Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0913.05.2022
13 майи соли 2022 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар саҳифаи расмиаш хабар дод, ки дар шаҳри Сулуктуи вилояти Бодканд 11 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва фаъолияти ғайриқонунӣ дастгир намудаанд.
Тавре ин ниҳод менависад, кормандони кумитаи амният дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар бар мавриди роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ маълумот гирифтанд, ки дар яке аз анборҳои ангишти шаҳри Сулукту як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ кор мекунанд.
Кормандони амният, рӯзи 29 апрел дар ин анбор 11 сокини деҳаи Қӯрғогнчаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғдро дастгир карданд.
КДАМ - и Қирғизистон ин 11 нафарро дар боздоштгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон кишвар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Ба бар асоси ин модда ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 1 то 3 сол ва ё то 2 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Сулукту бо ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсарҳад буда, яке аз марказҳои бузургтарини истеҳсоли ангишт дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
1135 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад