Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5517.04.2026
Шаби 17-уми апрели соли 2026 дар марз бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пешгирӣ гардид. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соати 00:50-и шаби гузашта се қочоқбар аз Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархор ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёти мақомоти амниятӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ масири ҳаракати онҳо муайян карда шуда, қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ шудааст.
“Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор кард”, - омадааст дар баёнияи КДАМ.
Ҳамчунин, КДАМ гуфтааст, ки аз ҷои ҳодиса 2 адад силоҳи оташфишони автоматӣ, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Манбаъ илова кардааст, ки ин маводи мухаддир навъи ҳашиш ва 25 кг будааст.
Дар робита ба ин қазия мақомот бо моддаҳои 195 қисми 2, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтиши ҳодиса идома доштааст. Мақомот мегӯянд, вазъ дар марзи давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.
159 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
11 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад