Кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи худро атрофи масъалаи Чину Тайван изҳор карданд. Тоҷикистон ҷонибдори Чин аст.

Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи худро оид ба масъалаи Чину Тайван эълон кард ва изҳор дошт, ки ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад.

Тайи ду рӯзи ахир алакай чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба боздиди баҳсбарангези сеюм мақомдори расмии ИМА ба Тайван аз Чин пуштибонии худро баён кардаанд.

Чӣ шуд?

Рӯзи 2 август раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван рафт, “то, бифаҳмонад, ки Вашингтон аз ӯҳдадории худ барои пуштибонӣ аз ҷазира даст намекашад”.

Дарҳол пас аз фуруд омадани Нэнси Пелоси ба Тайван, дастаи ӯ як изҳороти расмӣ нашр кард. Дар он гуфта мешавад: «Ин сафар аз саъю кушиши бемайлони Америка дар бобати дастгирй намудани демократияи пурҷушу хуруши Тайван шаходат медихад… Якдилии Америка бо халки 23 миллионнафарии Тайван имрӯз аз ҳарвакта дида муҳимтар аст, зеро ҷаҳон бо интихоби байни худкома ва демократия дучор меояд».

Пас аз ин Пекин ин амалро маҳкум намуда, эътироз баён кард ва гуфт, ки ин принсипи “Чини ягона”  ва баённомаҳои Чину Амрикоро дағалона вайрон мекунад. Чин аз ИМА хост, ки бо картаи Тайван барои назорат кардани Чин бозӣ накунад.

Киҳо Чинро дастгирӣ карданд?

Пас аз ду рӯзи воқеа кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдории худро ба Чин баён намуданд.

Қирғизистон

Тавре хабаргузории 24.kg менависад, ин кишвар изҳор дошт, ки сиёсати «Чини ягона»-ро дастгирӣ мекунад.

Қирғизистон таҳаввулоти атрофи Тайванро бодиққат пайгирӣ карда, умедвори ҳарчи зудтар ба хубӣ анҷомидани ин вазъият аст. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ додааст.

“Ҷумҳурии Қирғизистон бетағйир будани мавқеъи худро дар мавриди “масъалаи Тайван” ва пуштибонӣ аз сиёсати “Чини ягона”, ки дар ҳама санадҳои бунёдии Қирғизистону Чин баён шудааст, тасдиқ мекунад”, – таъкид кардааст вазорати умури хориҷаи.

Тоҷикистон

Имрӯз 4 – уми август Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ мавқеъи худро атрофи ин масъала изҳор намуд ва гуфт, ки ниҳ ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” аст. Ҳамчунин илова намуд, ки мавқеаш нисбат ба Тайван бетағйир хоҳад монд.

“Вазорат таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем», – омадааст дар изҳороти ВКХ – и Тоҷикистон.

Қазоқистон

Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар робита ба мавқеъи Қазоқистон дар бораи вазъи атрофи Тайван изҳори назар кард.

С”Қазоқистон аз принсипи “Чини ягона” пуштибонӣ мекунад ва Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Чин медонад”, гуфтааст, Айбек Смадияров.

Вай таъкид кард, ки Қазоқистон ҷонибдори риояи меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, аз ҷумла дар ин масъала ба қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1971 риоя мекунад.

Ӯзбекистон

Ҳукумати ин кишвар, низ эълон кард, ки аз сиёсати “Чини ягона” пуштибонӣ мекунад.

“Дар робита ба вазъ дар атрофи Тайван, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҳарчӣ зудтар анҷом ёфтани масъала изҳори умедворӣ мекунад. Ӯзбекистон мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, пайваста аз сиёсати “Чини ягона”, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар пуштибонӣ мекунад. кишвар», – гуфта мешавад дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Skip to toolbar