ шудаанд.

– Вақте ҳукми додгоҳ аз як тарафи баҳс ихтиёран иҷро намешавад, аз сӯи додгоҳ ба Хадамоти иҷро варақаи иҷро пешниҳод мешавад ва ба хадамот онро асос карда иҷборан қарори додгоҳро амалӣ мегардонад. Яъне беш аз 48 ҳазор қарори додгоҳӣ, ки ихтиёрӣ аз сӯи тарафҳо иҷро нашуд, ба дасти хадамот расид ва мо кӯшиш намуда истодаем, ки онҳоро иҷборан амалӣ намоем, – гуфт роҳбари Хадамоти иҷро.

Аз дарёи Душанбе ҷасади як нафарро пайдо карданд

Бегоҳии 30 – юми март, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дохили дарёи Душанбе ҷасади як шахсро берун оварданд.

Гуфта мешавад, ки роҳгузарон ба қисми навбатдории КФҲ занг зада аз дидани як ҷасад дар дарёи Душанбе хабар додаанд. Ҷасадро дар наздикии пӯли мошингузари “Султони Кабир” дарёфт карданд.

“Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Кормндони наҷот соати 17:30 дақиқа ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавси супориданд”, – омадааст дар хабари КФҲ.

Гуфта мешавад, ки шахсияти ин мард то ҳол маълум нест.

Ба ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик 24 шикоят аз шиканҷаву бадрафторӣ расидааст

Эътилофи гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2021 аз 24 нафар дар бораи бадрафторӣ ва ё шиканҷа ба онҳову хешовандонашон шикоят гирифтаанд.

Дар як иттилоияи Эътилоф ба зидди шиканҷа, ки рӯзи 30-уми март нашр шуд, омадааст, аз миёни 24 шикояте гирифтаанд, 5 нафари онҳо занон ҳастанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, шиканҷаву бадрафторӣ ҳангоми боздошти муттаҳамон ба ҷиноят ва тафтиши парванда сурат мегирад ва “латукӯб, ба барқ мондан муттаҳам ва ё узви оилаи онҳо, тарсонидан” аз шеваҳоест, ки муфаттишони тоҷик барои ҳосил кардани эътироф ба кор мебаранд.

Дар иттилоия ҳамчунин омадааст, ки ҷабрдидагони шиканҷа аз 22 то 60 сола будаанд ва аксарияти онҳо аз рафтори ғайриқонунии кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон шикоят кардаанд. Аз миёни 24 шикоят аз шиканҷаву бадрафторӣ, 21 шикоят аз рафтори кормандони вазорати мазкур будааст.

Эътилоф ба зидди шиканҷа, ки дар гузашта аз ҳуқуқи ҷабрдидагон ва ё хешовандони қурбониёни шиканҷа ҳимоят кардааст, бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои решакан кардани бадрафториву шиканҷа аз байни кормандони мақомоти интизомӣ, ҳукумат бояд тамоми шикояту муроҷиати шаҳрвандон дар бораи рафтори ғайриқонунии он кормандонро сабт кунад. Барои тафтиши рафтори ғайриқонунии мақомоти интизомӣ чора биандешад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида, ҷазои сазовор бидиҳад, ба ҷабрдидагони шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ ҷуброн бипардозад.

Русия ба нахустин дипломати ҳукумати Толибон расман иҷозаи кор додааст

Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Русия дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Маскав ба аввалин дипломати ҳукумати Толибон аккредитатсия дод. Ин нишаст, имрӯз 31-уми март дар шаҳри Тунси Чин баргузор шуд ва дар он ҳайатҳои Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия иштирок карданд.

Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфтааст, Максва ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия додааст. Ӯ гуфтааст, “мехоҳам қайд намоям, ки нахустин дипломати афғон, ки моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати нав фиристода ва вориди Маскав шуда буд, дар вазорати мо аккредитатсия гирифт”.

Сергей Лавров изҳор доштааст, ки бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.

“Дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар мерасад. Дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон талошҳо ба харҷ дода мешаванд. Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст. Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон  мусоидат мекунанд”,- гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия

Гуфта мешавад меҳвари нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯз дар шаҳри Тунси Чин доир шуд ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳайати Тоҷикистон, зери роҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин нишаст ширкат мекунад. Дар назар аст дар ин нишаст  ҳайатҳои кишварҳои  Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия суханронӣ кунанд.

Номаи домоду арӯсе, ки ҷасади овехтаашонро ёфтанд.

Дар вилояти Хатлон марги зану шавҳари ҷавонеро таҳқиқ доранд, ки ҷасади овезони онҳоро баъд аз се рӯзи тӯй ёфтаанд. Ҳодиса шаби 27-уми марти имсол дар деҳаи Якатути ноҳияи Вахш рӯй додааст. Пайвандонашон ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид доранд. Дар Додситонии ноҳия гуфтанд, таҳқиқ ҷараён дорад, аммо парванда боз нашудааст.

Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола, ки барои расидан ба синни балоғат чанд моҳаш монда буд, рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карданд. Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандонашонро дар мотам нишондааст.

Сафархуҷа Зиёев, бародари Шарифбек, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳоро аз оғили канори ҳавлиашон ёфтанд. “Ҳамон субҳ аз хонаи домоду арӯс ҳеч садо набаромад. Фикр кардем, ки хобидаанд. Дертар ҷасадро овезон ёфтем,” – нақл кард ӯ.

Пайвандони арӯсу домод мегӯянд, аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки зоҳиран қабл аз марг навишта шудааст. Дар ҳоле ки додситонӣ номаро барои ташхиси хатшиносӣ фиристодааст, Маҳмадзоҳир Шоев, падари арӯс, мегӯяд, духтараш дуруст мактаб нахонда буд ва нома навишта наметавонист.

Шоев гуфт, нусхаи номаро дар Додситонӣ дид ва дар он ҷуфти ҷавон аз пайвандон маъзарат хоста, вале сабабашро шарҳ надодаанд. “Дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем”. Навиштаанд, мо бо хоҳиши худамон худкушӣ мекунем. Хешони домод гуфтанд, ҳусни хат ба навиштаҳои Шарифбек Зиёев монанд аст,” — гуфт ӯ.

Падари Гулҳавас Шоева афзуд, баъди ду рӯзи тӯй ба хонаи домод даъват шуда буданд ва “ҳама хурсанд ба назар мерасиданд”. “Домод ҳатто барои тарбияи хуби духтар ба мо ташаккур гуфта буд,” – ба ёд овард ӯ.