Самия Одинаева тоҷикдухтарест, ки дар шаҳри Шарҷаи АМА зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳамагӣ 12 сол дошта, бо варзиши камонварӣ машғул аст ва мехоҳад идомадиҳандаи роҳи камонварбонуи маъруф Зебунисо Рустамова бошад.
Самия моҳи октябри имсол дар мусобиқа оид ба камонварӣ, ки дар Al-Madam Culture&Sport Club-и шаҳри Шарҷа дар АМА баргузор гардид, иштирок карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Рӯзи 16 декабр бошад, дар даври финалии мусобиқаи “Ҷоми Аморат” дар байни духтарон сазовори ҷойи дуюм шуд.
Самия ба муаллифи Your.tj дар бораи муваффақияту тасмимҳои ояндааш қисса кард.
Вақте падар дастгирӣ мекунад…
Қаҳрамони мо худ зодаи Шарҷа аст. Оилаи Одинаевҳо аз соли 2009 инҷониб дар АМА зиндагӣ мекунанд, аммо ҳар сол тобистонро бо оила ва дӯстонашон дар Тоҷикистон мегузаронанд.
Самия дар оилаи варзишгарон ба дунё омадааст. Падари ӯ – Мақсуд Одинаев футболбози собиқадор аст ва айни замон ба ҳайси мушовири амволи ғайриманқул дар АМА фаъолият мебарад. Модари Самия ҳамеша орзу дошт, ки бо варзиши муборизаи тан ба тан тамрин кунад ва ин орзуяшро бо воситаи писаронаш амалӣ намудааст.
Писарони ин оила Султон ва Сомон, яъне бародарони Самия варзишгарони муҳорибаи таэквандо ITF ҳастанд. Онҳо чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба ин намуди муҳориба буда, дар мусобиқаҳои баргузорнамудаи АМА низ борҳо ғолибият ба даст овардаанд.
Падари Самия намунаи ибрат барои дигар падарони тоҷик аст, чунки на ҳамаи мардони кишварамон мехоҳанд, ки духтаронашон бо варзиш машғул шаванд. Гоҳҳо бародарон низ садди роҳи хоҳаронашон мешаванд, то ба варзиш нараванд. Чунки аз нигоҳи онҳо варзиш барои духтарон гӯё амали зишт будааст.
Дар ин бобат Мақсуд Одинаев гуфт, мехоҳад ба мақоли “ақли солим дар бадани солим” риоя намояд. Имрӯз аз тифли гаҳвора то бузургсолоне, ки як пояшон дар лаби гӯр аст, сар аз телефони мобилӣ намебардоранд, варзиш баҳонаи хубест. Зеро он одамро дар баробари саломатии ҷисмонӣ бахшидан, аз вобастагӣ ба гаҷетҳо эмин медорад.
“Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.) гуфтаанд, ки ба духтарон омӯзондани аспсаворӣ ва тирандозӣ аз фоида холӣ нест. Модарони оянда бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ солим бошанд. Ин нуктаест, ки бояд ҳар як падару модар дарк ва амал кунанд”, – омирона гуфт падари қаҳрамони мо.
Мақсуд Одинаев ният дорад, ки Самияро дар ҷодаи варзиш то охир дастгирӣ намояд. Ӯ орзу дорад духтарашро дар минбари Бозиҳои олимпӣ бо медали тилоӣ бинад.
Дар ҷустуҷӯи “ман”
Самия қабл аз камонварӣ машғули варзишҳои шиноварӣ, каратэ ва мусобиқаи роллерон буд. Пианино низ менавохт ва барномасозии компютерӣ низ меомӯхт. Ин ҳамаро ӯ ҳамчун машғулияти дӯстдошта, яъне ҳобби меҳисобид.
Ҳанӯз аз овони 8-9 солагӣ падар имкон дода буд, ки дар ҳамаи машғулиятҳои барояш ҷолиб худро бисанҷад. То дар оянда таҷрибаи комил гирифта, дар интихобҳояш иштибоҳ накунад.
Рӯзе Мақсуд чун падари меҳрубон ва роҳнамо вайро чанд маслиҳат дод. Ӯ ба Самия гуфт, ки танҳо пайи як машғулият бошад ва то охир онро идома дода, муваффақ шавад.
“Падарам пешниҳод кард, ки шояд вориди дастаи камонварӣ шавам. Ҳамон рӯзҳо ба дарси пианинонавозӣ мерафтам. Аввал дар анбӯҳи интихобҳо монда, зиёд фикр кардам, вале баъд ба як қарор омадам: Ман камонвар мешавам!”, – хотираҳои худро варақгардон мекунад ӯ.
Ҳамин тавр, Самия ба дастаи камонварии “Sharjah Women,s Sport Club” шомил шуд ва “ман” -и худро дар ин самт пайдо кард. Рӯзҳои нахустини машқи камонварӣ барои Самия хеле душвор буд ва ӯро зиёд хаста мекард. Чунки барои ҳар як наврас, ки боз ҳам ӯ духтар бошад, кашидани банди камон кори саҳл нест.
Аммо ӯ тамомии кӯшишу ғайрати худро ба кор мебурд, зеро медонист, ки қадамҳои нахустин ҳамеша душвор хоҳад буд. Самия аз якум рӯз дар клуб, ду дӯсти беҳтарини худро пайдо кард, ки Марва (аз Уммон) ва Ҳамда (аз АМА) ном доранд.
Самия чӣ тавр машқ мекунад?
Мураббиёни ӯ дар клуби камонварӣ Элина Лапсина аз Аврупо ва Зуҳро Тагаева бо Дилноза Аҳмадова аз Тоҷикистон ҳастанд. Самия ҳаракат мекард аз камонварии мураббӣ ва дугонаҳояш илҳом гирад. Инчунин роҳи муваффақияти варзишгарони маъруфро меомӯхт ва таъсиргузортарин шиорҳоро дар хотир нигоҳ медошт.
Ӯ тамошои мусобиқаҳои варзиширо меписандад. Махсусан бозии футболро дӯст медорад ва мухлиси дастаи Ал-Наср аст.
Самия қаҳрамони филми ҳуҷҷатии “Нахуст занон” (Ladies first) Дипика Кумариро барои худ идеал медонад ва аз ӯ эҳсоси мотиватсионӣ мегирад. Зеро ин бонуи ҳинд, ки қаҳрамони мустанад аст, мисли Самия аз 11 солагӣ бо камонварӣ машғул шудааст ва дар 18 солагӣ ба камонварзани №1 дар ҷаҳон табдил ёфтааст.
Айни замон Самия аз камонҳои тамғаи Vector Helix ва Onix Arrow истифода мебарад. Камони ӯ 24 фунту (10,886 кг) 66 сантиметр аст. Одатан вазн ва дарозии камону тирҳо вобаста ба синну солу қадди камонвар интихоб карда мешавад. Аммо қаҳрамони мо мегӯяд, ки ин танҳо як назария асту бас. Дар асл на ҳама метавонанд аз рӯйи синн яроқ интихоб кунад, чунки мумкин аст он барои бархе вазнин ва дароз бошад.
“Ҳангоми тирандозӣ варзишгар бояд аввал хуб нафас кашад, сипас диққаташро ҷамъ карда ба нишон гирад ва баъд дилпур бошад, ки тираш хато намехӯрад ва бо ҳамин боварӣ тирро ҳаво диҳад. Дар бештарин ҳолатҳо аз чунин тарзи ҳаводиҳӣ тир ба нишон мерасад”, – тавсиа медиҳад камонвардухтар.
Ӯ аз рӯзи якшанбе то панҷшанбе зери назорати мураббиён 2 соат машқи тирандозӣ мекунад. Тӯли 1 соат ҳадди ақал 36 тир ба нишон мепаронад. Одатан тирпаронии ӯ аз 18 метр дурӣ сурат мегирад. Лекин Самия мехоҳад аз масофаи боз ҳам дуртар ин корро анҷом диҳад, то зудтар барои рақобатҳои бузурги байналмилалӣ омода бошад.
Самия ният дорад то охир самти худро идома дода, рекорди дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамоваро дар таърих аз нав сабт намояд.
Нодира Собирзод