Касби қадимаву камёб. Асрори лӯхтакҳои дастисохти ҳунарманди тоҷик

Бобоҷон Сатторов дар тӯли тарҷрибаи кории 20 солаи худ дар Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе зиёда аз 500 лӯхтак сохтааст. Ӯ дар лӯхтаксозӣ аз ашёи нолозим истифода мебарад. Лӯхтаки бузуртарини сохтааш 5 метр қад дорад ва барои он 25 метр матоъ сарф кардааст.

Бобоҷон дар суҳбат ба муаллифи Your.tj гуфт, чӣ тавр то ҳол ин касби қадима ва имрӯз камёбро идома медиҳад.

Аз ҳунарманди театр ба ҳунари лӯхтаксозӣ

Ӯ дар аввал мехост ҳунарманд шавад. Замоне ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо таҳсил мекард, як ҳайат аз Театри лӯхтаки Душанбе ба синфхонаи онҳо меояд ва таваҷҷуҳаш ба ин театр ҷалб мешавад.

Дар ибтидо қаҳрамони мо барои тамошои намоишномаҳои театрӣ мерафт. Зеро, дар факултети театр ва кино таҳсил мекард.

“Вақте ки донишкадаро хатм кардам, ба театр ҳамчун ҳунарманд омадам. Дар аввал дар намоишномаҳо нақш меофаридам. Баъдтар дидам, ки маҳорати хуби ҳунармандӣ надорам, хостам худро дар лӯхтаксозӣ имтиҳон намоям. Аз соли 2005 инҷониб ман ба лӯхтаксозӣ машғул ҳастам”,- нақл кард Бобоҷон.

Ӯ дар лӯхтаксозӣ аз ашёи нолозим истифода мебарад. Лӯхтаки бузуртарини сохтааш 5 метр қад дорад ва дар он 25 метр матоъ сарф шудаст.

Бобоҷон мегӯяд, барои сохтани ҳар лӯхтак вобаста ба шакли он вақт сарф мешавад. Ҳастанд лӯхтакҳое, ки ба сохтани онҳо ду ё се соат вақт меравад. Вале барои сохтани баъзе аз онҳо ҳафтаҳо ё моҳҳо сарф мешавад.

Дар муддати фаъолият Бобоҷон ба ин ҳунар чунон меҳр бастааст, ки лӯхтакҳои шабеҳи ҳунармандони театрро ҳам месозад. Дар театр се навъ лӯхтак истифода мебаранд, ки ӯ аз ӯҳдаи омода кардани ҳамаи онҳо мебарояд.

“Вақте ки намоишномаро рӯи саҳна мегузоранд, саррассом ва коргардони намоишнома  ба ман муроҷиат мекунанд ва вобаста ба дархости онҳо лӯхтакро омода мекунам. Лӯхтакҳо дар се шакл “марионетка”, “перчаточная” ва “планшетная” пешниҳод мешаванд”,- шарҳ дод ҳунарманд.

Кори камдаромад, вале шавқовар

Қаҳрамони мо то ҳол шогирд надорад. Ӯ мегӯяд, то ин вақт наздаш чандин нафарон омаданд. Вале вақте мефаҳманд, ки кори ӯ душвор аст ё маблағи калон надорад, баъди ду ё се моҳи корӣ тарки лӯхтаксозӣ мекунанд.

Бобоҷон Сатторов аспак ва пойи чӯбин низ месозад, ки дар ҷашну намошномаҳои бузург истифода мешавад. Як пойи чӯбинро давоми 10 рӯз омода мекунад.

“Танаи аспро аз ҳафт қабат қоғаз ва сарашро аз пластилин омода мекунам. Тақрибан як аспак 5 кг вазн дорад”,- нақл мекунад Бобоҷон.

Ӯ мегӯяд, барои лӯхтаксоз шудан бояд аз ӯҳдаи дӯзандагӣ ва  рассомӣ баромад. Ҳамчунин барои лӯхтаксоз донистани риёзӣ хеле зарур аст.

