Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:4526.04.2023
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ аз нобуд ва беяроқ кардани ду аъзои ташкилоти террористӣ, ки субҳи имрӯз, 26-уми апрел аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани амали террористӣ гузаштанд, изҳорот дод.
Субҳи 26 апрел дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар медиҳад.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар изҳороти КДАМ.
Манбаъ нагуфтааст, ки онҳо аъзоёни кадом ташкилоти байналмилалии террористӣ ва шаҳрвандони кадом кишваранд.
Танҳо ишора шудааст, ки “нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад”.
Ба иттилои ин ниҳод, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
16 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад