Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:5425.07.2024
Дар робита ба марги як сарбози 19-солаи дидбонгоҳи сарҳадӣ воқеъ дар ноҳияи Фархор, дар марз бо Афғонистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Прокуратураи гарнизони ҳарбии Кӯлоб фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ, капитан Ҳисайн Дониевро барои марги сарбоз Ҳакимҷон Самадови 19-сола дастгир кардааст, менависад Радиои Озодӣ.
Дар ҳоле ки яке аз наздикони афсари боздоштшуда аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯ дар марги сарбоз ҳеч гуноҳе надорад. Ба гуфтаи ин хеши наздики афсар, ӯ аз хонаводаи камбизоат аст ва мавриди туҳмат қарор гирифтааст.
Фирӯз Раҷабзода, прокурори гарнизони ҳарбии Кӯлоб зимни шарҳи ин парванда рӯзи 23-юми июл гуфтааст: “Нисбати сардори пости сарҳадӣ капитан Ҳисайн Дониев бо моддаи 391 қисми 3-и банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне баромадан аз ҳади ваколатӣ хизмати, ки боиси марг гардидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Дониев дар ҳабс қарор дорад”.
Дар сурати исбот шудани гуноҳи капитан тибқи моддаи 391 қисми 3-и банди “а”-и КҶ (“Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият, ки боиси марги инсон шудааст”), ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, 5-уми июл сарбоз Самадов ҳангоми навбатдорӣ дар манораи дидбонӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон даст ба худкушӣ задааст.
Капитан Дониев ҳамон рӯзи худкушии сарбози тобеаш боздошт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки волидони сарбоз гуфтаанд, онҳо ба фарзияи худкушии писарашон бовар надоранд. Ба гуфтаи падари сарбоз, ба тани фарзанди ӯ ду тир зада шудааст.
Фирӯз Раҷабзода, ба хабарнигорон гуфтааст, ҳодиса холисона таҳқиқ мешавад ва афзудааст: “Тафтишоти пешакӣ вобаста ба ин ҳодиса идома дошта, боз аз натиҷаи тафитишот маълумот хоҳем дод.”
Ҳакимҷон Самадов тирамоҳи соли гузашта аз деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст. Ӯ як сол ба ин тараф то рӯзи маргаш дар ноҳияи Фархор, ҳамсарҳад бо Афғонистон хизмат мекард.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
1 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
17 дня назад