Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:1704.05.2023
Назирзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун” оид ба қабули Кодекси нави андози Тоҷикистон маълумот дод.
Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки ҳадафаи аслии он, ҷалби сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини устувори воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар буҷети давлатӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии мамлакат ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар тавассути ташкили фазои муносиб барои мақсадҳои андозбандӣ ва ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ аст.
Номбурда дар идома аз тағйироти асосие, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, ба таври мушаххас маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, кам намудани шумора андоз, меъёри андозҳо ва такмили имтиёзҳои андозӣ аз тағйироти ҷиддии кодекси нав ба ҳисоб меравад.

Назирзода илова кард, ки дар натиҷаи дар амал татбиқ намудани Барномаи ислоҳоти андоз барои давраҳои 2011-2019 дар кишвар 75 намуди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ карда, 28 ширкати интернетии хориҷӣ ихтиёран дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Соли гузашта аз ҳисоби онҳо, зиёд аз 3,4 млн сомонӣ ба буҷети кишвар андоз пардохт карда шуд.
Номбурда иттилоъ дод, ки ҳоло дар кишвар 340 ҳазору 115 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 32 ҳазору 460 шахси ҳуқуқӣ, 307 ҳазору 258 соҳибкори инфиродӣ ва 379 намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд.
Назирзода дар идома оид ба давраи дуввуми татбиқи ислоҳоти андоз ва бахшҳое, ки зимни татбиқи он бартарият дода мешавад, маълумот дод.
Аз ҷумла, гуфт, ин навбат ба рушди маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, рушди системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои қоғазӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти мақомоти андоз ва баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупорандагон афзалият дода мешавад.
Читайте также
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
5 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
2 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
6 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
6 дня назад