Сар аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад. Оиди он, ки киҳо метавонанд, соҳиби раводиди муҳоҷиратии ин кишвар шаванд, дар маводи мо бихонед.
“Дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, мо қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунем”, – менависад, сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд.
Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар шаҳри Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд. Дар давоми шаш моҳи оянда сафорат дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алмато, гузариши осонро ба аризадиҳандагон таъмин менамояд.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистон, танҳо раводиди ғайримуҳоҷиратиро аз сафорати ИМА дар Душанбе дастрас карда метавонистанд ва барои гирифтани визаи муҳоҷирати онҳоро лозим буд, ки ба Консулгарии генералии ИМА дар Қазоқистон муроҷиат кунанд.
Оё ҳама тоҷикистониён метавонанд визаи муҳоҷиратии ИМА – ро ба даст биёранд ?
Визаи муҳоҷиратии ИМА ба шахс имкон медиҳад, ки доимӣ дар ин кишвар зиндагӣ кунад. Аммо онро на ҳама ба даст оварда метавонанд. Нафароне, ки дар никоҳи расмии шаҳрванди ИМА қарор доранд, яъне шавҳар ё ҳамсарашон шаҳрвандии ИМА – ро гирифтаанд.Нафароне, ки ягон аъзои оилаашон дар ИМА қарор дорад бо роҳи муттаҳидсозии оила ва нафароне, ки шаҳрвандиашонро дар ИМА барқарор карданианд, метавонанд барои дарёфти раводиди муҳоҷиратии ИМА дархост бидиҳанд.
Агар амакбачаи ман дар ИМА бошад метавонам бо роҳи муттаҳидсозии оила раводид бигирам?
Тибқи қонунгузории мавҷуда, муҳоҷирати оилавӣ метавонад маҳдуд ва бемаҳдуд бошад.
Ба категорияи шахсоне, ки метаовнанд муҳоҷирати оилавии бемаҳдудро соҳиб шаванд, ҳамсарони шаҳрвандони Амрико, фарзандони онҳо, ки ба синни балоғат нарасидаанд ва издивоҷ накардаанд, инчунин волидони нафароне, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд дохил мешаванд.
Категорияи муҳоҷирати маҳдуд дар соли 2022 инҳоро дар бар мегирад:
Фарзандони шаҳрвандони Амрико, ки издивоҷ накардаанд (ҳар сол 23,4 ҳазор раводид дода мешавад).
Ҳамсари шаҳрвандон ва сокинон (солона 114,2 ҳазор раводид дода мешавад).
Фарзандони ноболиғи шаҳрвандон ва сокинон.
Фарзандони болиғи шаҳрвандон ва резидентҳое, ки дар ақди никоҳ нестанд (тибқи қонун шахсони аз 21-сола боло калонсолон ҳисобида мешаванд).
Фарзандони шаҳрвандони Амрико, ки издивоҷ кардаанд (раводиди F3 дода мешавад).
Зан ва фарзандони субъектҳои Иёлоти Муттаҳида.
Хоҳару бародарони шаҳрвандони Амрико (ҳар сол 65 ҳазор раводид дода мешавад).
Кӯдакон ва ҳамсарони бародарони шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида.
Аммо муддатити миёнаи барои муттаҳидкунии оила барои бародарон ва хоҳарон аз 10 то 12 сол, муҳлатҳои тахминии муттаҳид кардани шаҳрвандони амрикоӣ бо фарзандони калонсоли онҳо аз 4 то 6 сола ва аз шахсоне, ки ба унвони “хешовандони наздик” (волидони шаҳрвандони Амрико ва фарзандони ноболиғи онҳо) тасниф шудаанд, 12 моҳ тӯл мекашад.
Агар шахс дар Амрико ягон хеши наздик надошта бошад чӣ гуна метавонад ба ин кишвар биравад?
Ба ғайр аз раводиди муҳоҷиратӣ Амрико боз ба шаҳрвандони Тоҷикистон раводидҳои сайёҳӣ, донишҷӯӣ, корӣ, меҳмонӣ ва тиҷоратӣ медиҳад, аммо барои муҳлати муаян, ки пас аз анҷоми он шахс бояд ин кишварро тарк кунад, вале метавонад, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар бимонад.
Ҳамчунин ҳамасола ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконияти иштирок дар барномаи лотореяи “Грин карт” дода мешавад, ки тибқи он ба шахси бурдкарда визаи муҳоҷиратӣ дода мешавад. Маълумоти бештар оиди чӣ гуна пур кардани дархост барои бурди лотореяи “Грин карт” – ро метавонед ин ҷо бигиред.
Дар кадо ҳолатҳо консулгарӣ аз додани виза даст мекашад?
Мумкин аст, ки раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон рад шавад.
Яке аз сабабҳои асосие, ки метавонанд ба гирифтани виза монеъ шаванд инҳо мебошанд: миқдори нокифояи ҳуҷҷатҳо ва далелҳо, ки ҳадафи сафарро дақиқ шарҳ медиҳанд; консул 100 фоиз ба зарурати сафар аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда боварӣ надошта бошад.
Рад кардани раводид маънои онро надорад, ки шумо дубора барои раводид муроҷиат карда наметавонед. Барои ин, шумо бояд тамоми бастаи ҳуҷҷатҳоро дубора ҷамъ кунед, боҷи консулиро пардохт кунед ва пас аз радкунӣ бори дигар кӯшиш кунед, ки раводид ба Иёлоти Муттаҳида гиред.