КДАМ–и Тоҷикистон ҳодисаҳои ахири дар марз бо Қирғизистонро “амалҳои иғвоангезона” хонд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи "Настоящее время"

Сокини Душанбе дар 40 ҳолати дуздӣ аз мошинҳо муттаҳам дониста мешавад

Милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар 40 ҳолати дуздӣ сокини 21-солаи пойтахт Умед Каримовро боздошт намуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Каримов дар содир намудани зиёда аз 40 ҳолати ҷинояти дуздӣ аз автомашинаҳо гумонбар дониста мешавад. Маблағи зиёни расида ба соҳибони автомашинаҳо аз 1 ҳазор сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси зиёд шудани шумори муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи шикастани оинаҳои автомашинаҳо бо мақсади дуздӣ кормандони милитсия як силсила амалиёт роҳандозӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Каримов сокини кӯчаи Маяковскии пойтахт буда, қаблан ҳам барои дуздӣ маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ӯ шабона ба “шикор” мебаромадааст. Ӯ асосан шишаҳои паҳлуи автомашинаҳоро шикаста, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.

“Тавре маълум шуд, танҳо дар як шаб дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино боздоштшуда шишаҳои паҳлӯи дари 8 мошинро шикаста, ба моликони онҳо зарари моддӣ расонидааст. Чунончи, аз автомашинаи тамғаи «Хундай», ки ба як нафар сокини пойтахт тааллуқ дорад ва дар назди бинои истиқоматиаш меистод, оинаи қисмати чапашро шикаста аз дохилаш 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағи нақдро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”, – зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи “244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

КДАМ – и Тоҷикистон ҳодисаҳои ахири дар марз бо Қирғизистонро “амалҳои иғвоангезона” хонд

Тоҷикистон марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистонро дар “амалҳои иғвоангезона” муттаҳам кардааст.

Дар як изҳороти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки 24-уми декабр дар вебсайти сомонаи расмии “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки “вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд”.

Дар ин изҳорот аз се ҳодисае ёдоварӣ шудааст, ки рӯзи гузашта 22-юми декабр дар ду нақтаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст. Ҷониби Қирғизистон то ҳол танҳо аз рӯи як ҳодисаи тирпаронӣ дар марз изҳороте дода онро садои “хлопушка” номидааст.

Дар хабари расмии Тоҷикистон аз як ҳодисаи талоши убури марз кардани чор марзбони Қирғизистон хабар дода шудааст. Аз ҷумла, дар тафсилоти ин хабар омадаст, ки нирӯҳои сарҳадии КДАМ рӯзи 22-юми декабр дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон мошини тамғаи «Опел»-ро нигоҳ доштанд, ки рақами давлатии Қирғизистонро дошт.

Ба навиштаи мақомоти тоҷик, дар дохили мошин чор “марзбони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд. Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд”.

Ҳодисаи дуюме, ки дар изҳороти КДАМ ёд шудааст, дар қисмати дигари марзи ду кишвар рух додааст. Ба навиштаи мақомоти тоҷик, дар шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Қирғизистон сабт шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯнд, ки ин мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Мақомот гуфтанд, ронандаву мошинаш баъди талоши беэътиноӣ ба талаби марзбонони тоҷик барои манъ кардани мошин ва талоши “пахш” кардани марзбони тоҷик “бо суръати баланд” боздошт шуд.

Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст ахиран консули сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав боздид кард ва бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар он муассиса ошно шуд.

Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафорат иттилоъ додааст, ки дар рафти вохурӣ маълум гардидааст, ки ҳоло дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.

Лигаи футболи Тоҷикистон ҷоизадорони имсоларо эълон кард

Имрӯз дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар лигаи олӣ ва якум, инчунин мусобиқа байни ҷавонон (дастаҳои дуюм) беҳтаринҳо муайян шуданд.

Ҳамчунин нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ ва якум ба мукофотҳои худ соҳиб шуданд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо се нафар довталабон буданд.

Мувофиқи овоздиҳии Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозигарони зерин ба ҷоизаҳои инфиродии мавсими футболи соли 2021 сазовор дониста шуданд:

Бозингари беҳтарини Лигаи якум

Далер Шарипов («Пахтакор»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи якум

Абдуфаттоҳ Худойдодзода («Локомотив-Помир»);

Мураббии беҳтарини Лигаи якум

Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»);

Бозингари беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»);

Мураббии беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»);

Довари беҳтарин

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Дарвозабони беҳтарин

Рахат Ҷапаров (КМВА, ЦСКА);

Ҳимоятгари беҳтарин

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»\»Персеполис»);

Нимҳимоятгари беҳтарин

Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА);

Ҳамлагари беҳтарин

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»);

Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистон

Артём Сердюк («Хуҷанд»);

Мураббии беҳтарин

Виталий Левченко («Истиқлол»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи олӣ

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Рӯзи шанбе, 25 декабр дар маҷмааи “Кохи Парфенон” дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин маросим ғолибон дар панҷ номинатсия – чеҳраи умедбахши Лигаи наврасон, футзалисти беҳтарин, футболбоззани беҳтарин, бозингари беҳтарини Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад ва футболбози беҳтарини сол эълон мешаванд.