КДАМ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегирад

Воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ зери назорати ҷиддӣ гирифта мешавад. Дар ин бора Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод.

Кумита сабаби ин иқдомро “талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ барои убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон” шарҳ додааст.

Гуфта мешавад, чораҳои амниятӣ барои ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда мешавад.

“Мувофиқи моддаи 19-уми Қонун “Дар бораи сарҳади давлатӣ”,  ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ аст”,- гуфта мешавад дар хабар.

Дигар шахсон танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва сафар ба хати сарҳад иҷозат дода мешаванд, меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади зери назорати қатъӣ қарор дода мешавад.

Вобаста ба ин Кумита аз тамоми шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони нияти сафар дошта ё дар Тоҷикистон қарордошта даъват мекунад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

“Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад”,- шарҳ медиҳад КДАМ.

Skip to toolbar