Ё дизайнери хуб бояд буд, то идеяи нав дар омода сохтани лӯхтакро дошта бошӣ. Камбудие, ки дар аксар шогирдонаш будааст аз надонистани ин нозукиҳо медонад.

“Кори ман бисёр диққатро талаб мекунад. Сохти чашм, мӯй ва чеҳраи лӯхтакҳо бо махсусиятҳои хосси худ сохта мешавад. Барои сохтани сари лӯхтак аз қоғаз истифода мебарам.

Онро дар ҳафт қабат коғаз бо ширеш рӯйи ҳам мегузорам. Баъд дар дохили ҳар ду қабати қоғаз  матоъ истифода мешавад. Матоъ дар сари лӯхтак нақши муҳофизро дорад, ба монанди арматур дар бинои сохтмон. Ҳоло боз як намуди дигари сохти чашми лӯхтакро омӯхтаам, ки  он кушода ва пӯшида мешавад”,- шарҳ дод кори худро Бобоҷон.

Кори оилавӣ

Қаҳрамони мо мегӯяд, лӯхтакҳои пешина аз ҳозира фарқ доранд. Онҳо гарчанде калон набошанд ҳам, вале нисбат ба намудҳои имрӯза вазнинтар буданд.

Дар аввали фаъолият Бобоҷон барои омӯзиш лӯхтакҳои пешинаро ба қисмҳо ҷудо карда, баъд аз рӯи он маҳсули нав меофарид. Ӯ мегӯяд, имрӯз дигар дасташ ба ин кор рост шуда, шаклҳои нав ба нав таҳия месозад.

Бобоҷон барои он ки  рӯзгорашро пеш барад фармоиш қабул мекунад. Ҳатто мегӯяд, барои сайёҳон сувенирҳои хурди лӯхтак омода карда, дар намошгоҳҳо ба фурӯш мегузорад.

“Вақте фармоиши калон мешуд, дар аввалҳои кор бисёр монда мешудам. Аммо ҳоло мушкил ҳал шуд, зеро ҳамсарам ба ман кӯмак мерасонад. Пеш аз издивоҷ ӯ ҳатто сӯзанро ба даст гирифта наметавонист, ҳоло бошад устоди ин корҳо шудааст”,- гуфт ӯ бо табассум.

Бобоҷон мегӯяд, ҳамсараш гоҳҳо ҷойҳои дӯхтаи ӯро қабул накарда корро аз нав худаш мекунад. Баъд аз бузург шудани фарзандонаш кор осонтар шуд. Зеро онҳо низ кӯмакрасони падар гардиданд.

Таҷрибаи камёфт

Қаҳрамони мо барои он ки сифати кораш беҳтар шавад, раванди таҷрибаомӯзиро дар чанд шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ, ба монанди шаҳри Теҳрони Эрон ва Москваи Русия гузаронидааст. Ӯ мегӯяд, таҷрибаи чандмоҳаи аз сар гузаронидааш имрӯз хеле ба кор меравад.

“Дар ноҳияи Рашт барои таҷлили як иди миллӣ 60 дарахт сохтам. Дарахтҳо бо тарзи нав сохта шуда, дар дохилашон нур доштанд. Вақте дарахтонро фаъол мекарданд, баргҳояшон бо як ранг ва танаи онҳо бо ранги дигар чароғон мешуд. Инчунин худи имсол дар Бадахшон 550 дафи бо чароғакҳо орододашуда сохтам, ки ин то ҳол чунин намунаро кам доштем”,- афзуд Бобоҷон.

Лӯхтаксозӣ аз ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик аст, ки тӯли даҳсолаҳои ахир шумори ҳунармандони ин бахш коҳиш меёбанд. Ҳоло фанновариҳои муосир рушд кардааст. Баъдан бозори онҳоро лӯхтакҳои чинӣ пур кардааст. Бо вуҷуди ин таваҷҷуҳ то ҳол нисбат ба лӯхтакҳои дастисохт аз байн нарафтааст.

С.У.

Skip to toolbar