Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
КДАМ ҶТ: "Сарбозони қирғиз хонаҳои сокинони осоишта ва иншооти ёрирасонро оташ заданд"
Дата публикации: 11:0816.09.2022
Дар робита ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзии имрӯза байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҷониби Тоҷикистон ду маротиба - соатҳои 06:30 ва 07:30 иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ карда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод намуд, вале сарбозони Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд.
Дар ин бора Неруҳои марзбонии Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ба ҳолати соати 10:00-и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматиро таҳти гулӯлаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.
Онҳо гуфтанд, сарбозони қирғиз дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.
“Айни замон, талошҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд”, - гуфта мешавад, дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод.
1028 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад